29 ноябри соли 2024 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” аз 24 декабри соли 2022, №1920 ҳамоиш ҳарбӣ-ватандӯстӣ таҳти унвони “Хизмат ба Ватан шарафи ҷавонмардист!” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ, садори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши кумита Иброҳимзода Амир, намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҳотамиён Абдурашид, сардори раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Нурализода Ноилшоҳ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Неъматуллозода Фаридун, хатмкардаи институти сайҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон-сарбози Қисми ҳарбии 051.055-и Гвардияи миллӣ Фармонбеков Бежан ва наздики 500 нафар омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
Ҳамоиши мазкур бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, сипас сардори раёсати ташкилӣ-тарбиявӣ ва робита бо ҷомеа Нурализода Ноилшоҳ ҳозиринро аз номи раёсати донишгоҳ, бахусус ректори он доктори илмҳои иқтисод, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ташрифи меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам ва барои ҳамкориҳои судмандашон бо донишгоҳи мо ҷиҳати тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон миннатдорӣ баён намуданд.
Сипас муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ дар баромади худ қайд намуданд, ки Ватан мояи ифтихору сарбаландии ҳамаи мо ба шумор рафта, хизмат ба он вазифаи ҳар шаҳрванд мебошад. Мо худ шоҳид будем, ки афсарони далеру шуҷои мо дар майдонҳои набард борҳо бар зидди гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ, ҳифзи сарҳади давлатӣ, қочоқи маводи мухаддир мардонагиву далерӣ нишон дода, истиқлоли мамлакат, сулҳу субот, амнияти миллӣ ва тартиботи ҷамъиятии кишварро ҳифз ва уҳдадориҳои ҳарбии худро бо сари баланд иҷро намудаанд. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми вохӯрӣ бо ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, «мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва дилпурем, ки онҳо минбаъд низ истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро чун сипар ҳимоя мекунанд».
Тибқи талаботи моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст». Меъёри мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дошта, ин рисолатро сарбаландона ва бо ҳисси ватандӯстӣ адо карда, дар ҳимояи марзу буми мамлакат аз мудохилаи дохилию берунӣ саҳми назаррас гузоштан мояи ифтихори ҳар фарди ватандӯст маҳсуб мешавад.
Дар идомаи ҳамоиш намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҳотамиён Абдурашид баромад намуда, зикр намуданд, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ҳамасола ду маротиба шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ даъват карда мешаванд. Қонуни мазкур синни даъвати шаҳрвандонро аз 18 то 27 муайян намудааст ва тартиби даъват мувофиқи меъёрҳои қонун дар мавсими тирамоҳ ва баҳор сурат мегирад.
Ҳамасола мушоҳида менамоем, ки аксари ҷавонони мамлакат бо ифтихор ва ҳувияти баланди миллӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои адои хизмати Модар-Ватан мераванд ва сарбаландона марзу буми Тоҷикистонро аз хатару таҳдидҳо ҳимоя менамоянд.
Хизмати ҳақиқии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ марҳилаи муҳими ҳаёти ҳар ҷавон ба шумор меравад. Зеро дар артиш ҷавонон на танҳо аз мактаби хуби ҳаёт мегузаранд, балки дӯстони ҳақиқӣ пайдо мекунад ва аз ҷиҳати ҷисмониву маънавӣ обутоб меёбанд. Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизматчии ҳарбӣ имкон дорад, ки худро аз ҳама беҳтарин нишон диҳад, дарк кунад, ки ӯ воқеан ба чӣ қодир аст, зеро дар он ҷо метавонад омодагии хуби ҳамаҷониба гирад, малакаҳои барои ҳаёт муфидро омӯзад, боинтизом шавад, тарзи кори дастҷамъона ва пайдо кардани дӯстони якумраро ёд гирад. Вале аз ҳама муҳим, ҷавонон дӯст доштан ва ҳимоя намудани Ватанро ёд мегиранд.
Имрӯз бояд дар замири ҳар ҷавон муҳаббат нисбат ба Ватан, сарзамин, давлат ва хоки диёр ҷӯш занад. Ҷавонони воқеие ҳастанд, ки бо хоҳиши худ ё баъди хатми донишгоҳҳо ба сафи артиш рафта, хизматро адо намудаанд ва бо эҳсоси баланду ғурури миллӣ ва боварии комил баргаштанд.
Дар анҷом, аз ҷониби дастаи ҳаваскорони донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ ба марази тамошо гузошта шуд, ки бо ҳунару истеъдод ва таронаҳои дилнишини худ хотири меҳмонон ва иштирокчиёни ҳамоиши мазкурро болида гардониданд.