ТАШРИФИ РОҲБАРОНИ МТОК – и ҶУМҲУРИИ БЕЛАРУС БА ДОНИШГОҲ

28 ноябри соли ҷорӣ дар доираи Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ректори Донишгоҳи давлатии техникии Брест ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии технологии Белорус ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд.
Меҳмонон бо шароити омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои сайёҳию соҳибкорӣ ва пойгоҳи таълимии донишгоҳ аз наздик шинос шуда, ба он баҳои баланд доданд.
Сипас, мулоқоту музокироти судманди роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ректори Донишгоҳи давлатии техникии Брест ва муовини ректори Донишгоҳи давлатии технологии Белорус сурат гирифт.
Пас, аз мулоқот байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии технологии Белорус шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расида шуд.
Дар охир чун рамзи эҳтиром тӯҳфаҳои хотиравӣ ба меҳмонон тақдим гардиданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *