САМТИ РУШДИ МАОРИФИ КИШВАР ДАР ПАЁМИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

Миллатеро ёфт намудан номумкин аст, ки барои ҳифзи манфиатҳои худ тарбияи миллиро дар сатҳҳои гуногун ба роҳ намонда ва ё рӯ ба илм ва ё маориф наоварда бошад. Иқтидори миллии ҳар як кишвар ба маориф, илм ва маърифати шаҳрвандони у вобаста мебошад. Мафҳуми маориф аз ҷамъи «маърифат» гирифта шуда, ба маънои шинохтан ва дарк кардан мебошад. Маърифат масдари мими ё калимаи «арафа» мебошад. Касоне, ки бо забони араби ошной доранд, медонанд, ки масдари мими ба маънои таъкид, пурқуввати ва зарурати шайро ифода менамояд. Аз ин хотир, «маърифат» ба маънои шинохти худи инсон аз олами ботинии инсон аст. Дар шакли дигар гӯем шинохти инсон дар асоси тафсири инсон аз ҷониби худи инсон аст, ки ин шинохт амри хеле зарури ва ҳатми буда, вожаи маориф, ҷамъи маърифат аст ва дар луғату фарҳангҳои тафсирӣ ба маъноҳои гуногун омадааст, ки яке аз маьнои истилоҳиаш раванди таҳсил, омӯзиш, донишазхудкуни ва пажуҳиши илмист.
Гузаштагони мо низ дар самти маориф саҳми арзандаи худро дар осорхонаи таърихии маърифати ҷаҳонӣ гузоштаанд, ки он ниёзе ба мисол овардан надорад. Ташаккули соҳаҳои гуногуни илм, санъат адабиёт, фалсафа, илмҳои дақиқ дар аҳди Сомониён то ба имрӯз ҳамчун сарчашмаи илмии давраҳои баъд шинохта шудааст. Аммо мутаассифона, низоми сиёсии он давр гӯши шунавое надошт, ки гуфтаҳои муттафаккирони худро шунавад ва зонуи адаб зада маьрифти ҳастии хешро дар асоси илму дониш шиносанд. Дар асоси гуфтаҳои бузургони мо дигар миллатҳо худро сохтанд, пеш рафтанд, вале мо ҳоло ҳам дар аввали хат ҳастем.
Дар аксар ҳолатҳо сарварони сиёсии гузаштагони мо (шоҳону амирон) ба танпарварӣ машғул буда, бештари вақти худро ба ишратбозиҳо сипарӣ намудаанд. Масалан, агар мо ба омӯзиши соҳаи илм ва маорифи 200 сол пеш баргардем, мебинем, ки Аҳмади Дониш баъд аз сафарҳое, ки дар Русияи подшоҳӣ дошт, ислоҳоти куллиро дар соҳаи мактабу маориф пешниҳод намуд. Вале, мутаассифона манғитиҳо ба ин ислоҳот нафақат гуш надоданд, балки мухолиф ҳам буданд. Ё масалан, Садриддин Айнӣ хеле талош намуд, ки дар замони худ пояҳои маорифро дар Аморати Бухорои фарсуда мустаҳкам намояд. Дар ин бобат китобҳои таълимии худро ба монанди «Тартил-ул-Куръон», «Тахзиб-ус- сибён», «Заруриёти диния» ва ғайра таълиф намуд. Чунон ки аз асарҳои баъдии ў маълум аст, раванди таълимии мактаби куҳнаро сахт танқид намудааст.
Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо хизматҳои нотакрори худ Садриддин Айнӣ, Садри Зиё, Бобоҷон Ғафуров, Зариф Раҷабов, Муҳаммад Осимӣ ва чанд тани дигар раванди ташаккулёбии мактабу маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро поягузори намудаанд. Вале дар баробари он боз саҳлангории зиёде аз ҷониби сарварони собиқ Иттиҳоди Шӯравй дар масалаи Тоҷикистон ба чашм мерасад, зарфиятҳои илмии ин миллат ба инобат гирифта нашуд. Аз ин сабаб кишвари Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ақибмонда буда, ҳамчун сарчашмаи маводи хом мавриди истифода қарор мегирифт. Яъне метавон гуфт, ки қобилияти зеҳнӣ ва фаҳмиши илмии ин мардум нисбат ба шароити мавҷуда хело болотар меистод.
Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон ноумедона ба домани истиклолияти сиёсӣ чой гирифт, зеро ӯ бо 94% овоз ба боқи мондани Иттиҳоди Шӯравӣ умед дошт. Элитаи сиёсии он давра тағйирнопазир боқи монда буд, чун намехостанд тағйир ёбанд, ҳол он ки мавҷҳои тағйирёбии ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба машоми баъзе аз соҳибназарон расида буд. Боз ҳамон анъанаи дерина дар бозсозӣ ва рӯзҳои аввали истиқлолият, яъне эҷоди монеҳо аз ҷониби сарварони сиёсии кишвар дар баробари ин боз омилҳои дигаре даст ба даст дода Тоҷикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ сохт.
Кишваре, ки дар буҷаи давлатии худ ҳадди ақал ба арзиши 10 ҳазор (доллар) сармояи давлати надошт. Баъд аз оғози гуфтушунид умеде бар дилҳо зинда гардид. Идомаи ин раванди музокирот дар натиҷа созишномаи сулҳ ва ризояти миллиро ба даст овард. Баъди созишномаи сулҳ аввалин коре, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кард, рӯ овардан ба соҳаи маориф буд. Зеро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дарк намуда буд, ки то ин соҳаи муҳимми иҷтимоии мардум дуруст нагардад, наметавонад гиреҳҳо мушкилоти дигареро бикушояд. Гарчанде ҷанги шаҳрвандӣ ба рушди соҳаи маориф монеа гардид ва ҳисороти зиёд ба миён овард, вале сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки дар 31 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд ва таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба ин соҳа сол аз сол бештару беҳтар мегардад.
Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар зери назар ва пуштибонии худ қарор дод. Дар ин муддат барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардиданд. Дар ин давра бори сеюм аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тағйироту иловаҳо аз нав таҳия мешавад. Дар баробари ин, барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот қонунҳои алоҳидаи соҳавӣ таҳия гардидаанд. Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ба вазорат муяссар гардид, ки дар кушодани муассисаҳои томактабӣ бо номи «Марказҳои инкишофи кӯдакон» муваффақ гардад. Ҳамзамон, ташкили боғчаҳо ва кӯдакистонҳои хусусӣ барои рушди ин зинаи таҳсилот мусоидат намуда истодааст.
Маблағгузории ин муассисаҳо ҳамасола беҳтар гардида, дар соли 2010 ба 22,0 млн сомонӣ расонида шуд (соли 2000-ум 2,3 млн сомонӣ буд). Баробари таъсисёбии намудҳои нави муассисаҳои томактабӣ зарурати ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи муассисаҳои томактабӣ ба миён омад. Барои беҳтар намудани таъминоти методию таълимии соҳаи тарбияи томактабӣ 31 октябри 2005 таҳти № 395 «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2006–2010» қабул карда шуд. Дар доираи барномаи мазкур як қатор боғчаю кӯдакистонҳое, ки ғайриқонунӣ шахсӣ гардонида шуда буданд, пас гардонида шуданд ва ҳамзамон дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмону азнавсозии муассисаҳои томактабӣ оғоз гардид. Зарурати тарбия ва таҳсилоти томактабиро ба ҳисоб гирифта Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ»-ро таҳия намуд, ки он 2 июни 2009 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Барои амалӣ гаштани ин стандарт як қатор тадбирҳо, аз ҷумла татбиқи барномаҳои ба мактаб омода намудани кӯдаконе, ки ба кӯдакистон фаро гирифта нашудаанд, дар назар гирифта шудааст. Бо ин мақсад дар назди мактабҳо гурӯҳҳои омодагӣ ташкил гардиданд. Мувофиқи ин барнома дар кӯдакистон марказҳои гуногуни омӯзиши хат, мусиқӣ, илм, рассомӣ, дӯзандагӣ, адабиёт, сохтмон ва ғайра ташкил шуда буд. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои ҳамаи намудҳои мактабҳои таҳсилоти умумиро вобаста ба талаботи замони нав таҷдиди назар намуд. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди амалӣ сохтани ислоҳоти куллии соҳаи маориф ва таъмини пешрафти соҳа дар давраи гузариш гаштанд ва барои такмилу таҳкими соҳаи маориф шароиту имконият фароҳам оварданд.
Вазъи мактаб дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт. Нақши мактаб ҳамчун манбаи мустақили фарҳангу маданияти миллӣ васеъ гардид. Афзоиши маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ дар давраҳои истиқлолият назаррас буда, қисмати асосии маблағҳои барои соҳа ҷудогардида маҳз ба ин зинаи таҳсилот сарф карда мешавад. Агар соли 2000 барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамагӣ 27,6 млн сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2011 ин нишондиҳанда 1 млрд 300 млн сомониро ташкил медиҳад. Сохтмони мактабҳои замонавӣ афзоиш ёфт. Шумораи мактаб-интернатҳо ҳам зиёд гардид. Тамоми муассисаҳои таълимӣ бо техника ва технологияи нав муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба зинаи якуми мактабҳои олӣ дохил намудани мактабҳои миёнаи махсус» як қатор техникумҳо ба коллеҷҳои наздидонишгоҳӣ ва баъзе омӯзишгоҳҳо ба коллеҷҳои мустақил табдил дода шуданд. Дар ин давра шумораи мактабҳои олӣ низ афзуд. Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи энергетикии Маскав (донишгоҳи техникӣ) ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав», Донишгоҳи Байналмилалии сайёҳӣ соҳибкории Тоҷикистон ва ғайраҳо таъсис дода шуданд. Маҳз дар даврони Истиқлолият муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таълими бисёрзинагии таҳсилот гузаштанд. Анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб меёбад. Соли 2011 Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвият бахшидани робитаи оила бо мактаб ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро таҳия ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд.
19 ноябри соли 2013 Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд ва муқаррар гардидд, ки вазифаҳои пешбурди сиёсати илм аз доираи ваколатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, ба Вазорати мазкур вогузор гарданд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 феврали соли 2014 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТНПҶТ) таъсис дода шуд. Аз соли 2015, дар баробари донишгоҳу донишкадаҳо, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ворид карда шуд, қабули донишҷӯён ба ин муассисаҳо (донишгоҳу донишкадаҳо) тавассути низоми мазкур амалӣ карда мешавад.
Гарчанде дар Паёмҳои ҳарсолаи Пешвои муаззами миллатмасъалаи соҳаи илму маориф ҳамчун мавзӯи хоса мавриди баррасӣ қарор мегирифт, аммо дар Паёми имсола, нисбат ба ҳар масъалаи дигар мавзӯи рушди соҳаи маорифи миллӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат мавриди таҳлили амиқ қарор дода шуд. Пешвои миллат зикр намуданд: «Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад». Такрор ба такрор атрофи мавзӯи рушди маориф, сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои миёна ва олӣ сухан намуда, Пешвои миллат барои ҳалли соҳаи мазкур гузаронидани ислоҳотро масъалаи зарурӣ арзёбӣ намуданд.
Дар робита ба рушди соҳаи маориф ба мавзӯи нақши омӯзгорон дар омода кардани кадрҳои баландихтисос ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат низ чанд андешаҳо баён карда шуд. Пешвои миллат аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Гарчанде ҳоло омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар 5 сол як маротиба аз курси такмили ихтисос мегузаранд, аммо ба ин нигоҳ накарда рушди босуръати илму техника ва технологияи муосир аз ҳар омӯзгор тақозо менамояд, ки мунтазам барои баланд бардоштани сатҳи малакаву маҳорат ва касбияти хеш диққат диҳанд. Дар чунин шароит танҳо бо роҳи худтакмилдиҳӣ ва пайваста аз болои хеш кор намудан, ба ҳар омӯзгор имкон медиҳад, ки рисолати хешро дуруст анҷом дода, дар ҷомеа ва дар назди шогирдон обрӯву эътибори муайян пайдо намояд.
Имрӯз дар назди омӯзгорон дар самти тарбияи насли наврас ва ҷавон вазифаҳои бисёр пурмасъулият меистад, ки иҷрои он аз як ҷониб бисёр пурмашаққат буда, аз тарафи дигар, кори арзишманд ва пуршараф мебошад. Иҷрои ин рисолат аз ҳар омӯзгор ҷонфидоиву садоқат, самимияту масъулиятшиносӣ ва кӯшишу ғайрати дучандро талаб менамояд. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 ҳангоми суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш вобаста ба вазифа ва рисолаи омӯзгорон ва аҳли илму адаб дар шароити муосир чунин зикр намуданд: «Ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз устодону омӯзгорон, олимону донишмандон ва дар маҷмӯъ, аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо доранд, ки, пеш аз ҳама, бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар рӯҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд».
Пешрафти ояндаи давлат аз кӯшишу ғайрати омӯзгорон дар самти таълиму тарбияи дурусти насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос вобастагии бевосита дорад. Ҳар чи қадар мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд ва зиндагии иҷтимоии беҳтар дошта бошад, ҳамон андоза дар таълиму тарбияи насли наврас хизмати содиқона анҷом медиҳанд. Ҳавасмандкунии онҳо ба фаъолияти босифати кори онҳо вобаста буда, он ба болоравии сифати таълим муосидат менамояд. Омӯзгороне ки то вақти дарс ва ё баъди он ба савдову корҳои дигар машғул мешаванд ва бе омодагӣ ба дарс меоянд, он пастшавии сифати таълиму тарбия оварда мерасонад. Ва ё омӯзгоре ки ба хонандаву донишҷӯён самимӣ ва содиқона дарс намегӯяд ва ба ӯ сарчашмаи даромад назар мекунад, он ба раванди таълим халад ворид мекунад. Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони соҳаи маориф Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаи хеш таклиф намуданд, ки аз моҳи июли соли 2025 дар ҳаҷми 20% музди меҳнати омӯзгорон баланд бардошта шавад. Умед аст, ки чунин иқдому дастгирӣ заррае ҳам бошад ба беҳтар гардидани фаъолияти омӯзгорон ва сатҳу сифати таълиму тарбия таъсир хоҳанд расонд.
Ҳоло чанд сол мешавад, ки Пешвои муаззами миллат бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва худшиносиву ҳисси ватандӯстии насли наврасу ҷавон озмунҳои ҷумҳуриявиро роҳандозӣ намудаанд, ки бешубҳа сол аз сол доираи васеи иштирокчиёнро фаро гирифта, ба зиёд гардидани шумораи соҳибистеъдодони ҷавон таъсир расонида истодааст. Пешвои муаззами миллат дар Паёми хеш ҳадафи баргузории озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногунро ҳамчун воситаи тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии мардуми тоҷик, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии шаҳрвандон, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз унвон намуданд.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатии хеш дар самти пурзӯр намудани азхудкунии донишҳои замонавӣ, ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намудани наврасону ҷавонон, тақвият бахшидани қобилияти эҷодии онҳо ва ба таълими илмҳои замонавӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияи муосир боз ҳам бештар намудани корҳоро тақозо намуданд. Рушди соҳаи илму техника ва технология дар кишварҳои пешрафта собит намуд, ки танҳо бо шарофати пешрафти илмҳои табиатшиносӣ ва риёзиву техникӣ метавон ба натиҷаҳои баланди илмӣ соҳиб шуд. Аз ин рӯ захираҳои бузурги зеризаминӣ ва гидроэнергетикии ҷумҳурӣ ва тадбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар тақозо менамояд, ки илмҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ рушд намояд ва мутахассисони соҳибкасби ин соҳаҳо бо илму дониш ва дастовардҳои илмӣ дар пешрафти кишвар саҳмгузор гарданд.
Хулоса кардан ба маврид аст, ки воқеан, саҳми омӯзгорон дар рушди соҳаи маориф бисёр назаррас буда, хизмати содиқонаву пурмасъулияти онҳо дар тарбияи кадрҳои ояндасози миллат, пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар умум ба рушди устувори кишвар ва боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Ассистенти кафедраи таърих ва фалсафа
Абдуллоева Латофат Музафаровна

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *