Дар доираи иштирок Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ (WTM – 2025) 3 ноябри соли 2025 намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Коллеҷи донишгоҳии Лондон (UCL) вохӯрии муҳим баргузор намуданд.
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муҳтарам Убайдулло Асрорзода ҳамчун аъзои ҳайат дар вохӯрӣ ширкат варзид ва ҳадафи калидии вохӯрӣ роҳандозии ҳамкориҳои дарозмуддат ва мутақобилан судманди байнимуассисавӣ маҳсуб меёбад.
Дар раванди музокирот ҷонибҳо масъалаҳои шарикии сатҳи баланд, аз ҷумла таъсиси барномаҳои таҳсилотии муштарак, ҷалби омӯзгорону муҳаққиқон ба лоиҳаҳои муштараки илмию инноватсионӣ, табодули таҷрибаи пешрафта дар такмили низоми идоракунии академӣ, роҳандозии табодули академии донишҷӯён ва ҳайати илмию омӯзгориро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
Маврид ба зикр аст, ки UCL бо таърихи беш аз 200-сола, дар радифи муассисаҳои пешрафтаи байналмилалӣ аз маъруфтарин муассисаҳои Британияи Кабир маҳсуб меёбад.
Вохӯрии мазкур ҳамчун оғози марҳилаи нави ҳамкории шарикӣ дар асоси шартномаи ҳамкорӣ арзёбӣ гардида, ба таҳкими мавқеи донишгоҳ дар фазои академии байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.














