Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ) яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар маҳсуб ёфта, фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалӣ, муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон, дастуру супоришҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илм ва қарорҳои Шурои олимони ДБССТ ба роҳ монда, барои татбиқи нуктаҳои асосии сиёсати давлатӣ дар самти маориф, илм, робитаҳои байналмилалӣ ва тарбиявӣ нақши муассирро иҷро менамояд. Шароити кунунӣ ва имкониятҳои мавҷуда, ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадааст, барои рушди илму инноватсия ва пешрафти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ба даст овардани натиҷаҳои назаррас ва ҳамқадами ҷаҳони муосир будани илми тоҷик ҳаматарафа мусоидат менамояд.
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 28 нафар докторони илм, 140 нафар номзадони илм ва дигар омӯзгорон дар баробари машғул гардидан ба корҳои таълимӣ, илмӣ ва тарбиявӣ дар навиштани мақолаҳои оммавӣ низ хеле фаъол мебошанд. Зеро, мақолаҳои оммавӣ дар баланд бардоштани руҳияи ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, маърифатнокӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эмин нигоҳ доштани аҳолӣ аз таҳдидҳои замони муосир нақши калидӣ дошта, онҳо воситаи тавонои таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ мебошанд.
Дар ДБССТ масъалаи мазкур зери таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбари ҷавону хирадманд ва меҳандӯст, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор мебошад. Омӯзгорони ДБССТ тавонистанд, ки танҳо дар соли 2024 зиёда аз 560 мақолаҳои оммавиро дар масъалаҳои гуногун, аз ҷумла истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, Рӯзи Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи парчами Тоҷикистон, Рӯзи Иҷлосияи тақдирсози 16, Рӯзи омӯзгор, Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ, масъалаҳои глобалӣ вобаста ба сулҳи ҷаҳонӣ, об, пиряхҳо, иқтисоди сабз ва монанди инҳо ба нашр расонанд. Аксарияти ин мақолаҳо дар рӯзномаи “Маърифати сайёҳӣ ва соҳибкорӣ”-и ДБССТ, пойгоҳи хабариву иттилоотии “Ховар”, “Ҷумҳурият”, Pressa.tj, саҳифаи расмии ДБССТ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук, Инстаграм, сомонаи расмии ДБССТ (iutet.tj), саҳифаи расмии раёсати илм ва инноватсияи ДБССТ, 6 институт ва факултетҳои таълимӣ, 2 институтҳои илмӣ ва раёсати тарбияи ДБССТ нашр ва бознашр гардидаанд. Бо дар назардошти бознашри мақолаҳо дар кулли саҳифаҳои расмии ДБССТ ва рӯзномаву маҷалаҳои ҷумҳуриявӣ миқдори онҳо зиёда аз 3200 – ро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, дар соли 2024 раёсати илм ва инноватсияи ДБССТ тавонист, ки ду маҷмӯи мақолаҳои оммавии омӯзгоронро нашр намояд, аз ҷумла маҷмӯаи “Паём роҳнамои миллат” (200 саҳифа) ва “маҷмӯаи мақолаҳои оммавии омӯгорони ДБССТ дар соли 2024” (1270 саҳифа).
Бояд гуфт, ки истифода аз сухан, далел ва андешаҳои мушаххасу асоснок, мақолаҳои оммавӣ ба ташаккул ва таҳкими арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии мардум, хусусан ҷавонон таъсири амиқ мерасонанд. Ҷиҳатҳои мусбати мақолаҳои оммавӣ чунинанд:
1. Мақолаҳои оммавӣ воситаи муассири бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихор аз кишвар мебошанд. Бо истифода аз мисолҳои қаҳрамониву ҷонфидоиҳо, таърихи пуршараф ва саҳми шахсиятҳои миллӣ дар рушду ҳифзи Ватан (бахусус нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – пешвои миллат, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон, қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳ Шотемур, Садриддин Айнӣ ва ғайра), мақолаҳо метавонанд дар ҷавонон эҳсоси масъулият ва муҳаббат ба сарзамини худро бедор кунанд. Онҳо ба таҳкими ҳувияти миллии аҳолӣ кӯмак намуда, дар шароити афзоиши ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ аҳамияти фавқулода муҳим доранд. Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 декабри соли 2022 “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” қабул гардид ва яке аз ҳадафҳои ин барнома низ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, эмин нигоҳ доштани онҳо аз ҳар гуна хатарҳои ҷаҳонишавӣ, таҳким бахшидан ба рушди маънавию ахлоқӣ, ҳидоят сохтани ин неруи бузург ба корҳои бунёдкорию созандагии кишвар, садоқат ба Ватан, нангу номуси миллӣ ва фароҳам овардани шароит барои таҳкими ҳувияти миллии онҳо ва дӯст доштани арзишҳои миллию фарҳангӣ мебошад. Яке аз василаҳои дар амал татбиқ намудани ин Барнома маҳз ҳамин мақолаҳои оммавӣ мебошанд. Вобаста ба масъалаҳои болозикр омӯзгорони ДБССТ тавонистанд, ки дар соли 2024 зиёда аз 170 чунин мақолаҳои оммавиро нашр созанд;
2. Худшиносӣ ва худогоҳӣ асоси ташаккули шахсият ва ҷомеаи амну пойдор мебошанд. Мақолаҳои оммавӣ бо шарҳи таърихи миллат, фарҳанг ва анъанаҳо ба хонандагон кӯмак мекунанд, ки асли худро бишносанд ва бо он ифтихор кунанд. Ин раванд на танҳо ба ташаккули ҳисси масъулият ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мусоидат мекунад, балки ҷавононро дар баробари таҳдидҳои идеологӣ ва фарҳангии беруна устувор мегардонад. Худшиносӣ ва худогоҳӣ дар якҷоягӣ инсонро ба зиндагии пурмазмун, масъулиятнокона ва ҳадафманд роҳнамоӣ мекунанд. Ҳамзамон, худшиносӣ ва худогоҳӣ инсонро ба рушди маърифатнокӣ, ахлоқи ҳамида ва муносибатҳои созанда бо дигарон ҳидоят мекунад, ки ин барои пешрафти шахсӣ ва устувории иҷтимоӣ муҳим аст;
3. Мақолаҳои оммавӣ метавонанд ҳамчун як василаи тарбияи маънавӣ ва ҷисмонӣ барои насли ояндасоз истифода шаванд. Бо тарғиби арзишҳои ахлоқӣ, одобу рафтори ҳамида, эҳтиром ба калонсолон ва муҳити зист, онҳо ҷавононро ба зиндагии солим ва масъулиятнок ҳидоят мекунанд. Дар мақолаҳои оммавии омӯзгорони ДБССТ дар ин самт, диққати асосӣ ба аҳамияти варзиш, тарзи ҳаёти солим ва саҳми он дар ташаккули шахсияти ҷавонон, хизмат дар сафи Қуваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карда шудааст. Торафт мураккаб шудани вазъи сиёсии ҷомеаи имрӯза, махсусан дар минтақа ва ҷаҳон аз ҳар як ҷавони кишвар тақозо менамояд, ки пеш аз ҳама дар ҳифзи якпорчагии Ватани худ омода буда, барои иҷрои қарзи фарзандӣ ба хизмати ҳарбӣ равад ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намояд. Барои ҳалли ин масъала ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Бояд гуфт, ки ҳамасола хатмкунандагони ДБССТ бо хоҳиши худ, бо дарки баланди ватандӯсти, ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ пайваст гардида, бо сари баланд хизмати Ватанро софдилона адо намуда истодаанд. Бинобар ин, дар солҳои оянда ҳайати профессорону омӯзгорони ДБССТ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки мақолаҳои сатҳи баланди оммавиро дар ин самт омода ва пешкаши хонандагон гардонанд;
4. Мақолаҳои оммавӣ ҳамчун воситаи маърифатнокӣ метавонанд сатҳи дониш ва шуури аҳолиро дар самтҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, экологӣ, фарҳангӣ ва ғайра баланд бардоранд. Бо пешниҳоди маълумоти муҳим дар бораи илм, фарҳанг, ҷомеа ва масоили муҳими рӯз, онҳо ба рушди тафаккури интиқодӣ ва худидоракунии ҷавонон мусоидат мекунанд. Инчунин, тарғиби арзишҳои инсондӯстӣ, аз қабили эҳтиром ба дигарон, кӯмак ба ниёзмандон ва ҳамгироӣ дар ҷомеа, ҷавононро ба шахсиятҳои ахлоқӣ ва масъулиятнок табдил медиҳад. Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардуми Тоҷикистон ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави сухандону суханвар, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносии аҳли ҷомеа озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман”, “Илм фуруғи маърифат”, “Беҳтарин шахси ҳуқуқдон”, “Беҳтарин донандаи конститутсияи Тоҷикистон”, Беҳтарин хонандаи асарҳои Пешвои миллат” ва монанди инҳо дар сол аз сол бо иштироки зиёди омӯзгорону донишҷӯёни ДБССТ баргузор гардида истодааст. Баргузории озмунҳои мазкур ба маърифатнокӣ, сатҳи дониш ва шуури омӯзгорону донишҷӯён таъсири амиқи худро расонида истодааст. Дар баробари ҳами ин, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳадафҳои болозикр аҳамияти бузург дорад. Ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи дониш ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ ва таҳкими волоияти қонун равона шудааст, ки барои пешгирии ҷинояткорӣ нақши муҳим дорад. Маърифати ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро беҳтар дарк намуда, дар ҳифзи онҳо фаъолона иштирок намоянд. Инчунин, маърифати ҳуқуқӣ ба ташаккули ҷомеаи ҳуқуқмеҳвар ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат мекунад. Эълони соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бо таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон аст. Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи рушди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоиро фароҳам овардааст. Таъкид шудааст, ки «рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аз сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад». Вобаста ба масъалаҳои болозикр омӯзгорони ДБССТ тавонистанд, ки дар соли 2024 зиёда аз 250 мақолаҳои оммавиро вобаста ба ин масъалаҳо нашр намоянд;
5. Мақолаҳои оммавӣ бо истифода аз намунаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва анъанавии миллат метавонанд ҳисси ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро ташаккул диҳанд. Маълумот дар бораи саҳми гузаштагони мо дар рушди фарҳанг ва ҷомеа ба ҷавонон имкон медиҳад, ки нақши худро дар ҳифзи ин арзишҳо дарк кунанд ва барои пешрафти минбаъдаи онҳо талош варзанд;
6. Дар шароити афзоиши таҳдидҳои муосир, аз ҷумла радикализми идеологӣ, экстремизм ва таъсири манфии фарҳангии беруна, мақолаҳои оммавӣ метавонанд ҳамчун як василаи муҳим барои баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷомеа хизмат кунанд. Бешубҳа, мушкилоти зиёде, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ инсоният бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст, масъалаҳои шиддатёбии хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, вусъат гирифтани радикализми динӣ, хурофотпарастӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, савдои одамон, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ амнияти давлатҳоро халалдор сохта истодаанд. Дастовардҳои муосири технологӣ дар баробари осон намудани фаъолият дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт шароитро барои роҳандозӣ намудани шаклу шеваҳои гуногуни расонидани зиён ба худи инсоният фароҳам сохтаанд. Аз ҷумла, барои гумроҳ сохтани наврасону ҷавонон ва ба сафи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҷалб кардани ин қишри осебпазир аз шабакаи интернет ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Бо пешниҳоди маълумоти дуруст ва таҳлилҳои амиқ, мақолаҳои оммавӣ ба ҷавонон кӯмак мекунанд, то таъсири манфии ин таҳдидҳоро шиносанд ва аз онҳо эмин бошанд.
Ҳамин тавр, мақолаҳои оммавӣ на танҳо як воситаи иттилоотӣ, балки ҳамчун як воситаи тавонои таъсиррасонӣ ба шуури ҷамъиятӣ, махсусан насли наврас, донишҷӯёну ҷавонон ва умуман аҳолии мамлакат мебошанд. Онҳо метавонанд дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, тарбияи маънавию ҷисмонӣ ва маърифатнокӣ нақши бузург бозанд. Дар шароити муосир, вақте ки ҷомеа бо таҳдидҳои гуногун рӯ ба рӯст, ин мақолаҳо метавонанд ҳамчун як воситаи қавии ҳифзи арзишҳо, рушди маърифат ва бедор кардани ҳисси масъулият дар ҷавонон хизмат кунанд. Ҷомеае, ки тавассути мақолаҳои оммавӣ бо чунин арзишҳо пурқувват карда мешавад, ба таҳкими сулҳ, рушди устувор ва якпорчагии миллӣ ноил хоҳад гардид.
Боварии комил дорам, ки ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар пайравӣ аз аз сиёсати сулҳҷӯёнаву маорифпарваронаи Асосгузору сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фаъолияти минбаъда, бо мақолаҳои оммавии худ дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ, тарбияи маънавию ҷисмонӣ ва маърифатнокии аҳолии кишвари маҳбубамон саҳми назаррас мегузоранд.
Сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Қудратов Некруз Абдунабиевич