ТАЪМИН НАМУДАНИ АМНИЯТИ КИБЕРӢ ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАҲОИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

(Дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аҳамияти таҳкими амнияти киберии кишвар, дастрасии технологияҳои навро барои муҳофизат аз ҳамлаҳои киберӣ ва тақвияти чораҳои мубориза бо ҷиноятҳои кибериро таъкид намуданд. Бешубҳа, ҷиноятҳои киберӣ ба амнияти миллии аксари кишварҳо хатари ҷиддӣ эҷод намудаанд. Бо рушди технологияҳои иттилоотӣ ва интернет, таҳдидҳои киберӣ мураккабтар, гуногунтар ва маъмултар шуданд.
Пешвои миллат қайд намуданд, ки “Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:
 Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.
 Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.
 Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ.
 Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ.
 Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.
 Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.
 Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ”.
Ҷаҳони муосир шоҳиди тағйироти бунёдӣ дар табиати ҷинояткорӣ гардида истодааст, ки ин раванд асосан бо рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК), тағйироти босуръат дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дигар омилҳои глобалӣ алоқаманд аст. Дар ин замина, амнияти киберӣ ба яке аз масъалаҳои стратегии муҳими миллӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст. Он на танҳо ба тамоми табақаҳои ҷомеа таъсир мерасонад, балки барои ҳифзи суботи давлат ва ҷомеа низ нақши ҳалкунанда дорад. Сиёсати давлатӣ дар самти таъмини амнияти киберӣ ҳамчун воситаи тақвияти амният ва эътимоднокии системаҳои иттилоотии давлат хизмат мекунад. Инсон, ҷомеа ва давлат ба таҳдидҳои афзояндаи киберҷинояткорӣ имрӯз бидуни таваҷҷӯҳи зарурӣ муносибат мекунанд.
Ҷиноятҳои вобаста ба технологияҳои иттилоотӣ ва фазои маҷозӣ рӯз аз рӯз мураккабтар ва хатарноктар мегарданд. Масалан, барномаҳои зараровар ё вирусҳои компютерӣ бо суръати баланд инкишоф ёфта, қобилияти пурра ва бебозгашт нобуд сохтани иттилоотро дар низомҳои сироятшуда соҳиб шудаанд. Инчунин, намудҳои нави ҷиноятҳои киберӣ, ки ба амнияти давлатӣ таҳдид мекунанд, дар амалияи ҷинояткорӣ ба назар мерасанд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, бо вуҷуди пешрафтҳо, ҳанӯз ба сатҳи зарурии ҷавобгӯии муосир нарасида, ниёз ба ислоҳ ва такмил дорад. Бо дарназардошти ин таҳдидҳо, таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва ташаккули сиёсати муассири давлатӣ, ки ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар фазои рақамӣ нигаронида шудааст, муҳимияти фавқулода пайдо мекунад. Қабули чораҳои фаъол ва саривақтӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити ҷаҳони рақамӣ муваффақ гардад. Ҷиноятҳои киберӣ – ин шаклҳои гуногуни ҳамлаҳои фазои рақамиро дар бар мегиранд, ба монанди ҳамлаҳои хакерӣ, ҷосусии киберӣ, қаллобии киберӣ, паҳнкунии барномаҳои зараровар, кибервандализм, кибертаҳдидҳо, терроризми ва экстремизми маҷозӣ, муомилоти маводи мухаддир дар шабакаҳо, ҷиноятҳои технологӣ алайҳи ширкатҳо, кибербуллинг ва киберхарассмент, амалиёти террористӣ бо истифода аз дронҳо, ҷиноятҳои экологӣ ва монанди инҳо.
Дар зер баъзе аз кибирҷиноятҳоро, ки бо рушди технология, тағйирёбии муносибатҳои ҷамъиятӣ ва дигар омилҳо шакли навро касб намудаанд ва бештар ба амнияти инсонҳову ҷамъият ва давлат таҷовуз меоваранд, таҳлил карда шудааст:
1. Қаллобии молиявӣ – бо рушди молияи электронӣ ва пардохтҳои маҷозӣ, шаклҳои нави қаллобии молиявӣ ба монанди фишинг, қаллобӣ бо корти бонкӣ ва схемаҳои криптовалютӣ ба вуҷуд омаданд. Қаллобии молиявии маҷозӣ намудҳои гуногуни амалҳои фиребгарӣ мебошанд, ки бо истифода аз шабакаи интернет ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи ғайриқонунии молиявӣ анҷом дода мешаванд. Ин нақшаҳои қаллобӣ метавонанд аз қаллобӣ бо корти кредитӣ то қаллобии молиявӣ, ки низомҳои пардохти электрониро дар бар мегиранд, фарқ кунанд. Дар зер баъзе намудҳои маъмули қаллобии молиявии маҷозӣ оварда шудаанд: а) фишинг (англ. phishing аз fishing «доштани моҳӣ, бо шаст доштани моҳӣ»), яъне фиристодани мактубҳои дидаву дониста бардурӯғ ё сомонаҳое, ки ҳамчун қонунӣ ба назар мерасанд, то одамонро фиреб диҳанд ва аз онҳо маълумоти ҳассос, аз қабили рамзҳо (паролҳо), рақамҳои корти кредитӣ ва маълумоти шахсиро ҷалб кунанд; б) қаллобии корти бонкӣ, яъне ғайриқонунӣ ба даст овардани маълумоти бонкӣ, нусхабардории тасмаҳои магнитии корт ё истифодаи воситаҳо (скиммерҳо) барои гирифтани маълумот аз банкоматҳоро дар бар мегирад; в) қаллобӣ ҳангоми хариди маҷозӣ – амалиёти беиҷозат, мағозаҳои қалбакии маҷозӣ, фурӯши молҳои қалбакӣ ё хидматҳои мавҷуд набуда. г) йаллобӣ дар тиҷорат, яъне амалҳои қаллобӣ дар соҳаи тиҷорат, аз ҷумла ҳисоботи молиявии қалбакӣ, сӯистеъмоли саҳмияҳо ё қаллобӣ дар суратҳисобҳои тиҷоратӣ. д) пирамидаҳои электронӣ. Нақшаҳое мебошанд, ки иштирокчиён ҳангоми интизори фоида аз иштирокчиёни нав пул мегузоранд, ки ин нишонаи хоси бисёр пирамидаҳои молиявӣ мебошад; е) мактубҳои тиҷоратии электронӣ (Business E-mail Compromises), ҳамлаҳои қаллобие мебошанд, ки дар онҳо ҳамлагарон мактубҳоро барои фиреб додани кормандони ширкат ва гирифтани маблағҳои молиявӣ ё маълумоти ҳассос истифода мебаранд. ё) ҳамлаҳои вирусӣ ба маълумоти молиявӣ. Истифодаи нармафзори зараровар барои дуздии маълумоти бонкӣ, рамзҳо (паролҳо) ва дигар маълумоти молиявӣ.
Барои муҳофизат аз қаллобии молиявии маҷозӣ, риояи чораҳои эҳтиётӣ, аз қабили пешниҳоди маълумоти ҳассос дар сомонаҳои боэътимод, истифодаи паролҳои қавӣ, насби нармафзори зиддивирусӣ ва ҳушёрӣ ҳангоми кор бо паёмҳои электронӣ ва муомилоти маҷозӣ муҳим арзёбӣ мегардад.
2. Кибер таҳдид. Таҳдидҳо, иръоб ва тамаъҷӯӣ дар шакли рақамӣ, ба монанди бастани маълумот ё таҳдидҳо барои ифшои маълумоти махфӣ ба таври васеъ содир гардида истодаанд. Кибертаҳдид (ё шантажи маҷозӣ) як шакли фаъолияти ҷиноятӣ мебошад, ки дар он ҳамлагарон технологияи рақамӣ ва интернетро барои таҳдид, иръоб, тамаъҷӯӣ ё фишор ба ҷабрдидагон истифода мебаранд. Кибертаҳдид аксар вақт таҳдиди ифшои маълумоти ҳассос (вобаста ба ҳаёти шахсӣ), нашри маълумоти беобрӯкунанда ё ворид кардани тағйироти зараровар ба маълумотҳои рақамиро дар бар мегирад. Ин гуна ҳамлаҳо метавонанд ҳам ба шахсони алоҳида, ҳам ба ширкатҳо, ташкилотҳо ва ҳатто муассисаҳои давлатӣ равона карда шаванд. Хусусиятҳои асосии кибертаҳдидҳо инҳо буда метавонанд: а) таҳдиди ифшои иттилоот. Кибертаҳдидкорон аксар вақт таҳдид мекунанд, ки агар талаботи онҳо иҷро нашавад, маълумоти махфӣ, шахсӣ ё беобрӯкунандаро ошкор мекунанд; б) тамаъҷӯии молиявӣ. Аксар вақт ба сифати иддао ҷуброни молиявӣ талаб карда мешавад. Кибертаҳдидчиён дар ивази ифшо накардан ё нест кардани маълумоти беобрӯкунанда пардохтро талаб мекунанд; в) ҳамлаҳо ба маълумоти шахсӣ. Кибертаҳдид метавонад таҳдидҳои ифшои шахсиро ба монанди аксҳо, видеоҳо, мукотиба ва дигар маълумоти ҳассосро дар бар гирад.
Кибертаҳдид ба амнияти шахсӣ, обрӯ ва амнияти иттилоотӣ таҳдиди ҷиддӣ дорад. Мубориза бо ин намуди ҷинояткорӣ омӯзиши корбарон, истифодаи технологияҳои муосири киберамният ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар бар мегирад.
3. Ҷиноятҳои технологӣ алайҳи ширкатҳо. Шикастан ва ҳамлаҳо ба шабакаҳои ширктаҳо бо мақсади дуздии иттилооти тиҷоратӣ, моликияти зеҳнӣ ва ғайра яке аз таҳдидҳои асосӣ ба амнияти иқтисодӣ башумор мераванд. Ҷиноятҳои технологӣ алайҳи ширкатҳо намудҳои гуногуни амалҳои ҷиноятӣ мебошанд, ки бевосита ба фаъолияти ширкатҳо ва ё технологияҳои иттилоотии онҳо нигаронида шудаанд. Ин ҷиноятҳо метавонанд ангезаҳои гуногун дошта бошанд, аз ҷумла фоидаи молиявӣ, рақобатпазирӣ, ҷосусӣ ва вайрон кардани махфият ва яклухтии (комиллии) маълумот. Намунаҳои пашнгаштаи ҷиноятҳои технологӣ алайҳи шикратҳо ҳамлаҳои хакерӣ, қаллобии киберӣ, дуздии моликияти зеҳнӣ, спам ва фишинг, рад кардани расонидани хизмат аз (DDoS) ҳамла, таҳдидҳои дохилӣ ва ғайраҳо мебошанд, ки шарҳи баъзеи онҳо дар боло оварда шудааст.
Мубориза бо ҷиноятҳои технологӣ алайҳи ширкатҳо татбиқи воситаҳои муосири амнияти киберӣ, омӯзиши кормандон, мониторинг ва таҳлили рӯйдодҳои шабака ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқро талаб мекунад. Дар чунин маврид тавсия дода мешавад аз барномаҳои литсензионӣ бештар истифода баранд.
4. Кибербуллинг ва киберхарассмент (Cyberbullying or cyberharassment), яъне таъқиби маҷозӣ, таҳдидҳо ва тамаъҷӯӣ тавассути интернет, ки аксар вақт ба шахсони алоҳида нигаронида шудаанд.
Кибербуллинг (ё таъқиби маҷозӣ) – ин як шакли байналмилалии таъқиб ва таҳдид мебошад, ки воситаҳои алоқаи рақамиро ба монанди шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмҳо, форумҳо ва дигар платформаҳои онлайнро истифода мебарад. Кибербуллинг рафтори систематикӣ ва вайронкунандаро бо мақсади зарар расонидан ба некӯаҳволии эмотсионалӣ ва равонии шахси дигар дар бар мегирад. Инҳо метавонанд таҳқир, таҳдид, ифшои маълумоти шахсӣ, сохтани профилҳои қалбакӣ бо мақсади таҳқир ва ғайра бошанд. Кибербуллинг метавонад махсусан барои наврасон ва ҷавонон зараровар бошад ва ба саломатӣ ва некӯаҳволии онҳо таъсири ҷиддӣ расонад.
Киберхарассмент – ин истилоҳи васеъест, ки рафтори номатлуб, таҳдидкунанда ё таҳқиромезро тавсиф мекунад ва технологияро ҳамчун воситаи амалӣ кардани таъқиб истифода мебарад. Дар баробари таъқиб, он, инчунин метавонад шаклҳои дигари ҳамлаҳои маҷозӣ, ба монанди озори ҷинсӣ, табъиз, нажодпарастӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
Ин истилоҳҳо рафтори маҷозиеро тавсиф мекунанд, ки метавонанд ба ҳолати равонӣ ва эмотсионалии шахсони ҷабрдида оқибатҳои ҷиддӣ расонанд. Роҳҳои мубориза бо кибербуллинг ва киберхарассмент иборатанд аз таълим, фароҳам овардани муҳити амнияти маҷозӣ ва ҷорӣ кардани қонунҳо ва сиёсатҳое, ки ба ҳифзи қурбониёни эҳтимолӣ нигаронида шудаанд.
5. Вайронкунии маҷозии ҳуқуқи муаллифӣ, истифода ё паҳн кардани ғайриқонунии ҳуқуқҳои муаллифӣ дар муҳити рақамӣ. Ин фаъолиятҳои гуногунро дар бар мегирад, ки қонунҳои ҳуқуқи муаллифиро дар заминаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ вайрон мекунанд. Инҳоянд чанд намунаи вайронкунии ҳуқуқи муаллиф: а) вайрон кардани ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар шабакаи интернет: бе иҷозати соҳибҳуқуқ таҷдид, паҳн кардан ва тарзи дигари истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он; паҳн, тайёр, ворид намудан бо мақсади паҳн кардани таҷҳизот ё пешкаш кардани хизмат, ки барои сарфи назар кардан ё ба сарфи назар намудани ҳар як васоити техникии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он пешбинӣ гардидааст, имкон медиҳад ё мусоидат мекунад; бе иҷозати соҳибҳуқуқ барҳам ё тағйир додани ҳар гуна иттилоъ дар бораи идоракунии ҳуқуқҳо; б) шикастани ҳифзи рақамӣ, яъне бартараф кардани воситаҳои техникии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф, ба монанди системаҳои идоракунии ҳуқуқи муаллифии рақамӣ (DRM); истифодаи нармафзори роҳзан: зеркашӣ, насб ва истифодаи нармафзор бидуни иҷозатнома ё иҷозати мувофиқ; в) тақаллубии ҳуқуқҳои муаллифӣ. Муаррифии асар ҳамчун азони худ, вақте ки он воқеан асари муаллифи дигар аст.
Вайронкунии ҳуқуқҳои муаллифӣ дар шабакаи интернет ба соҳаҳои эҷодӣ ва моликияти зеҳнӣ таҳдид мекунад, даромади соҳибони ҳуқуқро коҳиш медиҳад ва метавонад ба ҳавасмандгардонии эҷоди асари нав таъсир расонад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳо ва чораҳои ҳифзи ҳуқуқи муаллиф мавҷуданд ва онҳо барои пешгирии вайронкунии киберӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани вайронкунандагон мукаммалиятро талаб мекунанд.
Ҳарчанд ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ Қонуни ҶТ «Дар бораи иттилооткунонӣ» аз 6–уми августи соли 2001, Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиллоот» аз 10–уми май соли 2002 , Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иттилоот» аз 2–юми декабри соли 2002, Қонуни ҶТ «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» аз 30–юми июли 2007, Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» аз 25–уми марти соли 2011, Қонуни ҶТ «Дар бораи криптография» аз 3–юми декабри соли 2012, Қонуни ҶТ «Дар бори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз 19–уми марти соли 2013, КҶ ҶТ аз 21 майи соли 1998, Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7–уми ноябри соли 2003, Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30–юми марти соли 2008 қабул гардида бошанд ҳам, барои муқовимат бо ин таҳдид ва хатарҳои замонавӣ самаранок нестанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи экспертизаи судӣ техникаи-компютерӣ ва видео-овозшиносӣ (аз соли 2010), шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳо дар соҳаи амнияти иттилоотӣ дар сохтори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2013), шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои кибернетикӣ дар назди Прокуратураи генералии ҶТ (аз соли 2015) ва Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо дар Дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ (аз соли 2023) дар муқовимат бо киберҷиноятҳо нақши муассир доранд.
Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири Паёми хеш (соли 2023) дуруст таъкид намуданд, ки “ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем”.
Ҳамин тавр, ҷиноятҳои киберӣ чораҳои дахлдори мубориза ва муқовимат, аз ҷумла беҳтар кардани амнияти киберӣ, таҳияи қонунҳо ва сиёсатҳои нав, ҳамкорӣ байни давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро талаб мекунанд ва мо бояд ба он фавран омода бошем. Дар сурати наандешидани чораҳои муасир ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум зарари ҷиддӣ расиданаш аз имкон дур нест.
Сардори раёсати илм ва инноватсияи ДБССТ – ҚУДРАТОВ Н.А.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *