СИЁСАТИ ДӮСТӢ ВА ҲАМСОЯДОРӢ: ОМИЛЕ МУАССИР ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТИ МИНТАҚАВӢ

Таҳти чунин унвон 07 апрели соли 2025 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Ҳамоиш баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстиву ҳамсоядорӣ, муаррифии сиёсати сулҳҷӯёнаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва иҷтимоии ҷавонон арзёбӣ гардид.
Дар ҳамоиш муовини раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ муҳтарам Саодат Шукурзода, намояндагони сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки сиёсати сулҳпарварона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун намунаи барҷастаи сиёсатмадории муосир эътироф шудааст. Бо ибтикори Пешвои миллат Тоҷикистон ба ҳайси ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз ҷумла масоили об, амният, иқлим ва густариши фарҳанги ҳамзистии осоишта, нақши созандаро касб намудааст.
Иштирокчиён дар муҳокимаву мубодилаи афкор муҳимтарин дастовардҳои даврони истиқлол, аз ҷумла нақши дӯстиву ҳамсоядорӣ дар таҳкими суботи минтақавӣ, оини неки ҳамсоядорӣ, арзишҳои инсонпарварӣ ва густариши ҳамкориҳои созандаи байни халқҳоро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *