Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
e-mail: info@iutet.tj
www: www.iutet.tj
Мудири кафедраи таърих ва фалсафа
Email avsamad@bk.ru
Тел: 919 99 75 27
Маълумоти мухтасар
Ҳайдаров Авсамад Алифбекович – мудири кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ
Номбурда соли 1986 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро (рӯзона) бо ихтисоси филолог-шарқшинос хатм кардааст. Солҳои 1986-1988 Хизматчии ҳарбии (Афсари) Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ дар Афғонистон, солҳои 1988-1991 инструктори калони ҷамъияти ҷумҳуриявӣ “Китоб”, Солҳои 1991-2004 ассистент, устоди калони кафедраи ҷомеашиносии Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Солҳои 2004 – 2013 устоди калони кафедраи фарҳанги соҳибкорӣ ва забони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, солҳои 2013-04.2014 и.в. мудири кафедраи фарҳанги соҳибкорӣ ва забони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, солҳои 2014-2022 Мудири кафедраи фарҳангшиносӣ ва забонҳои Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат феълан, баъди тағйирот дар сохтор и.в. мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат. Аз сентябри соли 2022 то ҳол Мудири кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда истодаанд.
Дар Шурои диссертатсионии Д 047.016.01 назли Академияи таҳсилоти Тоҷикистон соли 2012 зери роҳбарии д.и.п., профессор Хоҷаев Қурбон Тоирович ҳимоя намудааст.
Дар давоми фаъолияти таълимӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 100 корҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ, аз ҷумла: 4 васоити таълимӣ, дастурҳои методӣ ва комплексҳои таълимӣ-методӣ, 1 монография ва зиёда 95 мақолаҳои илмӣ (аз ин миқдор 22 мақола дар маҷалаҳои тақризшаванда) иҷро шудааст.
Барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф ва илм, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос соли 2013 бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, қадрдонӣ шудааст.
Ҳайдаров Авсамад Алифбекович бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбияти хеш курси пурраи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи равияи илмҳои ҷомеашиносӣ соли 2019 хатм намудааст.
Профессори кафедраи таърих ва фалсафа
E-mail: namoz-hotamov@mail.ru
Тел: 918-21-55-36
Маълумоти мухтасар
Ҳотамов Намоз Бассарович аз сентябри 1995 дар вазифаи профессори кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор мекунад.
Профессор Ҳотамов Н. Б. соли 1967 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро, бо ихтисоси муаллими таърих хатм кардааст. Солҳои 1967-1969 аспиранти кафедраи ИҶШС (СССР) – и Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, солҳои 1969-1970 хизмати ҳарбӣ дар қувваҳои мусаллаҳи СССР, солҳои 1970-1971 идомаи таҳсил дар аспирантураи Университети Давлатии Тоҷикистон, солҳои 1971-1980 ассистент, устоди калон, и.в. дотсенти кафедраи ИҶШС (СССР) Университети Давлатии Тоҷикистон, солҳои 1980-1995 ходими илмии шуъбаи давраи шуравии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 1995 то ҳол Профессори кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳастанд.
Соли 2015 профессор ҳотамов Н.Б ду китоби фундаменталии таълимиро чоп намуданд, ки яке аз онҳо китоби нави “Таърихи халқи тоҷик” бо иловаю тағйиротҳо буда он дар ҳаммуалифи навишта шуда, китоби дуюмашон бошад “История банков и предпринимательства в Средней Азии (60-е годы XIX в. – 1917 г.), соли 2018 монографияи”Свержение эмирского режима в Бухаре”-ро чоп намуданд. Дотсент Базарова С.Ш соли 2012 монография бо номи “Инновация образования: национальная политика, её процессы и перспективы модернизации”-ро чоп намуданд. Профессор ҳотамов Н.Б яке аз муаллифони асари бисёрҷилдаи «Таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон», (қисмати иқтисодиёт) ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин профессор ҳотамов Н.Б давоми соли таҳсил 3 конфронси байналхалқӣ (ш. Душанбе, дар ш. Хуҷанд ва ш.Қазони Федератсияи Россия) ва 3 конфронси ҷумҳуриявӣ бо маърузаҳо баромад намуданд.Дар бобати корҳои инноватисонӣ (лоиҳавӣ) бошад дар соли 2018 профессори кафедра ҳотамов Намоз Басарович барои силсилаи корҳои илмӣ дар мавзӯи “ Таърихи бонкҳо ва соҳибкорӣ дар Осиёи Миёна (солҳои 60-уми асри ХІХ- соли 1917) сазовори Дипломи Дорандаи ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ.
Профессор Ҳотамов як аз шахсиятҳои нотакрор ва барҷастаи халқи тоҷик шинохта шуда, дар давоми фаъолияти таълимӣ-таҳқиқотӣ худ зиёда аз 200 корҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ ба анҷом расонидаанд.
Email: maina.i@mail.ru
Тел.: 908-84-73-04
Маълумоти мухтасар
Илчибекова Маина Отамбековна – дотсенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа, дотсент.
Номбурда соли 1987 Донишкадаи педагогӣ ба номи Т.Г. Шевченкоро бо ихтисоси таърих ва ҳуқуқ (омӯзгор) хатм намудааст. Соли 1998, Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси андоз ва андозбандӣ хатм намудааст. Солҳои 1980-1982 Коргари савхози ба номи Ленини ноҳияи Рӯшон, солҳои 1987-1994 ассистенти кафедраи фалсафаи Донишкадаи педагогӣ ба номи Т.Г. Шевченко, солҳои 1994-1996 директори фирмаи “Зардушт”, Солҳои 1996-2012 дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон, аз сентябри 2021 то ҳол Дотсенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байна лмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор ва фаъолият доранд.
Дар Шурои диссертатсионии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 зери роҳбарии д.и.ф., профессор Шоназар Шоисматуллоев ҳимоя намудааст.
Дар давоми фаъолияти таълимӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 100 корҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ, аз ҷумла: 3 васоити таълимӣ, дастурҳои методӣ ва комплексҳои таълимӣ-методӣ, 2 монография ва зиёда аз 95 мақолаҳои илмӣ (аз ин миқдор 21 мақола дар маҷалаҳои тақризшаванда) иҷро шудааст.
Рахматуллоева Гулханда Абдуллоевна
E-mail: gul.rakhmatulloeva@gmail.com
Тел:938691410
Маълумоти мухтасар
Рахматуллоева Гулханда Абдуллоевна – и.в.дотсенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгохи байналмилалии сайёхи ва сохибкории Точикистон, номзади илмхои филологи.
Номбурда соли 1994 ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев дохил шуда курси пурраи факултаи таъриху филологияро дар соли 1999 бо ихтисоси филолог тамом кардааст. Соли 2000-ум дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба ҳайси лаборант кору фаъолият оғоз намуда, соли 2002 ба аспирантураи назди Донишгоҳ, (шуъбаи ғоибона), дохил шуда, соли 2006 онро хатм намудааст. Соли 2001 ба вазифаи ассистент кору фаъолият намуда соли 2010 ҳамчун муаллими калони кафедра эътироф гардида аз ҷониби раёсати Донишгоҳ бо ифтихорномаҳо қадр карда шудааст. Солхои 2012-2015 мудири кафедраи педагогика, равоншиносӣ ва методикаи таълими фанҳои Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик М. Назаршоев, солхои 2019-2021 дар мудири кафедраи педагогика, равоншиносӣ ва методикаи таълими фанҳои Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи академик М. Назаршоев, солхои 2022-2023 дар вазифаи декани факултети филологияи тоҷики Донишгохи давлатии Хоруғ ба номи академик М. Назаршоев, моҳи ноябри соли 2023 ходими пешбари илмии шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номиАбӯабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ, мохи сентябри соли 2024 и. в. дотсенти кафедраи таърих ва фалсафа кору фаъолият намуда истодааст.
Дар Шурои диссертатсионии 6D. КОА- 033 – и назди МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон ғафуров» рисолаи номзадии мазкур бо унвони «Муносибатҳои гендерӣ дар фолклори маросимии занҳои Бадахшон»-ро тахти рохбарии профессор Р. Рахмони химоя намудааст. Дар давоми фаъолияти таълими-тахкикоти муаллифи зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ дар мачаллахои такризшаванда буда, мақолаҳо сирфан вобаста ба сохаи фолклоршиноси мебошанд.
Барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17. 08. 2015, № 24 02 қадр карда шудааст.
Раҳматуллоева Гулханда Абдуллоевна бо максади баланд бардоштани сатхи касби соли 2017 курси пурраи такмили ихтисоси омузгорони муассисахои тахсилоти олии касбии назди Донишгохи миллииТочикистон аз руи равияи илмхои педагогиро гузаштааст.
Барои тадкикотхои илми рочеъ ба масъалахои фарханги ва фаъолияти кории намунави бо нишони «Аълочии фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 27. 12. 2022, № 38 кадр карда шудааст.
Шарифзода Фирдавс – н.и.т., дотсенти кафедраи таърих ва фалсафа
Email: sharifzoda-f@mail.ru
Тел: 934272432
Маълумоти мухтасар
Шарифзода Фирдавс дотсенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих
Номбурда соли 2008 Донишгоҳи славиянии Россия -Тоҷикистонро (рӯзона) бо ихтисоси фарҳангшинос хатм намудааст. Солҳои 2008-2011 Ходими калони илмӣ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот, солҳои 2011-2013 аспиранти Институти илмӣ таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 2013-2015 Сардори шуъбаи фаъолияти иҷтимоӣ -фарҳангии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанг ва иттилоот, солҳои 2015-2019 Муовини сардори шуъбаи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2019-2020 Котиби Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, солҳои 2021-2023 Докторанти кафедраи таърихи халқи тоҷик, муовини декан оид ба корҳои таълимии факултети таърих ва ҳуқуқ, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. Аз ноябри соли 2023 дотсенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда истодааст.
Соли 2014 дар Шурои диссертатсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Д 737.004.02 рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Социально-культурная деятельность музеев Таджикистана в период независимости (1991 – 2011 гг.)” зери роҳбарии д.и.т., профессор Акрамов З.И. дифоъ намудааст.
Дар давоми фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 50 асару мақолаҳо: аз ҷумла: 1 васоити таълимӣ, 1 барномаи таълимӣ, 2 монография, 3 дастури библиографӣ, 2 маҷмуа илмӣ ва 46 мақолаи илмӣ (аз ин миқдор 14 мақола дар маҷаллаҳои тақризшаванда) нашр шудааст.
Барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи фарҳанг соли 2016 бо нишони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.
E -mail: gulomova 2018 @mail.ru
Тел.: 985635354
Маълумоти мухтасар
Ғуломова Мавзуна Сироҷовна – и.в. дотсенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа.
Соли 2008 Донишгоҳи Давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси сотсиология бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 2010-2011 ҳамкори соатбайъи кафедраи сотсиологияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон, соли 2011-2012 лаборанти калони кафедраи онтологияи ва назарияи маърифати Донигоҳи Миллии Тоҷикистон, солҳои 2012-2015 ассистенти кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳи Милли Тоҷикистон, солҳои 2015-2018 аспиранти шуъбаи рузонаи кафедраи кори иҷтимоии факултети фалсафаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст. Аз солҳои 2018 и.в. дотсенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгощи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда истодаанд.
Дар Шурои диссертатсионии назли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли 2022 зери роҳбарии д.и.п., профессор Идиев Хайриддин Усмонович ҳимоя намудааст.
Дар давоми фаъолияти таълимӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 47 корҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ, аз ҷумла: 1 монография ва 46 мақолаҳои илмию оммавӣ (аз ин миқдор 8 мақола дар маҷалаҳои тақризшаванда) иҷро шудааст.
Ғуломова Мавзуна Сироҷовна бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбияти хеш курси пурраи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи равияи низоми кредитӣ соли 2013 хатм намудааст. Ҳамчунин курси кӯтоҳмуддати забони англисиро соли 2023 дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳикории Тоҷикистон аз худ намудааст.
Давлатова Озодамоҳ Сафомудиновна – номзади илмҳои фалсафа
Маълумоти мухтасар
Давлатова Озодамоҳ Сафомудиновна – омӯзгори калони кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа
Номбурда соли 2014 Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро (рӯзона) бо ихтисоси фалсафа хатм кардааст. Солҳои 2014-2024 ассистент, номзади илмҳои фалсафаи кафедраи фалсафи Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ. Аз сентиябри соли 2024 номзади илмҳои фалсафаи кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда истодаанд.
Дар Шурои диссертатсионии Д 73.1.006.02 Академияи Миллии илмҳои Тоҷикистон соли 2022 зери роҳбарии д.и.ф., профессор Назариев Рамазон Зибуҷинович ҳимоя намудааст.
Дар давоми фаъолияти таълимӣ – таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 8 корҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ, аз ҷумла: 1 дастури методӣ, 1 монография ва 6 мақолаҳои илмӣ (дар маҷалаҳои тақризшаванда) иҷро шудааст.
Давлатова Озодамоҳ Сафомудиновна бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбияти хеш курси пурраи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро аз рӯйи равияи илмҳои ҷомеашиносӣ соли 2023 хатм намудааст.
Тел.: 919-98-66-63
E–mail: ikrom. Sharipov @mail.ru
Маълумоти мухтасар
Шарипов Икром Ибронович – омӯзгори калони кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Номбурда соли 1981 Донишкадаи педагогии ба номи Т.Г.Шевченко бо ихтисоси муаллими фанҳои умумии техникиро хатм намуда, соли 1995 Академияи Вазорати Умури Дохилаи Тошканд-Душанберо бо ихтисоси хуқуқшинос хатм кардааст. Солҳои 1983-1998 Корманди Вазорати Корҳои дохилӣ (майёри миллитсия) буда, солҳои 1998-2007 омӯзгори МТМУ №78 н.Фирдавсӣ, ш. Душанбе, солҳои 2007-2014 маъмури бинои 2-3 Донишкадаи сохибкорӣ ва хизмат, солҳои 2014-2018 Ассистенти кафедраи ҷомеашиносии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, аз соли 2018 то ҳоло устоди калони кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият намуда истодаанд.
Дар давоми фаъолияти таълимӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 38 мақолаҳои илмию оммавӣ ба табъ расидааст. Шарипов Икром Ибронович бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбияти хеш курси пурраи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи равияи илмҳои ҷомеашиносӣ соли 2019 хатм намудааст.
E-mail: sharipov.a @mail.ru
Тел.: 985085842
Маълумоти мухтасар
Шарипов Абдулваҳоб Маҳдиевич – омӯзгори калони кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Номбурда соли 1995 Донишгоҳи давлатии Ростови лаби Дон бо ихтисоси сотсиолог хатм намудааст. Солҳои 1996-2000 Мушови ректори ширкати ҷумҳуриявии воридотию содиротии “Қарордод”, солҳои 2001-2013 омӯзгори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кулоб ба номи А. Рудакӣ, солҳои 2014-2015 Ходимӣ илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2015-2016 ассистенти кафедраи фалсафа ва таърихи Донишкадаи соҳибкори ва хизмат, солҳои 2016-2019 ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи молия ва иқтисодӣ Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст. Аз соли 2020 то ин ҷониб омӯзгори калони кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда истодаанд.
Дар давоми фаъолияти таълимӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 58 мақолаҳои илмиву омаввиро ба табъ расонидааст. Ҳамзамон баҳри баланд бардоштани савияи омӯзгории худ курси кӯтоҳмуддати забони анлисиро дар соли 2023 дар назди Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хатм намудааст.
Ақризоев Мақсуд Маҳрамбекович – омӯзгори калони кафедраи таърих ва фалсафа
Email: akrizoev92@mail.ru
Тел: 501173192
Маълумоти мухтасар
Ақризоев Мақсуд Маҳрамбекович – омӯзгори калони кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ
Номбурда соли 2014 Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоевро бо ихтисоси таърих ва ҳуқуқ хатм кардааст. Солҳои 2014 – 2015 омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 – и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, аз моҳи ноябри соли 2015 то августи соли 2016 омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 – и шаҳри Хоруғ, солҳои 2016 – 2022 ассистенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев аз моҳи сентябри соли 2022 ба ҳайси ассистенти кафедраи ҷомеашиносии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонкор ва аз моҳи октябри соли 2023 то ҳол ба ҳайси омӯзгори калони кафедраи таърих ва фалсафа кор ва фаъолият намуда истодаанд.
Солҳои 2015 – 2017 магистранти Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев аз рӯйи ихтисоси “Таърихи ватанӣ” ва солҳои 2017-2020 зинаи доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020300 – Таърихи ватанииро хатм намудааст.
Дар Шурои диссертатсионии 6D. КОА-035 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соли 2022 таҳти роҳбарии н.и.т., дотсент, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи А. Айнӣ рисолаи илмии худро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) аз рӯйи ихтисоси таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ ҳимоя намудааст.
Дар давоми фаъолияти таълимӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 45 корҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ, аз ҷумла: 2 васоити таълимӣ, дастурҳои методӣ, 1 монография ва 42 мақолаҳои илмӣ (аз ин шумора 10 мақола дар маҷалаҳои тақризшаванда) оид ба соҳаҳои мухталифи таърихи ватанӣ, таърихнигорӣ ва этнография иҷро намудааст.
Ақризоев Мақсуд маҳрамбекович бо мақсади баланд бардоштани сатҳи ксбияти хеш курси пурраи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳлислоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи равияи илмҳои ҷомеашиносӣ соли 2018 хатм намудааст.
E-mail: m.javhar92@mail.ru
Тел.: 008089288
Маълумоти мухтасар
Шоназар Ҷавҳар Муносиб – Аз 17 августи соли 2020 дар вазифаи ассистент ва аз октябри соли 2023 дар вазифаи омӯзгори калони кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор мекунад.
Соли 2014 Донишгоҳи шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Н.-ро, бо ихтисоси таърих ва ҳуқуқ хатм намудааст. Солҳои 2014 ба ҳайси магистранти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 2016 бо мувафақият онро хатм намудааст. Солҳои 2016-2019 Аспиранти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2014-2018 ҳуҷҷатгузори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ. Аз августи соли 2020 то 2023 ассистенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Аз октябри соли 2023 то ҳол Омӯзгори кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилаии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон. Дар давоми фаъолияти таълимӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 37 мақолаҳои илмию оммавӣ ба табъ расидааст.
E-mail: abibov94@ mail.ru
Tel.: 989141436
Маълумоти мухтасар
Ҳабибов Судошан Иззатуллоевич – омӯзгори калони кафедраи таърих фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Номбурда соли 2017, Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакиро бо ихтисоси таърих ва ҳуқуқ (омӯзгор) хатм намудааст. Соли 2017-2020 аспиранти Иниститути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Донишии Академияи милли илмҳои Чумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2018-2019 омӯзгори литсейи назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, солҳои 2019-2024 сссистенти кафедраи ҷомеашиносии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, аз июни соли 2024 то ҳол устоди калони кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор ва фаъолият менамояд.
Дар давоми фаъолияти таълимӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 40 корҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ, аз ҷумла: 1 васоити таълимӣ, 4 дастурҳои методӣ ва комплексҳои таълимӣ-методӣ ва 35 мақолаҳои илмӣ (аз ин миқдор 4 мақола дар маҷалаҳои тақризшаванда) иҷро шудааст.
Барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф ва илм, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои баландихтисос соли 2023 бо ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.
Ҳабибов Судошан Иззатуллоевич бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбияти хеш курси пурраи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи равияи илмҳои ҷомеашиносӣ соли 2022 хатм намудааст.
Абдуллоева Латофат Музафаровна
E–mail: abdulloeva.l.a@gmail.com
Тел.: 988759091
Маълумоти мухтасар
Абдуллоева Латофат Музафаровна – асисстенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Соли 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дипломи (аъло), бо ихтисоси сиёсатшиносӣ – маъмур хатм кардааст. Солҳои 2014-2018 ба ҳайси аспиранти рӯзонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Солҳои 2019-2020 мутахасиси шуъбаи кор бо бонувони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ, аз моҳи апрели соли 2020 то ҳол ба ҳайси ассистенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Дар давоми фаъолияти таълимӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 47 корҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ, аз ҷумла:1 китоби дарсӣ дар ҳам муаллифӣ, 1 дастурҳои методӣ ва 45 мақолаҳои илмию оммавӣ (аз ин миқдор 14 мақола дар маҷалаҳои тақризшаванда) иҷро шудааст.
Абдуллоева Латофат Музафаровна бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбияти хеш курси пурраи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯйи равияи илмҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ соли 2021 хатм намудааст. Инчунин соли 2022 курси пурраи такмили ихтсоси омӯзгорони таҳсилоти олии касбии дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз рӯйи равияи маҳорати педагогиро хатм намуда, ҳамзамон соли 2022 курси кӯтоҳмуддати забони русӣ ва соли 2023 забони англисиро дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро хонда ба анҷом расонидааст.
E-mail:
Тел.: 201209191
Маълумоти мухтасар
Воҳидова Ноила Абдулфатоевна – ассистент дар кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкори Тоҷикистон.
Номбурда соли 2010, Донишгоҳи давлатии милли Тоҷикистонро бо ихтисоси Ҷомеашинос ( Сотсиолог) хатм намудааст. Баъдан дар солҳои 2012-2017 дар рӯзномаи “Миллат” рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” хабарнигор ва муовини котиби масъул буда, солҳои 2018-2022 дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба Садриддин Айнӣ ба ҳайси омӯзгори кафедраи фалсафа кор ва фаъолият кардаст. Солҳои 2022-2023 Дар боғчаи кӯдаконаи “Шарора” муррабия гуруҳи тайёри ба мактаб бо забони русӣ кор кардааст. Аз 1.09.2024 то ҳол ба ҳайси ассистент дар кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкори Тоҷикистон фаъолият дорад. Воҳидова Ноила Абдулфатоевна Дар давоми фаъолияти таълимӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда 47 мақолаҳои илмиву оммавӣ ба табъ расонидааст.
Муборакалиев Фарҳод Салимбойевич
Телефон: 501123787
Маълумоти мухтасар
Соли 2016, ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзод бо ихтисос франсавӣ-минтақашиносиро хатм намудааст. Соли 2020 зинаи магистратураи ДДОТ ба номи С. Айнӣ ихтисос забони франсавӣ (омӯзгори) хатм намудааст, баъдан соли 2023 зинаи доктор PhD – и ДДОТ ба номи С. Айнӣ, ихтисос таърихи фалсафа таҳсил намуда, корҳои илмиаашро давом дода истодааст.
Аз 01.09.2020 то 25.05.2024 ассистенти кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ буда, аз 01.09.2024 то ҳозир ассистенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда истодааст.
Тел.: 559697878
Маълумоти мухтасар
Фарангиси Иззатулло – ассистенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Номбурда соли 2015, Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакиро бо ихтисоси таърих ва ҳуқуқ (омӯзгор) хатм намудааст. Солҳои 2015-2021 Омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ дар Мактаби таҳсилоти умумии №2 деҳаи Кӯҳдоман, ноҳияи Ш.Шоҳин, вилояти Хатлон кор ва фаъолият намудааст. Баъдан солҳои 2021 – 2022 Омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи Мактаби миёнаи умумии №24 шаҳри Душанбе ноҳияи Фирдавсӣ фаъолият намуда аз сентябри соли 2022 то ҳол ассистенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад.
Дар давоми фаъолияти таълимӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 15 мақолаҳои илмию оммавӣ ба табъ расонидааст. Фарангиси Иззатулло бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбияти хеш курси кӯтоҳмуддати забони руссиро соли 2023 дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро хонда ба анҷом расонидааст.
Тел.: 918845517
Маълумоти мухтасар
Воҳидова Робия Комилҷонова – вазифаи ассистенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Номбурда соли 2022, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро бо ихтисос таърих ҳуқуқ ( омӯзгор) хатм намудааст. Аз сентябри соли 2023 то ҳол ассистенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор ва фаъолият дорад.
E-mail: zokirovboboshari6@gmail.com
Тел.: 908800889
Маълумоти мухтасар
Зокиров Бобошариф Мирзоевич – ассистенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Номбурда соли 2019, Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ бо ихтисоси таърих ва ҳуқуқ (омӯзгор) хатм намудааст. Аз январи соли 2021 то ҳол ассистенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият дорад. Ҳамзамон курси кӯтоҳмуддати забони руссиро соли 2023 дар назди Донишгоҳи байналмилали сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хатм намудааст.
Тел.: 985725735
Маълумоти мухтасар
Сидиқова Шоира Мирзоалиевна – ассистенти дар кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкори Тоҷикистон.
Номбурда соли 2019, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ихтисоси олигофренопедагогика – таърих хатм намудааст. Солҳои 2022-2024 ба ҳайси магистри Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро хатм намуда, солҳои 2019-2020 ба ҳайси омӯзгор дар Мактаби таҳсиоти умумии № 16 н. Шоҳмансур кор ва фаъолият намудааст. Солҳои 2021-2024 ба ҳайси лабаранти кафедраи таърихи умумӣ ва мносибатҳои байналхалқии факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буда, аз соли 2024 ассистенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.
E-mail:
Тел: 978909292
Маълумоти мухтасар
Раҳмияи Сайдамир Каримзода – ассистенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ Тоҷикистон.
Соли 2013 Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси Равоншинос (психолог) хатм намудааст. Солҳои 2013-2015 магистранти Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм намуда, баъдан солҳои 2020-2023 докторанти Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон хатм намудааст. Солҳои 2014-2018 Коллеҷи муҳандисӣ, омӯзгории шаҳри Душанбе кор ва фаъолият намуда аз 17.08.2018 то июли 2021 ассистенти кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат буда, аз моҳи августи соли 2024 то ҳол асситенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад. Дар давоми фаъолияти таълимӣ-таҳқиқотӣ аз ҷониби ӯ зиёда аз 25 мақолаҳои илмиву оммавиро ба табъ расидааст.
Раҳмияи Сайдамир Каримзода бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбияти хеш курси пурраи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди соли 2016 дар равияи “Методикаи таълими истеҳсолот касб” дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикисон, соли 2016 дар равияи “Методология обучения взрослых” дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикисон, соли 2020 дар равияи “Таълими фанни диншинось дар муассисащои тащсилоти миёна ва олии касбӣ” дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Email: Akhmedovhasan24@gmail.com
Тел: 800009182
Маълумоти мухтасар
Ахмедов Ҳасан Аҳтамович – ассистенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳи ва соҳибкории Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих
Номбурда соли 2022 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (рӯзона) бо ихтисоси таърих ва ҳуқуқ хатм намудааст. Солҳои 2022-2024 магистратураи Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бо ихтисоси маъхазшинос хамт намудлааст. Аз сентябри соли 2024 ассистенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда истодааст.
Раҳимбекова Садоқат Ширинбековна
Тел:908480333
Маълумоти мухтасар
Раҳимбекова Садоқат Ширинбековна – мутахасиси пешбари ҳуҷҷатгузори кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Номбурда соли 2015 Донишкадаи андоз ва молияро бо ихтисоси муҳосиб хатм намудааст. Солҳои 2011- 2019 “Тарроҳ” дар Ателеи дӯзандагии “Саидиён”. Дар шаҳри Душанбе кор ва фаъолият намуда, баъдан дар солҳои 2024-2024 Ландри (хушкашӯй) дар меҳмонхонаи “Хилтон” Дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, аз 19 октябри соли 2024 то ҳол мутахассиси пешбари (ҳуҷҷатгузори) кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳ байналмилаии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият намуда истодааст.
E.mail: lolanazrisho@ bk.ru
Тел: 934505630
Маълумоти мухтасар
Ёдгоршоева Лола Назришоевна- ассистент дар кафедраи таърих ва фалсафа Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкори Тоҷикистон.
Номбурда соли 1999 Донишгоҳи омӯзгории ба номи С. Айни. Аз соли-2000 ба ҳайси муаллимаи ДОТТ ба номи С.Айни ба кор фаъолият намудааст. То соли 2008 дар кафедраи “Ҳуқуқ” кор ва фаъолият намудааст. Аз соли 2011 то 2024 дар китобхонаи ба номи А.Лоҳути кор ва фаъолият кардааст. Соли 2025 ассистенти кафедраи “Таърих ва фалсафа” Донишгоҳи Байналмиллалии сайёҳи ва соҳибкори Тоҷикистон ба кор шуруъ намудааст.
Email: nasrullotj@gmail.com
Тел: +992 918147207
Маълумоти мухтасар
Насрулло Туйчизода 17 феврали соли 1988 таваллуд шудааст. Хатмкардаи факултаи фарҳангшиносии ДДСТ ба номи М. Турсунзода (соли 2010 бо дипломи аъло) ва аспирантураи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Тоҷикистон буда, соли 2019 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Телевидение как вид экранной культуры и его роль в трансформиющемся общесте ” (на примере таджикское телевидения) таҳти роҳбарии С. Раҳимов ҳимоя намудааст. Номзади илмҳои фалсафӣ буда, дар чандин конфронсҳои чумҳуриявӣ ва байналмилалӣ (Душанбе, Боку, ИМА, Ҷопон, Россия ва ғ.) баромад намудааст.
Солҳои 2022- 2024 дар бахши магистратураи Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкан, дар шаҳри Беппуи Ҷопон, дар самти ҳамкории муносибатҳои байналмилалӣ аз рӯи ихтисоси туризм таҳсил намуда, дар мавзӯи “Tourism development in mountainous regions: Case study of Tajik National Park” таҳти роҳбарии профессор Ҷ. Томас рисолаи илмӣ ҳимоя намудааст. То ин дам ба ҳайси мухбири махсуси медиа-холдинги “Чархи гардун”, мутахассиси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҳукумати шаҳри Душанбе, муовини сардабири маҷаллаи илмӣ -оммавии “Илм ва ҳаёт”, устоди кафедраи фалсафаи фарҳанги ДДОТ ба номи С. Айнӣ фаъолият бурдааст. Аълочии матбуоти тоҷик ва аълочии фарҳанги точик буда, муаллифи китобҳои “Таронаи чашмасор”(2000), “Қиссаи оҳуча”(2002) ва “Дунёи соҳибдилон”(2020) мебошад. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.
Аз 01 ноябри соли 2024 дар вазифаи номзади илмҳои фалсафа, муаллими калони кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кор мекунад.
Илчибекова Баргигул Отамбековна
E-mail: ilcibekovab @ gmail.com.
Тел: 931556166
Маълумоти мухтасар
Илчибекова Баргигул Отамбековна ассистенти дар кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи Байналмилалии Сайёҳӣ ва Соҳибкори Тоҷикистон. Номбурда соли-1995 Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандал Ҷураев хатм намудам.
Аз соли 1995 ба ҳайси муаллим ба кор шуру намудам. Аз соли 1998 ба ҳайси мудири кабинети кафедраи фаъолияти гумруки Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ шуру намудам. Аз соли 2008 то 2015 дар кафедраи ташкили назорати гумруки ба ҳайси асситенти кафедра фаъолият намудам. Аз соли 2018 то 2025 дар кафедраи гуманитари коледҷи техникии ба номи Осими кор ва фаъолият намудам. Аз соли 2025 ба ҳайси ассистенти кафедраи таърих ва фалсафаи Донишгоҳи Байналмилалии Сайёҳӣ ва Соҳибкори Тоҷикистон кор ва фаъолият дорам.
Саидиброимов Шозодаиброњим Одилшоевич
Email: Shozoda07@mail.ru
Тел: 935277171
Маълумоти мухтасар
Саидиброимов Шозодаиброњим Одилшоевич, номзади илмњои педагогї, аълочии маориф ва илми Љумњурии Тољикистон, узви мањфили «Адибони љавон»-и бахши Бадахшонии Иттифоќи нависандагон мебошад. Мавсуф 9-уми майи соли 1971 дар д. Синдев, н. Роштќалъа, ВМКБ дар оилаи маорифчї, шоир Шоњфутур Муњаббатшоњзода таваллуд ёфтааст. Тањсил: мактаби миёнаи раќами 74 (1979-1988). Тањсил дар факултаи филологияи тољики Донишгоњи давлатии Хоруѓ (1994-2000).
Фаъолияти мењнатї: мудири мактаби ибтидої дар мактабњои раќами 18, 14-и ш. Роѓун (1991-1993). Омўзгор, љонишини директор дар мактабњои раќами 41, 32-и н. Роштќалъа (1991-2005). Мушовири фанњои забон ва адабиёти тољики Донишкадаи такмили маълумоти касбии (ДТМК) ВМКБ (2005-2010). Сармуњаррири маљаллаи «Рањнамои омўзгор»-и ДТМК-и ВМКБ (2010-2014). Муовини директори ДТМК оид ба захирањои инсонї (2014-2015). Муовини директор оид ба њуќуќ ва робитањои байналмилалии филиали Донишкадади љумњуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соњаи маориф дар ВМКБ (2015-2016). Директори муассисаи давлатии Маркази муассисањои тањсилоти иловагии ВМКБ (2016-2018), мудири шубаи илм ва инноватсияи ФДЉТИБКСМ дар ВМКБ (2018-2019), муовини директори филиали донишкада оид ба таълим, илм ва инноватсия (2020-2021). Устоди Донишгоњи давлатии Хоруѓ ба номи Моёншо Назаршоев (2021 то кунун). Сармутахассис оид ба робита бо љомеа ва кор бо љавонони Намояндагии Бунёди миллии иљтимоии маблаѓгузории Тољикистон дар ВМКБ (20.07.2023 – 31.12ю2025).
Иљрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи таърих ва фалсафаи ДБССТ аз 02.01.2025
Саидиброимов Ш.О. соњиби 4 монография, зиёда аз 70 маќолаи илмї-методї, 10 дастури методї, 5 маљмўаи шеърњо бо номи: «Парвози хаёл»,-Душанбе-2019, «Корвони роњи шеър-Хоруѓ 2006, «Диёри вањдатобод»-Хоруѓ 2009, «Ќуллаи умед»-Душанбе, «Адиб»-2009, «Орзуи дил»-Хоруѓ 2006 мебошад.
Саидиброимов Ш. собиќаи кории беш аз 32 сол дар соњаи маорифи кишвар дошта, љињати фаъолияти хуб нишон додан дар соњаи маориф ва пешрафти њаматарафаи кишвар бо мукофотњои зиёд аз ќабили: Ифтихорномаи бахши бадахшонии Иттифоќи нависандагони Тољикистон-2018, ифтихорномаи Муассисаи давлатии «Маркази љумњуриявии муассисањои тањсилоти иловагї»-2016, аълочии маориф ва илми Љумњурии Тољикистон-2015, ифтихорномаи филиали Донишкада дар ВМКБ-2015, ифтихорномаи ДТМК-и ВМКБ-2014, ифтихорномаи раёсати маорифи ВМКБ-2013, 2006, ифтихорномаи Маќомоти иљроияи мањалии њокимияти давлатии ВМКБ-2005, ифтихорномањои шуъбаи маорифи н. Роштќалъа-2003 ва амсоли инњо сарфароз гардидааст.
08.05.2025 њимояи рисолаи доктории Саидиброимов Ш.О. дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-077 назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон доир мегардад.