15 ноябри соли 2024 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Рушди хизматрасониҳои гумрукӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар конфронси мазкур доираи васеи олимону мутухассисон аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат, Институтҳои илмию таҳқиқотӣ ва профессорону омӯзгорони Донишгоҳ иштирок намуданд.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия дотсент Зоирзода И.С. бо сухани ифтитоҳи конфронсро оғоз намуда, аз номи роҳбарияти Донишгоҳ ҳозиринро ба санаҳои муҳими таърихӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-юмин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд.
Мавсуф, зимни баромади хеш зикр намуд, ки рушди хизматрасониҳои гумрукӣ дар шароити иқтисодӣ рақамӣ ин барои баланд бардоштани шаффофият ва сифати хизматрасониҳои гумрукии пешниҳодшаванда дар “Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024” ҳадафгузорӣ шудааст. Пешбинӣ мешавад, ки беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои гумрукӣ бояд барои рушди савдои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити мусоид фароҳам орад.
Баланд бардоштани сифат ва шаффофияти хизматрасонии гумрукиро бе таҷдиди расмиёти гумрукӣ ва мутобиқгардонии усулҳои назорати гумрукӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла талаботи Конвенсияи Киото, Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва тавсияҳои Созмони Умумиҷаҳонии Гумрукӣ амалӣ намудан имконнопазир аст.
Такмили кори мақомоти гумрук ва хизматрасониҳои гумрукиро дар гузаргоҳҳои назоратӣ бо рушди технологияњои иттилоотӣ ва иттилоотонии пешакӣ алоқаи ҷудонопазир дорад. Маълумоти пешакӣ, ки дар худ ҳамаи иттилооти заруриро дар бар мегирад, барои аз ҷониби маќомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон кам кардани ҳолатҳои истифодаи воситаҳои иловагии назорат, воситаи асосӣ мебошад. Бо мақсади такмил додани механизмҳои назорати давлатӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ дар саросари Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки пешбурди маълумотдињии ҳатмии пешакиро оид ба моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда, анҷом диҳанд.
Омили асосии расидан ба ҳадафҳои пешгузоштаи мақомоти гумрук дар самти коҳиш додани ваќти анљомдињии амалиёти гумрукӣ ва мусоидатнамої ба тиҷорати байналмилалӣ, ин худкоркунонии равандњои назорати гумрукӣ мебошад. Љорї намудани дарњол ќабулшавии ќарор њангоми эъломиякунонии молњо рушди минбаъдаи системаи электронии эъломиякунониро талаб мекунад, ки кори он танњо ба истифодаи њуҷҷатњои электронӣ асос ёфтааст.
Бо маќсади рушди минбаъдаи эъломияи электронӣ, такмил додани технологияи транзити электронӣ низ пешбинӣ шудааст, қайд намуд муовини ректор.
Сипас, тибқи барномаи конфронс Насриддинов Фируз Бобоевич профессори кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, полковники хадамоти гумрук, Шрҳназари Хуҷаназари Ғуломзода н.и.и., майори хадамоти гумрук, Турсунов Хушрӯз Муталибович н.и.и., майори хадамоти гумрук, Каримов Салоҳиддин Хуршедович майори хадамоти гумрук, Ғаниев Саҳобиддин Аҳрорович капитани хадамоти гумрук ва Орипов Амитабҳ Султонович н.и.и., дотсент, мудири кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо маърӯза баромад намуданд.
Дар охир, тибқи фармоиши ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд ва гузоштани саҳми муносиб дар баргузории конфронси имрӯза як қатор маърӯзачиён-кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Сипоснома” ва омӯзгорони кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳ бо “Ифтихорнома” қадрдонӣ гардиданд.