РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БУХОРО

18-19 марти соли 2025 дар доираи сафари кории кормандони Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ) ба Донишгоҳи давлатии Бухоро (ДДБ) шартномаи ҳамкорӣ байни ин ду донишгоҳ ба имзо расид. Ин санад заминаи муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти табодули донишҷӯён ва устодон, такмили ихтисос, мубодилаи таҷриба, барномаҳои дудиплома, таъсиси факултетҳои муштарак, лексияҳои даъватии профессорон, ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ фароҳам меорад.
Зимни сафари корӣ ҳайати ДБССТ бо сохторҳои гуногуни Донишгоҳи давлатии Бухоро шинос шуда, фаъолияти Маркази иттилоотию ахборотӣ-китобхонаи илмӣ ва Маркази захиравӣ – таъмин бо ҷойи кори хатмкунандагон-ро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дод.
Ҳамзамон, бо иштироки ҳайати устодони ДДБ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он имкониятҳои ҳамкории илмӣ-таълимӣ ва робитаҳои байналмилалии байни ДБССТ ва ДДБ, инчунин рушди ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ ва соҳибкорӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Аз ҷумла, ташкили бастаҳои сайёҳии муштарак, мубодилаи сайёҳон, роҳандозии хатсайрҳои байналмилалии сайёҳӣ ва ташкили соҳибкории муштарак аз мавзӯъҳои асосии муҳокима дар ин нишаст буданд.
Дар доираи ин сафар, намояндагони ДБССТ аз маконҳо ва имкониятҳои сайёҳиву соҳибкории Бухоро боздид намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои шарикӣ дар бахшҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ мулоқотҳо анҷом доданд.
Имзои ин созишнома ва сафари корӣ заминаи муҳиме барои таҳкими ҳамкориҳои академӣ ва рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон хоҳад гардид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *