07 декабри соли 2024 муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф овард.
Меҳмони олиқадрро дар саҳни Донишгоҳ ректори ин боргоҳи илму маърифат профессор Асрорзода Убайдулло Саттор истиқбол намуда, ба Намоиши дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ дар замони соҳибистиқлолӣ шинос намуд.
Сипас, муҳтарам Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло аз ҷараёни дарсҳо ва пойгоҳи муосири омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои сайёҳию хизматрасонӣ аз наздик шинос шуда, ба фаъолияти таълимии ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ баҳои баланд доданд.
Баъд аз боздиди лаборатория ва марказҳои таълимӣ ва сӯҳбати ошкоро бо донишҷӯён дар конфронси илмию амалии байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.