ТАШКИЛИ МАШҒУЛИЯТҲОИ ДУАЛӢ ДАР ҲАФТАИ ИЛМ

    Тибқи нақша – чорабиниҳои Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва бо мақсади дар амал тадбиқ намудани сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди сайёҳӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизмарасонӣ бо сайёҳон, инчунин бо мақсади дар сатҳи баланд тарбия намудани мутахассисони соҳа, санаи 20.04.2024 аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни ихтисоси “Сайёҳии осоишгоҳӣ-табобатӣ” – и кафедраи бизнеси сайёҳӣ, рекреатсия ва меҳмондории факултети сайёҳӣ ба Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Осоишгоҳи “Хоҷа обигарм” хатсайри омӯзишии самти Душанбе – Варзоб ташкил карда шуд. Дар рафти ташкили хатсайр донишҷӯён аз тарзу усулҳои корҳои табобатӣ – осоишгоҳӣ ва инноватсионии осоишгоҳи мазкур маълумот ва таҷрибаи касбӣ гирифтанд. Дар воқеъ ташкил намудани чунин машғулиятҳои дуалӣ ҷиҳати таҳкими донишҳои назариявӣ ва баланд гардидани малакаи касбии донишҷӯён мусоидат намуда, раванди инкишофи илм бо истеҳсолотро қавӣ мегардонад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *