ТАШРИФИ ҲАЙАТИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ МАОРИФИ МИСР ВА ҚУВАЙТ БА ДОНИШГОҲ

5 декабри соли 2025 бо роҳнамоии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Иттифоқи касабаи маориф ва тадқиқоти илмии Миср ва Иттифоқи касабаи маорифи Қувайт бо сафари корӣ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳадафи асосии сафар таҳкими уфуқҳои нави ҳамкорӣ дар самти иттифоқҳои касаба, шиносоӣ бо пойгоҳи омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ, шароитҳои таҳсил ва имкониятҳои ҳамкорӣ дар самти рушди таҳсилот, таҳқиқоти илмии муштарак ва сайёҳӣ мебошад.

Ҳайатро муовини аввали ректор, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Раҳимов М.А., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Ҷабборов Ф.А., раиси Иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ Одиназода К.С. ва намояндагони донишгоҳ истиқболи самимӣ намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот самтҳои муҳими ҳамкории байналмилалӣ, табодули таҷриба, ҳамкориҳо дар самти омода намудани мутахассисони соҳа, роҳандозии барномаҳои муштарак бо муассисаҳои таълимӣ ва илмии кишварҳои Миср ва Қувайт, инчунин ташкили курсҳои такмили ихтисос баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон, меҳмонон аз инфрасохтори донишгоҳ, аз ҷумла синфхонаҳои таълимӣ, лабораторияҳо, марказҳои дипломатияи сабз, рақамикунонӣ, варзиши сайёҳӣ, меҳмонхонаи таълимӣ, студияи таълимӣ ва сохторҳои дигар дидан намуда, ба пойгоҳи мавҷудаи омодасозии мутахассисон баҳои баланд доданд.

Мавриди зикр аст, ки мулоқот роҳҳои нави рушди ҳамкорӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои касбӣ байни ҷонибҳоро боз намуд. Ҳайат аз фазои мусоиди донишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд таъкид карданд.

Дар интиҳо, ҷонибҳо ҳамчун рамзи дӯстӣ ва ифодаи идомаи робитаҳои самарабахш, ба ҳам туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Comments are closed.