ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШКАДАИ ТАЪЛИМИИ ФАРҲАНГИИ КОНФУТСИЙ БА ДОНИШГОҲ

    16 апрели соли 2024 ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муовини директор ва намояндагони Донишкадаи таълимии фарҳангии Конфутсий Сун Лаиши ташриф оварда, бо донишҷӯёни гурӯҳи таълимашон бо забони хитоии донишгоҳ вохӯрӣ доир намуд ва бо шароити таҳсили онҳо шинос гардид. Дар баробари ин, мавсуф бо донишҷӯён дар мавриди омӯзиши забонҳои хориҷӣ суҳбати муфид анҷом дод.
    Сипас, дар толори фарҳангии донишгоҳ бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони хитоӣ чорабинии фарҳангӣ-фароғатии муҳассилини Донишкадаи таълимии фарҳангии Конфутсий иборат аз суруду таронаҳо ва саҳнаҳои ҷолиб пешниҳоди устодону донишҷӯёни донишгоҳ карда шуд.
     Дар анҷоми чорабинӣ сардори раёсати робитаҳои байналмилалии ДБССТ Манучеҳр Садриддинов аз номи раёсати донишгоҳ меҳмонон ва ҳозиринро хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки чунин вохӯриҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои дуҷониба ба манфиати кор буда, дар оянда имкон фароҳам меоварад, ки дар пояи донишгоҳ Маркази таълимии Конфутсий таъсис дода шавад.
     Намояндагони Донишкадаи таълимии фарҳангии Конфутсий Сун Лаиши аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ карда, қайд кард, ки минбаъд низ чунин ҳамкориҳоро тақвият бахшида мешаванд ва доираи фаъолият боз ҳам густариш меёбад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *