Роҳбарияти Донишгоҳи Ситии Малайзия омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро, ки ҷиҳати иштирок дар курси такмили ихтисос ба ин донишгоҳ ташриф оварданд, самимона пазироӣ намуд.
Дар раванди мулоқот масоили мубрами ҳамкориҳо баррасӣ гардида, ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам тақвият додани робитаҳо, аз ҷумла дар самти ҷалби омӯзгорони тарафҳо, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳори андеша намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки сафари омӯзишии курси мазкур дар доираи сафари кории ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ва бастани шартномаи ҳамкорӣ бо ин донишгоҳи бонуфузи Малайзия, ки соли 2021 сурат гирифта буд, иттифоқ афтод.
Дар ин сафар омӯзгорони Донишгоҳ, ки иборат аз 8 нафар мебошанд, вобаста ба самтҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ, иқтисоди сабз, зеҳни сунъӣ, IT-технологияҳо ва маҳорати педагогӣ такмили касб мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин курсҳо дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ идома ёфта, давра ба давра омӯзгорон сафарбар карда мешаванд.