Санаи 17-уми марти соли 2025 бо ташаббуси ду Институти назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон – Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз ва Институти илмӣ – тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ семинари илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Наврӯз ҳамчун бренди сайёҳии миллӣ ва воситаи таъмини рушди иқтисоди сабз” баргузор карда шуд, ки дар кори он ходимони илмӣ, коршиносон, муҳаққиқони соҳаи таърих, донишҷӯён ва хонандагони литсейи касбӣ иштирок доштанд.
Мувофиқи барнома семинарро директори Институти илмӣ- тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ профессор Иброҳимзода И.Р. ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар маърӯзаи худ роҷеъ ба таърихи ҷашни Наврӯз дар давраи шоҳ Ҷамшед, соли 2010 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мeҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо Қарори СММ байналмилалӣ эълон шудани он ҳамчун ҷашни байналмилалӣ ва ҷой доштани масоили рушди сайёҳӣ дар расму ойини суннатии ин ҷашн суханронӣ намуд.
Зимни маърӯзаи худ Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабз профессор Шарофзода Ф.Р. Наврӯзи байналмиллалиро чун бедории табиат, сабзу хуррамии Ватан, зебоӣ ва шодиву сурури мардум арзёбӣ намуда, Наврӯзи имсоларо дар ҳамбастагӣ бо ташаббусҳои пайгиронаи Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи татбиқи амалии сиёсати рушди устувор ва иқтисоди сабз “Наврӯзи сабз” номгузорӣ карданд. Ҳамзамон иштирокдорони семинарро бо ин ҷашни зебои сол табрик намуда, дар мувофиқат бо суннатҳову шиори “Рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек” аҳли нишастро, даъват ба он карданд, ки кинаву адоватро аз дил бурда, барои расидан ба ҳадафҳои “сабз”-и давлат дустиву рафоқат, якдиливу созандагӣ ва масъулияти хешро барои ободу сабзу хуррам гардонидани Ватани азизу маҳбубамон Тоҷикистон баланд намоянд.
Дар семинар Қосимӣ С.А. – доктори илмҳои филологӣ, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ иштирок намуда, дар мавзуи “Хусусиятҳои сайёҳатии ҷашни Наврӯз” баромад намуд, ки дар маърӯзаи худ дар бораи як қатор суннатҳои хоси ҷашни Наврӯз суханронӣ намуда, дар қиёс бо чандин барномаҳои байналмилалии давлатҳои Аврупо ва Осиё фикру андешаҳо ва пешниҳодоти худро оид ба эҳтиромгузорӣ ва қадршиносии ойини Наврӯз дар Тоҷикистон иброз намуд.
Маърузаи баъдӣ баромади меҳмони семинар, нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон Маҷид Салим дар мавзуи “Наврӯз дар осори ниёгон” буд, ки зимни баромад Маҷид Салим оид ба андешаҳои Умари Хайём дар “Наврӯзнома”, фикрҳои пешқадами Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” ёдовар шуда, порчаҳои назмии онҳоро ҳамчун далел оид ба таърих ва расму ойини Наврӯзӣ қироат намуданд, ки хеле ҷолиби диққат буд.