ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ БАХШИДА БА ҶАШНИ 33-ЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Табрикоти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Убайдулло Асрорзода бахшида ба ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
   Муҳтарам ҳайати илмию омӯзгорӣ ва донишҷӯёну хонандагон!
   Бо камоли ифтихор ва эҳсоси гарми ватандорӣ Шуморо бо ҷашни бузурги 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик мегӯям!
   Истиқлол барои мо на танҳо як рӯйдоди таърихӣ, балки падидаи муқаддас аст, ки ба ҳар яки мо озодӣ ва ваҳдати миллӣ ато кард. Дар заминаи Истиқлол, Тоҷикистони азизи мо ҳамчун давлати мустақил бо сарварии роҳбари хирадманд ва дурандеш – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба дастовардҳои назаррас дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ноил гардид.
  Дар ин давра, мо шоҳиди таҳаввулоти бузурги иқтисодӣ, такмили сохтори давлатдорӣ, болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва тақвияти нақши байналмилалии кишвар гардидем. Ҳамаи ин дастовардҳо аз самараи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати оқилонаи роҳбарияти олии кишвар шаҳодат медиҳанд.
   Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба аҳаммияти таърихӣ ва таҳкими Истиқлоли Ватан қайд намудаанд, ки ” Истиқлол ин на танҳо озодӣ ва соҳибихтиёрии давлат аст, балки он маънои ҳақиқии истиқлолро барои ҳар як инсон дар худ таҷассум мекунад. Истиқлол – ин шарафи миллат, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ, эҳтиром ба таърих ва фарҳанги пурғановати халқамон аст. Истиқлол моро водор месозад, ки ба оянда бо эътимод нигарем ва барои рушди босуботи кишвари азизамон кӯшиши бештар намоем”.
   Таърихи Истиқлоли давлатӣ аз нахустин рӯзҳои он то ба имрӯз пур аз ташаббусҳо ва дастовардҳои назаррас мебошад. Истиқлол, ки бо кӯшишҳои фарзандони фарзонаи миллат ба даст омадааст, барои ҳар яки мо имкони зиндагии озод, пешрафти ҳамаҷонибаи ҷомеа ва рушду тараққиёти соҳаҳои гуногуни ҳаётро фароҳам овард.
   Дар ин муддат Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил роҳи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам карда, бо ташаббусҳои глобалӣ дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, махсусан дар самти об ва ҳифзи муҳити зист, ҳифзи пиряхҳо ва энергияи сабз, яке аз пешсафони арсаи ҷаҳонӣ гардид. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои худ дар соҳаи дипломатияи об тавонистанд диққати ҷаҳониёнро ба ин масъалаи ҳаётан муҳим ҷалб намоянд.
   Дар самти илм ва маориф, Истиқлол ба рушди беназири ин соҳаҳо мусоидат намуд. Дар давраи соҳибистиқлолӣ, даҳҳо мактабу донишгоҳҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ ва марказҳои таълимии нав бунёд гардида, шароити таълим ва таҳқиқоти илмӣ ба сатҳи нави ҷаҳонӣ бардошта шуд. Имрӯз, донишгоҳҳои мо бо шарофати ҳамкориҳои байналмилалӣ бо марказҳои илмии пешрафтаи ҷаҳон, имкон доранд, ки донишҷӯён ва муҳаққиқонро бо барномаҳои инноватсионӣ ва замонавӣ таъмин намоянд.
  Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ ҳамчун ҳамсол ва ҳамқадами Истиқлоли Ватан бо ифтихор аз ин дастовардҳо, дар пешрафти соҳаи маориф ва ҳамаи зинаҳои таҳсилот саҳми хешро мегузорад.
   Дар тӯли солҳои Истиқлолият, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба маркази илмию таълимӣ ва тадқиқотии сатҳи байналмилалӣ табдил ёфта, бо татбиқи барномаҳои таълимӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ ва омодасозии кадрҳои соҳибкасб, дар таъмини рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар нақши муҳим мебозад. Мо дар оянда низ талош дорем, ки ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, донишмандӣ ва масъулиятшиносӣ тарбия намуда, ба онҳо имконият диҳем, ки дар рушди минбаъдаи Ватан ҳиссагузор бошанд.
  Боиси ифтихор аст, ки дар соҳаи таҳсилоти олӣ Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон нахустин муассисаи дорои мақоми банйалмилалӣ мебошад ва дар доираи татбиқи сиёсати давлатии рушди кадрҳои баландихтисос, ба омодасозии мутахассисони ҷавон, ки дар арсаи ҷаҳонӣ рақобатпазир мебошанд, диққати махсус медиҳад.
Мо бо татбиқи барномаҳои таълимии инноватсионӣ, барномаҳои мубодилаи академӣ ва рушди малакаҳои касбӣ дар миёни донишҷӯён, аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Ин ҳамкориҳо на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи илмии донишгоҳ, балки ба таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва шинохти фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамоянд.
   Бо тамоми ин дастовардҳо, моро зарур аст, ки бо идомаи талошҳои худ барои таҳкими истиқлол ва рушди минбаъдаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ватани азизамон кӯшиш намоем. Мо бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки Истиқлол на танҳо як рӯйдоди таърихӣ, балки масъулияти бузургест, ки аз ҳар яки мо фидокорӣ ва ҳисси баланди ватандӯстиро талаб мекунад. Ҳар яки мо вазифадорем, ки бо меҳнати содиқона ва фаъолияти босамар, ба рушду нумӯи Ватани азизамон саҳми худро гузорем.
   Дар охир, бо орзуву ниятҳои нек, Шуморо бори дигар бо 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон комёбиҳои навин, саломатии бардавом ва сулҳу осоиштагиро таманно дорам.
Бигзор Истиқлоли давлатиамон ҳамеша поянда ва Тоҷикистони азизамон шукуфон бошад!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *