Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориҳои шарикии хешро бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии хориҷи кишвар ба роҳ монда, бо фароҳам овардани шароити муосир омӯзгорони соҳибтаҷрибаи хориҷиро барои кор ба донишгоҳ ҷалб намуда истодааст.
Бо ин ҳадаф шуруъ аз 10 апрели соли 2025 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон силсиламашғулиятҳо аз фанни иқтисоди ҷаҳон барои донишҷӯёни ихтисоси “Иқтисоди ҷаҳон”, гурӯҳи таҳсилаш бо забони англисӣ тариқи сиклӣ оғоз гардид, ки ба донишҷӯён мудири кафедраи бизнес ва иқтисоди Донишгоҳи Лингфилди Британияи Кабир профессор Ҷосс Болтон, хатмкардаи Мактаби бизнеси Лондон (London Business School) дарс медиҳад.
Чунин таҷриба дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар беназир буда, яке аз самтҳои муҳими байналмилалигардонии фаъолияти донишгоҳ ба шумор меравад.
Донишҷӯён дар рафти чунин дарсҳо имкон пайдо мекунанд, ки на танҳо сатҳи дониши худро баланд бардоранд, балки бевосита аз омӯзгорони хориҷӣ дарс омӯзанд, таҷриба гиранд ва сатҳи чаҳонбиниву забондонӣ ва малакаи касбии худро баланд бардоранд.