РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ МУБОРАК!

    Таманниёти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, професор Асрорзода Убайдулло Саттор бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ
Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!
     Шуморо ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш аз номи раёсати донишгоҳ самимона шодбош намуда, бароятон дар фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш муваффақият таманно дорам.
      Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамчун рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба илму дониш ва хираду маърифат мебошад. Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҷашн гирифта мешавад.
     Маврид ба таъқид аст, ки мафҳуми дониш барои мо аз гузашта то имрӯз ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Ниёгони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм дониста, таъкид намудаанд, ки:
     Пояи давлат набошад бе маориф устувор,
     Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.
    Воқеан ҳам, доштани донишу хирад, ақлу заковат мояи ифтихору шараф ва сарфарозии ҳар як инсон мебошад. Маҳз тавассути илму маърифат бузургонамон бо осори оламшумул ҷаҳонро тасхир намудаанд. Имрӯз моро лозим аст, ки ҳарчӣ бештар ба илму дониш рӯ орем ва осори ниёгонро бегазанд ба наслҳои оянда мерос гузорем.
     Маъмулан, рӯзи аввали соли таҳсил ҳамеша барои мардуми азизи мо, аз ҷумла устодону донишҷӯёни донишгоҳ рӯзи фараҳафзову шодӣ, орзуву ниятҳои нек аст, зеро зиндагӣ худ аз донишу ҳунар рангу тобиши тоза мегирад.
    Боиси фараҳмандист, ки имсол Рӯзи дониш дар арафаи ҷашни пуршукӯҳи миллӣ – 33-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад. Дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф рушд карда, биноҳои наву замонавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
   Хушбахтона, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ ҳамчун падидаи истиқлолияти давлатӣ айни замон ба яке аз муассисаҳои муътабар ва дорои зинаҳои гуногуни таҳсилот мубаддал гардид. Махсусан, фаъолияти густурдаи Донишкадаҳои байналмилалии назди Донишгоҳ дар шаҳрҳои Левакант, Хуҷанд ва ноҳияи Данғара, Институтҳои таълимӣ, илмию тадқиқотӣ, Марказҳои касбомӯзӣ ва татбиқи лоиҳаҳо, Коллеҷу литсейҳо дар вилоятҳои Хатлону Суғд тасдиқи гуфтаҳои боло мебошад.
     Қобили қайд аст, ки ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳ ва воҳидҳои сохтории он дар вилояти Хатлон ҷиҳати фароҳам гардидани шароитҳои боз ҳам созгори таълиму тарбия мусоидат намуд.
Махсусан, мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои нави таълимии Донишгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Левакант бо иштироки Пешвои муаззами миллат барои фароҳам сохтани шароити муосири таҳсилу фаъолият, аз ҷумла ташкили синфхонаҳои фаннӣ, ҳуҷраҳои корӣ, озмоишгоҳ, ташхисгоҳи гумрукӣ, меҳмонхонаи таълимӣ, сайёҳӣ, сайёҳии кӯҳӣ, бонки таълимӣ ва синфхонаи лингофонӣ ва китобхонаҳои замонавӣ имкони васеъ ба вуҷуд овард.
     Ҳамин тавр, боварии комил дорем, ки ҳайати илмию омӯзгории Донишгоҳ ва воҳидҳои сохтории он таҳти дастуру ҳидоятҳои Пешвои маҳбуби миллат фаъолияти хешро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати расидан ба нақшаҳои гузошташуда дар самти таълиму тарбия, махсусан, омода намудани кадрҳои баландихтисос дар сатҳи байнамилалӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд. Ҳамчунин, дар самти ободониву созандагии Ватани маҳбубамон ҳама дастаҷамъона ҳиссаи муносиб мегузоранд.
      Бори дигар Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил муборак!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *