КАФЕДРАИ СОҲИБКОРӢ ВА ИҚТИСОДИЁТИ СОҲАВӢ
Маълумоти умумӣ:
- Таърихи кӯтоҳи кафедра
Кафедраи соҳибкорӣ ва иқтисодиёти соҳавӣ ҳамчун ҷузъи таркибии институти иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ буда, фаъолияти худро дар асоси талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оиннома, «Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда шудааст
Кафедраи соҳибкорӣ ва иқтисодиёти соҳавӣ бо қарори Шурои олимони Донишгоҳ аз моҳи августи соли 2024 таъсис дода шудааст.
- Самтҳои асосии фаъолият
Самти асосии фаъолияти илмии кафедра – масоили татбиқи ҳадафҳои стратегии малакат, аз ҷумла саноатикунонии босуръати кишвар, омӯзиши муаммоҳои микроиқтисодӣ ва макроиқтисодӣ дар таъмини рушди иноватсионии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсати бехатарӣ ва амнияти иқтисодӣ дар соҳаи иқтсиодии кишвар, мусоидат намудан ба татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди саонатикунони босуръат, истиқлолияти энергетикӣ ва татбиқи Стратегияи рушди саонати сабукро дар бар мегирад.
Вазифаҳои асосии кафедра:
- омӯзонидани моҳияти иҷтимоию иқтисодӣ ва нақши соҳибкории саноатӣ дар фаъолияти ҳамарўзаи донишҷўён омодасозии донишҷўён ба ҳаёти пурарзишу фаъоли ҷомеаи муосири саонатикунонӣ ва энергетикӣ;
- равшан гардонидани моҳияти равандҳои рушди иқтисодии ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи саноат ва энергетика дар чаҳонбинии илмии донишҷўён;
- таъмини фарогирии устувори саонатӣ ва энергетикӣ дар ҳамаи самтҳои иқтисодиёт;
- омӯзонидани асосҳои методии соҳибкории саноатӣ ва энергетика барои донишҷӯён ва магистрантҳо;