ТАШАККУЛИ ФАЪОЛИЯТИ ИННОВАТСИОНӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ

(Дар ҳошияи Паёми Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28.12.2024)
Дар шароити ҷаҳонишавӣ рушди инноватсионии иқтисодиёт ба афзоиши сифати зиндагии шаҳрвандон, кам кардани ақибмондагӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нигаронида шудааст, ки ин ба ҳамгироии байналхалқӣ мусоидат менамояд. Дар ин маврид, вазифаи муҳими рушди инноватсионӣ афзоиши истеҳсолот ва фурўши маҳсулоти технологиашон пешрафтаи рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ мебошад, ки онҳо бинобар дар таркиби худ доштани меҳнати зеҳнӣ ҳиссаи зиёди арзиши иловашударо моликанд. Дар кишварҳои мутараққӣ 80–95 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба ҳиссаи донишҳои нави дар техника ва технология таҷассум ёфта, усулҳои ташкили меҳнат, истеҳсолот ва идора, инчунин баланд бардоштани дараҷаи таҳсилоти аҳолӣ рост меояд.
Барои Тоҷикистон, ки дар ин ҷо иқтисоди бозаргонӣ ташаккул меёбад, сиёсати инноватсионӣ ба нигоҳдории илмию технологии мамлакат нигаронида шудааст. Таъмини рушди устувори минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат муайян намудани сиёсати нави давлатии инноватсиониеро тақозо дорад, ки он ба ояндаи устувори дарозмўҳлат нигаронида шуда бошад. Барои ин, муқаррар намудани тавозуни дурусти тақсими захираҳо байни давраҳои гуногуни сикли инноватсионӣ зарур аст. Оғози асри XXI нишон медиҳад, ки дар ҷаҳони муосир табаддулоти амиқи иттилоотию технологӣ сурат мегирад, ки вай ба ҳама ҷабҳаҳои истеҳсолоти муосир, ба ҳамаи низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ таъсири зиёд мерасонад. Қонуниятҳои ҷаҳони рушди инноватсионии маориф ва тайёр кардани кадрҳо, қонуниятҳои пайдоиш ва ҷорисозии кашфиёту ихтироот ва навгониҳои техникӣ, ташкилию иқтисодӣ, густариши (динамикаи) дараҷаи илмию техникӣ ва сифати маҳсулот мушкилиҳои иқтисодиёти бозаргонии муосирро нишон медиҳанд.
Яке аз воситаҳои асосии рушдиҳандаи иқтисодиёти миллӣ ин ба роҳ мондан фаъолияти ннноватсонӣ мебошад. Инноватсия ҳамчун механизми ташаккулдиҳандаи дигар соҳаҳо буда, барои дилхоҳ фаъолият замина муфиди инкишофро фароҳам меоварад. Аксарият давлатҳои рушдкарда фаъолияти инноватсиониро ҳамчун фишанги асосии пешбарандаи рушди устувори иқтисодиёти миллӣ маҳсуб медонанд.
Бинобарин фаъолияти инноватсонӣ доираи васеъро дар бар гирфта, ба сифати механизми инкишофдиҳандаи иқтисодиёт баромад менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушд додани фаъолияти ннноватсионӣ як қатор тадбирҳои амалиро ба роҳ монда, то имрӯз ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Агар ба таҳлилҳо назар афканем, иқтисодиёти кишвар бо истифода аз технологияҳои ннноватсионӣ марҳила ба марҳила рушд ёфта, устуворгардии бесобиқаи он ба чашм расида истодааст.
Бо мақсади боз ҳам вусъат додани фаъолияти инноватсионӣ аз ҷониби Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сани 28-уми декабри соли 2024 дар Паёми солона қайд гардид, ки “Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд”.
Воқеан, сатҳ ва суръати рушди илмию технологии ҳар як давлатро имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии он нисбат ба амалисозии фаъолияте муайян мекунад, ки ба таъмини амалкарди илм ва технология ҳамчун системаи ягонаи алоқаманд ба истеҳсолот равона карда шудааст. Натиҷаи асосии ин фаъолият ба вуҷуд овардани донишҳои нави илмӣ ва амалисозии минбаъдаи онҳо дар технологияҳои нав ва ё маҳсулоти нави тавассути ин технологияҳо истеҳсолшуда мебошад. Навъҳои нави технология ва ё маҳсулоти нав, навсозӣ ё навгониҳое мебошанд, ки самараи иҷтимоию иқтисодииро танҳо пас аз ёфтани татбиқи амалӣ, яъне дастрас кардан ба истеъмолкунанда ва табдил шудан ба инноватсияҳо таъмин менамоянд.
Ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ростои ин масъала саривақтӣ буда, тақозои суръатбахшии татбиқи иқтисодиёти инноватсиониро ба миён меоварад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалишавандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди фаъолияти инноватсионӣ устуворгардии иқтисодиёти миллӣ таъмин мегардад.
Ғафуров С.Х.- устод калони кафедраи идоракунии давлатӣ ва маҳаллии Донишгоҳи байналмиладии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *