Нимаи дуюми рӯзи 29 августи соли 2024 роҳбари муассисаи “ТAJIKOR”-и Корея Ҷаебок Сим, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф овард.
Меҳмонро муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Раҳимов М.А. ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ҷабборов Ф.А. ба ҳузур пазируфта, аз ташрифи меҳмон ва ҳамкориҳои пайвастаи донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Корея изҳори қаноатмандӣ ва арзи сипос намуданд.
Бояд иброз намуд, ки мулоқоти ҷонибҳо тибқи барнома сурат гирифта, дар раванди мулоқот масоили мубрами ҳамкориҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаи «TAJIKOR» дар самти таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, таъсиси паркҳои технологӣ, IT-паркҳо, ҷалби донишҷӯён ва омӯзгорони хориҷӣ, ташкили табодули академии донишҷӯёни донишгоҳ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳо роҳандозӣ гардида, дар доираи мақоми ваколатдори соҳа дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо ва шартномаи ҳамкорӣ роҳандозӣ мегарданд.
Ҳамзамон, намояндаи муассисаи болозикр бо дарназардошти дар сохтори ташкилии идоракунии Донишгоҳ ҷой доштани институтҳои илмию таҳқиқотии “Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ” ва “Иқтисоди сабз” оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои корҳои илмию таҳқиқотии муштарак низ омодагии хешро иброз намуд.
Раёсати робитаҳои байналмилалии ДБССТ