Танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ва нақши он дар рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои эҳёи соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ зарурияти созмон додани заминаҳои иқтисодӣ-ҳуқуқӣ ба вуҷуд омад. Дар ин ҷо пеш аз ҳама, қабули Конститутсияи соли 1994, тағйир додани муносибатҳои моликият ва давра ба давра ба амал баровардани ислоҳоти низоми иқтисодиро номбар кардан зарур аст.
Соҳибкорӣ фаъолияти мустақилонаи аз рӯи таваккал амалишавандаи шахсони бо тартиби муқаррарнамудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудае, ки барои ба даст овардани фоида аз истифодаи молу мулк, истеҳсол, фурӯши мол (иҷрои кор ё хизматрасони) равона шудааст.
Фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳолатҳои бо қонун муқарраршуда, яъне ба мақсади ҳимояи сохти конститутсионӣ, ахлоқ, таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигар, таъмини мудофиа ва бехатарии кишвар маҳдуд карда шуданаш мумкин аст. Ба ибораи дигар ҳатто маҳдудиятҳо дар фаъолияти соҳибкорӣ бояд бо қонун пешбинӣ шуда бошанд. Мунтазам ба даст овардани фоида мувофиқи таърифи қонунии фаъолияти соҳибкорӣ- мақсади асосии соҳибкор аст.
Мустақилияти соҳибкор дар интихоби озодонаи самт ва усулҳои кор, ихтиёран қабул намудани қарор, роҳ надодан ба дахолати беасоси ин ё он шахс ба корҳои хусусӣ, ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои соҳибкор, бо иродаи худ ва бо манфиати худ фаъолият намудан, зоҳир мешавад.
Мавқеъ ва нақши ҳуқуқи соҳибкорӣ дар низоми ҳуқуқӣ, мазмун ва сохти он дар адабиётҳои ҳуқуқӣ якхела фаҳмида намешавад. Барои дида баромадани ин масъала ба баъзе мафҳумҳои назариявӣ, аз ҷумла назарияи умумии ҳуқуқ ва назарияи ҳуқуқи соҳибкорӣ руй овардан зарур аст.
Якум, низоми ҳуқуқшиносӣ ва низоми ҳуқуқӣ истилоҳҳои ба ҳам алоқаманд бошанд, вале якхела нестанд. Низоми ҳуқуқӣ истилоҳи васеъ ва умумие мебошад, ки дар худ ҳам низоми ҳуқуқ ва ҳам дигар ҷузъҳои он, аз ҷумла идеологияи ҳуқуқӣ, тафаккур, шуур, маданият ва амалияи ҳуқуқӣ (ҳуқуқтадбиқкунӣ) ва амалиётҳои ҳуқуқиро дар бар мегирад.
Дуюм, низоми ҳуқуқӣ – як ҷузъи асоси низоми ҳуқуқшиносӣ ё ин ки асоси меъёрии он мебошад. Сохтори асосии низоми ҳуқуқ соҳаи ҳуқуқ мебошад. Соҳаи ҳуқуқ аз зерсоҳа ва институтҳои ҳуқуқӣ иборат аст. Ҷудо намудани соҳаҳо ва асоснок намудани мустақилияти онҳо на танҳо масъалаи муҳими илми ҳуқуқ, балки масъалаест, ки аҳамияти муҳими амалӣ дорад.
Аҳамияти хосаро дар танзими фаъолияти соҳибкорӣ қонун ишғол менамояд. Дар байни қонунҳо ҷойи аввалро қонунҳои конститутсионӣ, албатта пас аз Конститутсия, сипас қонунҳои ҷорӣ, қоидаҳо ва қонунҳои кодификатсияшуда ё ин ки кодексҳо ташкил медиҳанд.
Умуман нақш ва равандҳои фаъолияти бахшҳои хусусӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар ҳамаи баромадҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар масъалаҳои марбут ба соҳаи мазкур ҳамеша садо дода мешаванд, аз ҷумла:
Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд.
Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид.
Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду азнавсозӣ карда шуданд.
Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд.
Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд.
Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорони бонангу номуси кишвар барои ташаббусҳои созандаашон ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон миннатдории самимӣ изҳор менамоям.
Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки барои баланд бардоштани шаффофият, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва бартараф кардани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт тадбирҳои саривақтиро амалӣ созанд ва ташаббусҳои соҳибкоронро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд.
Бобоназарова Сайёҳат – ассистенти кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *