Гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иборат аз 12 нафар дар доираи барномаи табодули академӣ ва созишномаи ҳамкорӣ ба Донишгоҳи илм ва технологияи Шансии Ҷумҳурии Мардумии Чин сафарбар гардиданд.
Ҳадаф аз роҳандозии табодули академии донишҷӯён омӯзиши таҷрибаи пешқадами омодасозии кадрҳои баландихтисос дар муассисаи таълимии болозикр, ҳамзамон баланд бардоштани малакаҳо ва салоҳиятнокии касбии донишҷӯён, омӯзиши забони чинӣ ва усулҳои нави таълим маҳсуб меёбад.
Дар доираи барномаи табодули академӣ имкониятҳо ва шароитҳои мусоид фароҳам буда, таҳсил ва хобгоҳ барои донишҷӯён ройгон мебошад. Ҳамзамон, донишҷӯён барои истифодаи маводи таълимӣ дастрасии ройгон пайдо мекунанд.
Бояд иброз намуд, ки табодули академии донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар, аз ҷумла, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Корея, Ҳиндустон, Гурҷистон ва дигар кишварҳо идома ёфта, барои омодасозии онҳо ба барномаҳои табодули академӣ курсҳои ройгони омӯзиши забонҳои хориҷӣ роҳандозӣ гардидаанд.