РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

   Дар шароити ҷаҳонишавӣ, таъмини рушди устувори иқтисоди дилхоҳ кишвар аз шароитҳо ва омилҳои гуногуни иҷтимоӣ-иқтисодӣ вобаста мебошад. Таҷрибаи хоҷагии ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад, ки аксар давлатҳои дар самти сайёҳӣ муваффақ, тавонистаанд ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ ва ҳам аз нигоҳи муаррифии таъриху фарҳанги хеш комёб гарданд.
   Дарвоқеъ, соҳаи сайёҳӣ яке аз бахшҳои муҳимми иқтисод маҳсуб ёфта, ба туфайли рушди он метавон ташаккули маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, фаъолнокии тавозуни савдои берунӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмуъ рушди иқтисоди кишварро таъмин намуд. Рушди сайёҳиро бе бунёди шароити муносиб ҷиҳати беҳдошти сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат, бахусус тавассути таъмини рушди инфрасохтори фароғат ва сайёҳӣ наметавон тасаввур намуд.
   Мавриди зикр аст, ки дар партави сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат тадриҷан рушд ёфта, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Пешвои муаззами миллат соҳаи сайёҳиро ҳамчун самти афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ намуда, барои пешрафти он ҳамаҷониба мусоидат намуда истодаанд.
    Масъалаи рушди соҳаи сайёҳӣ аз солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, соли 1992 масъалаи танзими соҳаи сайёҳӣ ба зиммаи Вазорати ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994 бар души Ширкати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сайёҳӣ “Тоҷиктуризм” ва аз соли 1997 ба зиммаи Ширкати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сайёҳӣ “Сайёҳ” вогузор гардида буд.
    Бояд иброз намуд, солҳои минбаъда барномаҳои рушди минтақаҳои сайёҳӣ, ба монанди “Барномаи тадбирҳои афзалиятнок оид ба рушди сайеҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1997-1998”, Барномаи рушди минтақаи Варзоб соли 1999 ва 2000-2010, Барномаи рушди дараи Ромит соли 2000, Барномаи комплексии рушди ноҳияи Балҷувон барои солҳои 2002-2012 ҳамчун минтақаи сайёҳии байналмилалӣ, инчунин як қатор барномаҳои рушди минтақаҳои алоҳида ва мамнуъгоҳҳо қабул ва иҷро гардиданд ва имрӯзҳо ба василаи татбиқи онҳо шоҳиди рушди бемайлони соҳаи сайёҳӣ гардида истодаем.
   Боиси зикр аст, ки соли 2006 танзими соҳаи сайёҳӣ ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вогузор гардида, соли 2017 ниҳоди мустақил – Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
    Дар баробари ин, бо ташаббусҳои бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ як қатор стратегияву консепсияҳо ва қонуну барномаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи туризм”, “Барномаи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон барои солҳои 2004-2009”, “Консепсияи миллии рушди туризм барои солҳои 2009-2019”, “Барномаи давлатии рушди туризм барои солҳои 2010-2014”, “Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017”, “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2018-2020”, “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва дигар барномаҳои муҳимми давлатӣ қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд, ки дар рушди соҳаи сайёҳии кишвар заминаи мусоид гузошта истодаанд.
   Пешвои маҳбуб ва маорифпарвари мо ба масъалаи омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба хотири тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ ризоияти худро ҷиҳати табдили Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доданд.
   Ҳамин тавр, бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар, бахусус таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022 мақоми байналмилалиро соҳиб гардида, ба Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” табдили ном кард.
    Омӯзгорону кормандонии донишгоҳ аз чунин ташаббусҳои наҷиби Пешвои миллат боз ҳам рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси риштаи сайёҳӣ, инчунин дар чорабиниҳои марбут ба соҳаи сайёҳӣ ширкат варзида, бо ин васила дар пешрафти соҳаи сайёҳӣ ҳиссаи арзишманди хешро гузошта истодаанд.
Сайёҳӣ дар тамоми ҷаҳон ба ҳайси соҳаи афзалиятноки рушди иқтисод шинохта гардида, ҳамчун раванди мураккаб ҷавҳари асосии онро илм, фарҳанг, таҳсилот ташкил медиҳад. Даромад аз соҳаи сайёҳӣ дар бархе аз давлатҳо муайянкунандаи асосии иқтисодиёт маҳсуб меёбад.
    Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар соли 2023 ба сайёҳии байналмилалӣ 1,3 млрд. нафар сафарбар гардида, даромад аз он дар ҷаҳон ба 1,4 триллион доллари ИМА баробар гардид, ки 95%-и соли 2019-ро ташкил медиҳад, яъне ба давраи пешазбуҳронии COVID-2019 қариб баробар гардид.
    Дар ин росто, мутобиқи арзёбии Созмони умумиҷаҳонии сайеҳӣ, аз ҳисоби соҳаи сайёҳӣ дар соли 2018 дар ҷаҳон 319 миллион ҷойҳои нави корӣ ташкил гардида, 8,8 триллион доллари ИМА ба маблағгузории инфрасохтори сайёҳӣ равона гардидааст.
   Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида истодаанд ва дар боло иброз намудем, боиси ташкили ҷойҳои кори холӣ гардида, барои пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар заминаҳои мусоидро фароҳам оварда истодаанд.
   Мутобиқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии СММ (UN WTO) даромади баландтарин аз сайёҳии байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳон соли 2023 дар Аврупо ба 660 миллиард доллар расид, ки ин нисбат ба соли 2019 дар ифодаи воқеӣ 7% зиёд аст ва дар Шарқи наздик даромади мазкур 33% афзуд. Тибқи арзёбии мазкур ИМА дар соли 2023 96% даромади пеш аз зуҳуроти пандемияро дар бахши мазкур барқарор намуд.
    Дар ин давра, як қатор кишварҳои дунё, ки аз ҳисоби соҳаи сайёҳӣ, ҳиссаи ММД-и худро зиёда аз 50% инкишоф додаанд (Вирҷинияи Исландия (90%), Аруба (87%), Малдиви (75%), Антигуа ва Барбуда (50%)) аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди соҳаи мазкур боиси пешрафти иқтисодии ин давлатҳо маҳсуб меёбад.
  Маврид ба зикр аст, ки бо дарназардошти муҳиммияти рушди соҳаи сайёҳӣ барои иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат, бо мақсади рушди устувори соҳа ва ворид шудани соҳаи сайёҳии кишвар ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 ноябри соли 2007 аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун узви комилҳуқуқи ин созмони бонуфуз пазируфта шуд.
   Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳамчун соҳаи афзалиятноки иқтисоди миллӣ эътироф гардида, дар ин самт чорабиниҳои зиёде амалӣ гардида истодаанд, ки барои рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла бунёди инфрасохтори зарурӣ барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ, рушди сайёҳии истироҳатию табобатӣ, ҷалби сармоягузориҳо, грантҳо ва татбиқи барномаҳои сармоягузории давлатӣ, муаррифии бештари кишвар дар арсаи байналмилалӣ, пайдо намудани мавқеи устувор дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ, таъсиси шароитҳои мутобиқ ба талаботи сайёҳони хориҷӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ, зиёд намудани теъдоди ширкатҳои сайёҳӣ ва аз ин ҳисоб зиёд намудани ҷойҳои кории холӣ нигаронида шудаанд.
    Бояд иброз намуд, ки воридшавии сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 нисбат ба соли 2010 840 ҳазор нафар ва ё худ 6,3 маротиба зиёд гардидааст.
    Бо шарофати тадбирҳои созандаи Ҳукумати мамлакат теъдоди сайёҳон ба кишвар зиёд мегарданд. Мавриди зикр аст, ки дар семоҳаи якуми соли 2024 шумораи сайёҳон ба 265,1 ҳазор нафар расид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 71046,8 ҳазор нафар ё 26,8 фоиз афзоиш ёфтааст.Тибқи маълумотҳо, ташрифи сайёҳон ба давлати мо аз 127 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст, ки ба қатори панҷгонаи беҳтарин аз ҷиҳати теъдоди воридшавии шумораи сайёҳон, Ӯзбекистон – бо 205,1 ҳазор нафар (ё 77,4% зиёд), Россия – бо 31,9 ҳазор нафар (ё 12,0% зиёд), Қазоқистон – 7,1 ҳазор нафар (ё 2,7 % зиёд), Чин – 2,8 ҳазор нафар (ё 1,1 % зиёд) ва Туркия 2,5 ҳазор нафар (ё 0,9 % зиёд) шомил гардиданд.
   Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати мамлакат чунин ташаббусҳои созандаи хешро идома дода, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат, инчунин бунёди инфрасохтори таҳсилотӣ барои омодасозии кадрҳои баландихтисос тадбирҳои судмандро амалӣ намуда истодааст.
   Ҳамчунин бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, бо шуғл фаро гирифтани ҳар як аъзои аҳолии мамлакат бо роҳи ташкили касбомӯзӣ ва ҷалби онҳо ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ, корҳои хонагӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайраҳо тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ шуда истодаанд. Албатта, ба чунин ҳадафҳои созанда дар натиҷаи меҳнати софдилона, азми қавӣ ва муттаҳидии мо мардуми шарафманди тоҷик шарафёб гардидан мумкин аст.
   Дар навбати худ, моро зарур аст, ки ба хотири садоқат ба заҳматҳои содиқонаи Пешвои муаззами миллат, арҷгузорӣ ба сулҳу субот, оромии вазъи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мамлакат ба он саъй менамоем, ки чунин заҳматҳо ва ташаббусҳои созандаро дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ бо дарки ҳисси баланди ватандӯстӣ қадр намоем ва барои гулгулшукуфоӣ ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистони азизу маҳбубамон кӯшишу талош намоем.
АСРОРЗОДА УБАЙДУЛЛО САТТОР
д.и.и., профессор, ректори Донишгоҳи
байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *