Дар идомаи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Индонезия, роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи Негерии Ҷакарта ва роҳбарони воҳидҳои сохтории он мулоқот анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои академиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, имкониятҳои табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, даъвати профессорон, ташкили таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ муҳокима шуданд.
Намояндагони ду донишгоҳ ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳо дар доираи созишномаи ҳамкорӣ расмӣ гардонида шуда, дар самтҳои мавриди назар амалӣ карда мешаванд.
Ҳамчунин, намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз пойгоҳи моддию техникии Донишгоҳи Негерии Ҷакарта, низоми таҳсилоти дуалӣ ва машғулиятҳои амалии донишҷӯёни он ошно гардиданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ, ба нишони дӯстӣ ва эҳтиром, ҷонибҳо ба якдигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Ҷакарта, Ҷумҳурии Индонезия