(дар ҳошияи сафари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон)
«Мардумони Тоҷикистону Эронро муштаракоти безаволи таърихиву фарҳангӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд»
Эмомалӣ Раҳмон
Эрон аввалин кишваре буд, ки Истиқлолияти давлатии Точикистонро ба расмият шинохт ва намояндагии дипломатии хешро дар Душанбе ифтитоҳ бахшид. Ин иқдом пеш аз хама ба умумияти забонӣ, маданӣ ва динӣ доштани ду халқи бародар вобастагӣ дорад. Дар ҳақиқат хамкорихои гуногунсоҳаи Точикистону Эронро хеле арзишманд арзёбӣ намудан зарур буда, рушду тавсеа ёфтани хамкорихо дар оянда низ ба манфиати хар ду чониб аст. Зеро барои Эрон мухим аст, ки як такягохи форсизабон дар минтақаи Осиёи Миёна, дошта бошад. Барои Точикистон низ хамкорӣ бо Эрон муфид аст, зеро кишвари мо ба сармоягузорихо, аз чумла дар тарҳҳои бузурги зербиноӣ, ниёз дорад.
Дар хақиқат, Эрон аз назари сармоягузорӣ дар иқтисодиёти Точикистон мавқеи хоса дорад. Ҳамкорихои иқтисодии Точикистону Эронро баррасӣ намуда, дидан мумкин аст, ки дар чанд соли охир баӣни ду кишвар беш аз 200 мувофиқатнома дар бораи хамкорӣ дар заминахои мухталиф ба имзо расидаанд. Тарҳҳои бузурге, аз чумлаи Неругохи барқи обии «Сангтуда-2» ва тунели Анзоб, ки то имруз аз чониби Эрон ичро шудаанд, нишонгари устувории равобити иқтисодии ду кишваранд.
Масоили хамкорихои Точикистону Эронро дар чорчубаи созмонхои минтақавӣ низ мавриди тахлил қарор дода, қаӣд кардан зарур аст, ки хамкорихои бисёрчанбаи ду кишвар ба ѓаӣр аз муносибатхои дутарафа, инчунин дар чорчубаи созмонхои минтақавӣ, аз чумла Созмони Хамкории Иқтисодӣ (СҲИ), Созмони Конфронси Исломӣ (СКИ-аз соли 2011 Созмони Ҳамкории Исломӣ-СҲИ), Созмони Ҳамкории Шанхаӣ(СҲШ) низ амалӣ мегардад. Ҷумхурии Тоҷикистон дар чорчуби Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар сохаи сузишворӣ ва энергетика бо Ҷумхурии исломии Эрон хамкории устувор дошта, инчунин таъмини амнияти минтақавӣ бо шарики стратегии худ-ҶИЭ дар якчоягӣ амал мекунад.
Заминаи рушди муносибатҳо буд, ки рӯзи 15 январи соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, муҳтарам Масъуд Пизишкиён бо Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот анҷом доданд.
Дар мулоқот маҷмӯи доираи васеи масъалаҳои муҳимму афзалиятноки ҳамкории Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла бо дарназардошти мунтазам афзоиш ёфтани ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва Эрон, густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла коркарди маъдан, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, доруворӣ, соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва истифодаи васеъ аз минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ҳамчунин, аз имкониятҳои нақлиётиву транзитии Эрон, бахусус бандарҳои баҳрӣ ба нафъи ҳарду ҷониб номида шуд. Айни замон дар Тоҷикистон 160 ширкат бо сармояи эронӣ фаъолият дорад ва соли 2024 ҳаҷми интиқоли молу маҳсулот нисбат ба ду соли пеш 3,2 баробар афзоиш ёфт.
Қайд кардан зарур аст, ки дар ҳақиқат имкониятҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои ояндадори энергетика, нақлиёт, саноатҳои мошинсозӣ, хӯрокворӣ, маъданҳои кӯҳӣ, дорусозӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ боиси рушди муносибатҳои стратегӣ ва ба ҳарду кишвар заминаҳои рушдро фароҳам меоранд.
Баӣни ду кишвар ҳудуди зиёда аз 200 созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи баӣниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим дорад ва то имрӯз 15 нишасти Комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.
Тибқи маълумотҳои Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, гирдгардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Эрон 11 моҳи соли 2024 336,8 миллион долларро ташкил додааст 55% афзудааст. Дар ин давра ҳаҷми содирот ба 104,1 миллион доллар ва воридот ба 232,1 миллион доллар баробар гардид. Аммо ҷонибҳо мақсад доранд, ки ин рақамро то ба 1 миллиард доллар расонанд. Зеро Тоҷикистон ва Эрон барои рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии худ захираю имконияти зиёд доранд. Дар ҳолати истифодаи бештари имконот метавон робитаи ду давлатро минбаъд наздиктару фарохтар гардонд. ҶИЭ ба Тоҷикистон бештар пластмаса ва маснуот аз он, маснуоти керамикӣ, собун, маводҳои сатҳи фаъоли органикӣ, воситаҳои шустушӯӣ, маводҳои молиданӣ, мумҳои сунъӣ ва табиӣ ва маснуот аз филизоти сиёҳ ворид менамояд.
Аз таҳлилҳои боло маълум мегардад, ки имкониятҳои зиёди воридотиву содироти баӣни кишварҳои зикргардида мавҷуд буда, танҳо барои амалӣ гардонии онҳо васеъ ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд. Аз ҷумла, барои кишвари мо имрӯз зарур аст, ки тавассути ҶИЭ ба бандарҳои ҷаҳонӣ баромада, барои васеъ намудани сохтори содиротии кишвар заминаҳои мусоид фароҳам оварда шавад, бахусус дар самти ба бозори ҷаҳонӣ баровардани нахи пахта, маҳсулотҳои пахтагӣ ва маҳсулотҳои алюминӣ аз ин бандарҳо васеъ истифода кардан имконпазир аст тавассути роҳи оҳан.
Дигар ин, ки имрӯз ба маҳсулотҳои нефтӣ ба хусус бензин солярка, газ, ки хело талабот зиёд аст, метавонем тавассути воридот аз ин кишвар талаботи иқтисоди миллиро қонеъ гардонем. Ҳамзамон барои ворид намудани маҳсулотҳои доруворӣ ва сохтумони коргоҳҳои дорусозӣ аз таҷрибаи васеъи ҶИЭ истифода намуда саноати дорусозии кишварро рушд диҳем. Инчунин дар самти истифодаи таҷрибаи сохтумони неругоҳҳои обию барқӣ ва маҳсулотҳои саноати ҳарбӣ ҷалби мутахассисон, сармояи мустақим ва ѓаӣримустақим ба мо хело мусоид аст.
Дар навбати худ барои ҶИЭ низ хело мусоид аст, ки дар сохтумони коргоҳҳои истеҳсоли намак, баъзе маҳсулотҳои хусусияти ҳарбӣ дошта, сохтумони неругоҳҳои барқию обӣ, зиёд намудани истеҳсоли пахта ва маҳсулотҳои пахтагӣ саҳмгӯзорӣ намуда ба кишвари худ ворид намояд, ки барои ҳарду кишвар судманд мебошад.
Махсус қайд намудан зарур аст, ки самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои иқтисодии байни ду кишвар инҳо буда метавонанд, ба монанди дорусозӣ, маҳсулотҳои бофандагӣ, ҳамлу нақл, саноати хӯрокворӣ, металлургия, мурғпарварӣ, асалпарварӣ, истеҳсоли нафт, мебелсозӣ, сохтмон, истеҳсоли маҳсулотҳои пластикӣ ва консервабарорӣ, бонкдорӣ, моҳипарварӣ, истеҳсоли қисмҳои мошин, маҳсулоти кимиёвӣ ва таҷҳизоти тиббӣ. Самти дигари афзалиятнок, ин рушди сайёҳӣ байни давлатҳои ҳамзабон мебошад, ки аз таъриху фарҳанги ҳамдигар бохабар шуда, аз ҳама муҳим дар тамоми минтақаҳои ҳарду кишвар забони онҳо бо ҳамдигар ошно аст.
Хамин тавр, сарфи назар аз мамоният ва мушкилоти мавчуда барқарор намудан ва густариш додани муносибатхои дучонибаи судманд бо кишвари дусту бародари Эрон аз афзалиятхои сиёсати минтақавии Ҷумхурии Точикистон буда, аӣни замон дар холи рушд ва тавсеа қарор дорад. Боварӣ дорем, ки баъди сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон, ки аӣни замон дар онҷо қарор доранд, муносибатҳои иқтисодии ҶИЭ ва Тоҷикистон рушду нумуъ ёфта барои пешрафти иқтисоди ҳарду кишвари бародар заминаи мусоиде хоҳад гузошт.
Иброҳимзода Илҳомуддин Раҷабалӣ – Академики АБН ФР, д.и.и., профессор, директори Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории ДБССТ