Тантанаи ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
25 январи соли 2025 ҷашни Сада, ки яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик маҳсуб меёбад, дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо шукӯҳи хоса таҷлил гардид. Дар ин чорабинии фарҳангӣ, ки бо иштироки васеи донишҷӯён, устодон ва меҳмонон баргузор гардид, ректори донишгоҳ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор иштирок ва суханронӣ намуд.
Профессор Асрорзода Убайдулло Саттор дар суханронии худ бо такя ба суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти ҷашни Садаро ҳамчун рамзи оғози гармӣ, рӯшноӣ ва пайванд бо табиат таъкид намуда, онро ҷузъи муҳими фарҳанг ва ҳувияти миллии тоҷикон номиданд. Ӯ ҳамчунин иброз дошт, ки чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва эҳёи суннатҳои мардумӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Инчунин, ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон зимни баромади хеш, қайд карданд, ки баргузории ҷашнҳои миллӣ аз қабили Тиргон, Меҳргон, Сада, Наврӯз ва дигар ҷашнҳо, барои донишгоҳи мо аҳамияти бузург дорад. Ӯ таъкид намуданд, ки чунин чорабиниҳо имконият фароҳам меоранд, ки меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ, ки ба донишгоҳ ташриф меоранд, метавонанд бо расму русуми миллӣ ва фарҳанги бойи тоҷикон ошно шаванд.
Профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ҳамчунин зикр карданд, ки донишҷӯён, ки дар доираи барномаҳои табодули академӣ дар кишварҳои дигар таҳсил мекунанд, низ бояд бо ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллӣ анъанаҳои тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Ин амал на танҳо барои баланд бардоштани нуфузи фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ муҳим аст, балки инчунин ҳисси ифтихор аз ҳувияти миллиро дар миёни ҷавонон таҳким мебахшад.
Дар фарҷоми чорабинии ҷашни Сада, меҳмонон ва иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки аз намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ ва дастовардҳои эҷодии донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ дидан намоянд. Ин намоиш, ки бо ташаббуси сохторҳои донишгоҳ ташкил гардида буд, гуногунрангии ҳунарҳои миллӣ ва малакаҳои эҷодии омӯзгорону донишҷӯёнро ба таври шоиста инъикос кард. Маҳсулоти ҳунармандӣ, аз қабили гулдӯзӣ, кандакорӣ, заргарӣ ва дигар анвои ҳунарҳои мардумӣ, дар якҷоягӣ бо лоиҳаҳои таҳқиқотӣ ва эҷодӣ, ки донишҷӯён дар заминаи омӯзиши фарҳанг ва сайёҳӣ таҳия карда буданд, диққати иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуданд.
Инчунин, барномаи фарҳангии пуршукӯҳ, ки бо ташаббус ва омодагии бахши фарҳангии донишгоҳ таҳия шуда буд, табъи ҳозиринро болида гардонид. Дар доираи ин барнома, донишҷӯён бо намоиши рақсҳои миллӣ, сурудҳои анъанавӣ ва саҳнаҳои таърихӣ аз ҳунару малакаи касбии хеш дарак дода, мақбули ҳозирин гардиданд.