ТАБОДУЛИ АКАДЕМИИ ГУРӮҲИ НАВБАТИИ ДОНИШҶӮЁН БА ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ АВРУОСИЁ

    Маврид ба зикр аст, ки гурӯҳи навбатии донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон тибқи муқаррароти Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаи табодули академӣ ва созишномаи ҳамкорӣ ба Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилёв сафарбар гардиданд.
   Ҳадаф аз роҳандозии табодулии академии донишҷӯён омӯзиши таҷрибаи пешқадами омодасозии кадрҳо дар муассисаи таълимии болозикр, ҳамзамон баланд бардоштани малакаҳо ва салоҳиятнокии касбии донишҷӯён ва омӯзиши усулҳои нави таълим маҳсуб меёбад.
   Лозим ба ёдоварист, ки қабл аз сафарбаркунӣ барои донишҷӯён семинарҳои омӯзишӣ доир карда шуда, оид ба низоми таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ ва қоидаҳои будубош корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
    Бояд иброз намуд, ки табодули академии донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Малайзия, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва дигар давлатҳо идома ёфта, баҳри омодасозии онҳо ба барномаҳои табодули академӣ курсҳои ройгони омӯзиши забонҳои хориҷӣ роҳандозӣ гардидаанд.
🌎Раёсати робитаҳои байналмилалӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *