ТАШАББУСҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДОИР БА ЗАХИРАҲОИ ОБУ ИҚЛИМ ДАР САЙЁРА

(Дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ)
Иқлими сайёра сол то сол тағйир ёфта, дар бархе аз минтақаҳои ҷаҳон гармшавии глобалӣ ва дар баъзе минтақаҳои дагари сайёра хушксолиҳои пайиҳам мушоҳида мегардад, ки ин боиси ба амал омадани офатҳои табиии марбут ба хушксолӣ, обшавии пиряхҳо ва аз қабили обхезиҳои шадид, дар минтақаҳои алоҳидаи сайёра гардидааст.
Вобаста ба ин, Пешвои миллат дар суханрониҳои худ иброз намудаанд, ки: «Тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама, ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ман оид ба ин масъала аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ борҳо таъкид карда будам. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаъҳои обҳои ошомиданӣ дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили экологӣ ҳарчи зудтар чораҳои зурурии муштаракро таҳия ва татбиқ намояд».
Тағйирёбии глобалии иқлим, хушксолиҳои пайиҳам ва сол то сол гармтар шудани сатҳи Замин, ин аз мушкилоти ҷиддии экологиест, ки тайи чанд даҳсолаи охир ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда мушкилоти бисёреро ба бор овардааст. Оқибати ин тағйирёбӣ ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ таъсиррасон буда, аллакай аз худ дарак дода истодааст.
Об дар ҷаҳон ва махсусан дар Осиёи Марказӣ неъмати бебаҳо, муҳимтарин унсури миллӣ ва амниятии минтақавист. Он дар баробари неъмати истеъмолии зарурии ҳаётӣ будан, асосан дар хоҷагии халқ бо мақсади обёрии замин ва тавлиди энергия истифода бурда мешавад. Ҳоло муайян карда шудааст, ки зиёда аз 90 фоизи оби ҳавзаи Баҳри Арал дар обёрии соҳаи кишоварзӣ сарф мегардад. Бо афзоиши аҳолӣ ва беш аз пеш расидани кишварҳои минтақа ба шукуфоии иқтисодӣ талабот ба об то рафт зиёд мешавад.
Дар паёми солонаи худ ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки “Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, тағйирёбии иқлим, хусусан, камобӣ ва хушксолиҳои пайиҳам дар бисёр кишварҳои дунё, болоравии нархи маводи ғизоӣ дар ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои зикршуда ба бозори истеъмолӣ ба вазорату идораҳои давлатӣ дастур доданд, ки тамоми имкониятҳоро барои рушди соҳаи кишоварзӣ сафарбар созанд”.
Ҳамин аст, ки ба масъалаи муносибати оқилонаю сарфакорона ба об ҳамчун неъмати бебаҳо ва бо чизе ивазнашавандаи табиат Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҷойгоҳи калидиро дар меҳвари сиёсати умумиҷаҳонӣ касб намудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо якчанд ташаббусҳои муфид оид ба истифодаи оқилонаи об аз минбари СММ баромад намуданд. Дар соҳаи сиёсати байналмилалии обӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои фаъол, ташаббускор ва аз субъектҳои асосии он ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори асосии Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), ҳамчунин Даҳсолаи байналмилалии «Амал об барои рушди устувор» (2018-2028) мебошад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи “Оро” қабул кард. Қатъномаи мазкур яке аз қатъномаҳои нодир маҳсуб мешавад, зеро дар он эълони Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (21 март) ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (Соли 2025) дарҷ гардидааст.
Ҳамзамон, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз асосгузорон ва узви фаъоли Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувор ва Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ аст. Аз ин лиҳоз, ҷумҳурии мо бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои наздисоҳилӣ бояд аз захираҳои оби дар ихтиёрдоштааш оқилона истифода намояд.
Ба андешаи олимони соҳа «Дар асри 21 экология ба қатори афзалиятҳои олии системаи глобалии муносибатҳои байналмилалӣ ворид мегардад». Таъмини сайёра бо оби тоза яке аз масъалаҳои муҳими глобалӣ ба ҳисоб меравад, ки имрӯз мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Давлатҳои зиёди сайёра дар баробари доштани сарватҳои зеризаминӣ, ба монанди нафту газ, аз норасоии оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Аз ин бармеояд, ки таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои об рӯз то рӯз бештар гашта, ҳалли ин мушкилот мавзӯи асосии конфронсҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ гаштааст.
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ташаббускорони шинохтаи сатҳи байналмилалӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи захираҳои обу иқлим дар сайёра шинохта шудааст, ки ин боиси ифтихори ҳамаи тоҷикони дунё мебошад.
Исмоилов Ҷамшед Қурбоналиевич – муаллими калони кафедраи географияи иқтисодӣ ва экологияи ДБССТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *