Президенти Коллеҷи лифти Корея (КLC), яке аз бонуфузтарин муассисаҳои таълимии соҳавии Корея бо ҳайати профессорон ва донишҷӯён иборат аз 16 нафар ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд.
Меҳмононро ректори донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ба ҳузур пазируфта, аз ташрифи роҳбарият ва намояндагони муассисаи таълимии болозикр ва ҳамкориҳои пайвастаи донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбии Корея изҳори қаноатмандӣ ва арзи сипос намуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар раванди мулоқот масоили мубрами ҳамкориҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаи таълимии болозикр дар самти ташкили табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, таъсиси барномаҳои таҳсилотии муштарак, маркази омӯзиши забони куриёӣ, ҳамзамон роҳандозии ҳамкориҳо вобаста ба насб ва таъмири лифтҳо дар доираи Парки технологии донишгоҳ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳо роҳандозӣ гардида, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷонибҳо ва шартномаи ҳамкорӣ роҳандозӣ мегарданд.
Ҳамзамон, намояндагони ташкилоти болозикр бо дарназардошти дар сохтории ташкилии идоракунии донишгоҳ ҷой доштани 2 коллеҷ ва 4 литсейи касбию техникӣ оид ба ҳамкорӣ дар ин зинаҳои таҳсилот низ омодагии хешро иброз намуда, пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.
Профессорону донишҷӯёни Корея бо раванди таълим дар гурӯҳҳои таҳсилаш бо забонҳои хориҷии донишгоҳ, аз ҷумла забонҳои англисӣ, чинӣ, русӣ ва фаронсавӣ ошно гардида, ба сатҳу сифати омодасозии мутахассисон ва пойгоҳи мавҷуда дар ин самт баҳои баланд доданд.
Дар баробари ин, бо дарназардошти ба ҳайси раиси Федератсияи варзиши сайёҳии Тоҷикистон фаъолият намудани ректори донишгоҳ муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор пешниҳод намуданд, ки дар ин самт низ фаъолияти муштараки ҷонибҳо аз рӯйи намудаҳои гуногуни сайёҳии варзишӣ роҳандозӣ карда шавад.
Дар интиҳои вохӯрӣ ба сифати рамзи дӯстӣ ва эҳтиром ҷонибҳо ба ҳам тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.