ТАШРИФИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ДОНИШГОҲ

20 майи соли ҷорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мансурӣ Дилрабо Сайдулло ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои саҳти ҷумҳуриявӣ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф овард.
Муовини Сарвазири мамлакатро дар ин сафар ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Камолиддин Рамазон ва дигар намояндагони Донишгоҳ ҳамроҳӣ намуданд.
Муҳтарам Мансурӣ Дилрабо Сайдулло дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз Ярмарка-намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ, ки бо ибтикори раёсати Донишгоҳ бо ҷалби корхонаву муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонии ватанӣ дар мувофиқа бо сохторҳои гуногуни давлатӣ ташкил гардида буд, дидан намуд. Дар рафти суҳбат бо намояндагони корхонаву муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонии ватанӣ, ки дар Ярмарка-намоишгоҳ ҷойҳои кории холӣ пешниҳод намуда буданд, тавсияҳои судманд дода шуд.
Ҳамзамон, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мансурӣ Дилрабо Сайдулло аз пойгоҳи моддӣ-техникӣ ва раванди таълим дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз наздик шинос гардида, ба имкониятҳои таҳсил ва шароитҳои мавҷудаи омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои сайёҳиву хизматрасонӣ баҳои баланд дод.
Сипас, меҳмонони Донишгоҳ дар ҷаласаи ифтитоҳии IV-умин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *