РУШДИ СОҲИБКОРИИ РАҚАМӢ ВА САВДОИ ЭЛЕКТРОНӢ – САМТИ МУҲИМИ СИЁСАТИ ИҚТИСОДИИ КИШВАР

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ)
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар роҳнамои мукаммале мебошад, ки дар он самтҳои асосии рушди тамоми бахшҳо пешниҳод карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки дар Паёми Пешвои миллат рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз қабили маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, даромади пулии аҳолӣ, пасандозҳои аҳолӣ, пешниҳоди қарз ба соҳаи иқтисодиёт, истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, иқтидори энергетикии кишвар, хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ, робитаҳои хориҷӣ, бозори истеъмолӣ, бахши хусусӣ ва сармоягузорию соҳибкорӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла соҳибкориро дар санадҳои муҳими стратегии мамлакат, аз ҷумла “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” яке аз воситаҳои асосии таъмини ҳадафҳои гузошташуда муайян намудааст, ки тибқи сарчашмаҳои маблағгузории амалисозии онҳо ба бахши хусусӣ 54,7 млрд. доллари амрикоӣ ё 46,3 дарсади маблағҳои пешбинишуда рост меоянд, ки ин далели возеҳу равшани аҳаммияти бахши хусусӣ барои таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ мебошад.
Ҳамин тавр, дар назди ҳукумати мамлакат доир ба истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва вусъати имкониятҳои шуғли босамари аҳолӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бар пояи рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ вазифаҳои асосӣ қарор доранд. Аз ин рӯ, то соли 2030 як қатор нишондиҳандаҳои мақсаднок бо такя ба рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ муайян карда шудаанд, ки дар заминаи он беш аз 3 баробар афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, тавсеаи диверсификатсияи иқтисодиёти миллӣ, беш аз ду баробар коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва то 50 дарсад баланд бардоштани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ дар назар дошта шудааст.
Албатта, соҳибкорӣ заҳмати зиёд, масъулият, маҳорат ва истеъдоди баландро талаб менамояд. Боиси зикр аст, ки имрӯз соҳибкорӣ омили муҳими рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар гардида, барои расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа нақш муҳимро мебозад. Бо ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ, истеҳсоли молу маҳсулот ва хизматрасонии босифат, саҳми соҳибкорони кишвар дар баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва ободонии ватани азизамон назаррас мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ба масъалаи самтҳои асосии пешбурди иқтисоди рақамӣ дар панҷсоли минбаъда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Таъкид бар он намуданд, ки барои пешбурди иқтисоди рақамӣ ба самтҳои зерин бояд диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шавад:
– такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ,
– то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот,
– рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ,
– рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ,
– истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ,
– андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот,
– ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ
Ба андешаи мо, чунин вазифагузорӣ тақозо менамояд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тавассути такмили низоми дастгирии бахши хусусию соҳибкорӣ, махсусан, соҳибкории рақамӣ ва савдои электронӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Эълон намудани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” метавонад ба рушди соҳибкории рақамӣ ва савдои электронӣ заминаи хуби кориро фароҳам орад, зеро раванди бемайлон ва босуръати ҷаҳонишвӣ, ки имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ мавриди истифода қарор дорад, ба рушди муносибатҳои байналмилалӣ, алалхусус бахшҳои технологӣ ва иқтисодиёт, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот бо истифода аз навоварӣ таъсири амиқ мерасонад.
Дар ин замина, иқтисоди рақамӣ ба яке аз унсурҳои асосии ин тағйирот табдил ёфтааст. Технологияҳои нави иқтисоди рақамӣ дар баробари рушди фаъолияти иқтисодӣ имкониятҳои нави тиҷорат ва соҳибкории рақамиро фароҳам оварда, дар онҳо ҳамкорӣ ва алоқаи байни ташкилотҳо, фирмаҳо ва одамонро дар миқёси ҷаҳонӣ суръат мебахшад. Соҳибкории рақамӣ ва савдои электронӣ бо истифодаи сармоягузорӣ, маркетинг ва модели тиҷоратӣ, ки дар ин шабакаҳо ба таври мустақилона ва бо истифодаи технологияи нав фаъолият мекунад, ба рушди ҷомеа ва иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад.
Соҳибкории рақамӣ ва савдои электронӣ дар муқоиса бо шаклҳои анъанавии фаъолияти иқтисодӣ як қатор афзалиятҳо ва имтиёзҳоро доро мебошанд, ки онҳоро на танҳо аз ҷиҳати самаранокӣ, балки аз нуқтаи назари таҳаввул ва муосиршавии иқтисодиёт низ ба маротиб самараноктар месозад. Вақте ки фаъолияти соҳибкорӣ дар шаклҳои анъанавӣ, асосан дар доираи корхонаҳо ва ташкилотҳо маҳдуд сурат мегирад, соҳибкории рақамӣ имкон медиҳад, ки ба таври глобалӣ ва ҳамкорӣ байни алоқаҳои мустақил амал намуда, барои ҳар ду ҷониб манфиатро таъмин намояд.
Соҳибкории рақамӣ ва тиҷорати электронӣ дар рушди иқтисоди миллӣ аҳамияти бузург доранд. Бо ворид гардидани технологиҳои нав ва рушди Интернет, имкониятҳои зиёде барои тиҷорат, махсусан, дар соҳаи соҳибкории рақамӣ ва тиҷорати электронӣ, рӯи кор омаданд. Ин ду унсур на танҳо барои технологияҳои рақамӣ ва интернет аҳамияти алоҳида доранд, балки ба рушди иқтисодӣ-иҷтимоии мамлакатҳо таъсири назаррас мерасонанд.
Бояд ҳаминро қайд намуд, ки соҳибкории рақамӣ ва тиҷорати электронӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар аҳамияти зиёд доранд, аз ҷумла:
1. Рушди соҳибкории рақамӣ ба инноватсия ва рушди техникӣ оварда мерасонад. Соҳибкории рақамӣ маънои истифодаи технологиҳои нав ва интернетро барои таъсис ва пешбурди тиҷорат ифода менамояд. Маҳсулот ва хизматҳои нав, ки тавассути интернет пешниҳод мешаванд, имкон медиҳанд, ки соҳибкорон бозорҳои нав ва нишондодҳои махсуси муштариёнро пайдо кунанд.
2. Дастрасии ҷаҳонӣ тавассути рушди соҳибкории рақамӣ осон мегардад. Рушди соҳибкории рақамӣ имконият медиҳад, ки корхонаю ташкилотҳо марзи маҳдудияти ҷуғрофиро шикаста, ба бозорҳои ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Ҳар як соҳибкор имкон пайдо мекунад, ки бо истифода аз интернет ба муштариёни гуногун дар саросари ҷаҳон хизмат расонад.
3. Соҳибкории рақамӣ ба ҳаёти осон ва муфид оварда мерасонад. Соҳибкории рақамӣ ба корхонаҳо имкон медиҳад, ки марҳилаҳои раванди тиҷорат ва истеҳсолотро автоматизатсия кунанд, ки ин барои осон кардани роҳҳо ва арзиши меҳнатӣ муҳим аст.
4. Ташаккули соҳибкории рақамӣ ба коҳиши хароҷот оварда мерасонад. Ворид кардани системаҳои рақамӣ ва автоматикунонии равандҳо кумак мекунад, ки хароҷоти умумӣ коҳиш ёбад, инчунин коҳиши вақт ва манбаъҳои инсонӣ ба даст оварда шавад. Ҳамин тариқ, соҳибкории рақамӣ ба ҳамгироии иқтисодӣ ва самаранокии ташкилотҳо мусоидат менамояд.
5. Рушди тиҷорати электронӣ ба савдо дар бозорҳои ҷаҳонӣ имконият фароҳам меорад. Тиҷорати электронӣ ба ташкилоту корхонаҳо барои ба осонӣ дастрасӣ ёфтан ба муштариёни мамлакатҳои дигар имкон фароҳам оварда, ҷиҳати ташкили робита бо бозорҳои минтақавӣ ва зиёд намудани фурӯши молу хизматҳо дар ин бозорҳо ва дар ин асос таъмини даромад мусоидат менамояд.
6. Тиҷорати электронӣ ба савдои ғайривақтӣ замина фароҳам месозад. Он ба соҳибкорон барои 24 соат дар ҳафта дастрасӣ доштан ба фаъолият имкон фароҳам меорад. Барои мизоҷон бошад имконият медиҳад, ки дар вақти мувофиқ барои худ маҳсулоти дилхоҳро фармоиш диҳанд.
7. Рушди тиҷорати электронӣ – заминаи асосӣ барои муҳофизат ва коҳиши хатарҳо аст. Дар низоми тиҷорати электронӣ раванди пардохт ва интиқол бехатар ва муътамад аст. Бо истифода аз технологияи криптографӣ, маълумот ва пулҳо аз хатарҳо ҳифз карда мешаванд.
8. Тиҷорати электронӣ таъсири иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Тиҷорати электронӣ ба иқтисоди мамлакат кӯмак мекунад, зеро он бозорҳои нави иқтисодӣ ва имкониятҳои корӣ пайдо мекунад, ки барои рушди иқтисод пойдории он аҳамияти муҳим дорад. Тиҷорати электронӣ ба одамон имконият медиҳад, ки новобаста аз фаъолияти корӣ дар дигар соҳаҳо, дар соҳаҳои дигари тиҷорат низ ҳиссаи худро гузоранд.
Рушди соҳибкории рақамӣ ва тиҷорати электронӣ дар шароити муосир дар тамоми ҷаҳон ба самтҳои гуногун равона шудааст. Ин самтҳо бо истифода аз технологияҳои нав ва рақамӣ барои беҳтар кардани раванди тиҷорат, афзоиши фурӯш ва истифодаи воситаҳои навини маркетинг дар тиҷорат равона шудаанд.
Ҳар як корхона ё соҳибкоре, ки мехоҳад тиҷоратро дар замони муосир пеш барад, бояд технологиҳои муосир, аз ҷумла вебсайтҳо, платформаҳои онлайнӣ, ва мобилии рақамии гуногунро истифода барад.
Тиҷорати электронӣ ва соҳибкории рақамӣ бо рушди телефони мобилӣ ва барномаҳои мобилӣ дар назар дошта мешаванд. Имкониятҳое, ки смартфонҳо ва планшетҳо барои харид, пардохт ва омӯзиши маҳсулот фароҳам меоранд, дар рушди тиҷорат нақши калидӣ доранд.
Хулоса, соҳибкории рақамӣ ва тиҷорати электронӣ як қисми муҳими рушди иқтисоди миллӣ мебошанд. Онҳо барои таъсиси арзишҳои нав ва таъмин кардани рушди устувори иқтисодӣ кумак мекунанд. Технологиҳои рақамӣ ба соҳибкории рақамӣ ва тиҷорати электронӣ имкон медиҳанд, ки суръат ва самаранокии корҳоро афзоиш диҳанд, ки ба рушди иқтисод ва имкониятҳои нав барои пешрафти ҷомеа мусоидат мекунанд. Самтҳои асосии рушди соҳибкории рақамӣ ва тиҷорати электронӣ ба истифодаи технологияҳои нав, самаранокии амал, ҷалби мизоҷон ва рафтори бозорӣ, инчунин таҳлил ва амниятро дар тиҷорат муҳаё месозад. Ин самтҳо барои соҳибкорон, ки мехоҳанд тиҷорати худро рушд диҳанд ва дар бозори рақамии ҷаҳонӣ рақобат кунанд, имкониятҳои бузургро фароҳам меоранд.
Дар шароити имрӯза омӯзиш ва истифодаи технологияҳои нави иқтисоди рақамӣ, соҳибкории рақамӣ ва савдои электронӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳамчун як самти рушди бомуваффақияти иқтисодиёт пазируфта шавад.
Сардори раёсати рушди
стратегӣ ва менеҷменти сифат Валиев Н.Ш.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *