05 сентябри соли ҷорӣ дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили сазовори 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳ чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор зимни баромадии хеш ҳозиринро ба ин ҷашни пурифтихор табрику таҳният гуфта, фаъолияти пурсамарро барояшон таманно кард.
Қайд гардид, ки Истиқлол, ҳамчун бузургтарин дастоварди давлатдории миллӣ, ба мардуми шарифи Тоҷикистон имконият дод, ки дар фазои сулҳу субот, бо азму иродаи қавӣ ва меҳнати фидокорона, Ватани маҳбубамонро обод намуда, дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузоранд.Имрӯз мо бо ифтихор метавонем бигӯем, ки Истиқлол ба мо имкони рушд, эҳёи арзишҳои миллӣ ва тақвияти давлатдориро фароҳам овард.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, борҳо таъкид намудаанд, ки: “Истиқлол бузургтарин дастоварди миллат аст, ки мо бояд онро пос дорем ва барои наслҳои оянда бо тамоми қувват ҳифз намоем.” Ин суханон нишон медиҳанд, ки ҳар яки мо бояд дар ҳифз ва таҳкими ин неъмати бузург саҳми хешро гузорем.
Ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бо ифтихор иброз намуданд, ки бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд ҳамчун воҳидҳои сохтории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар робита ба ин, бо ифтихор метавон гуфт, ки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат барои рушди илму маориф ва баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти олӣ қадамҳои устувор мегузорад. Дар ин замина, яке аз ташаббусҳои муҳим, ки ба татбиқи босамари ин ҳадафҳо мусоидат мекунад, таъсиси шабакаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар мебошад. Имрӯз ман бо хушнудӣ хабар медиҳам, ки дар сохтори Донишгоҳи мо чунин шабакаҳо дар се минтақаи ҷумҳурӣ таъсис дода шудаанд: шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Данғара ва шаҳри Левакант.
Қайд карда шуд, ки ташкили чунин шабака ба мо имконият медиҳад, ки низоми таҳсилотро дар сатҳи ҷаҳонӣ такмил диҳем ва ҷавонони мо тавонанд дар шароити муносиб таҳсил намуда, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бошанд.
Сипас, дар асоси фармоиши ректори Донишгоҳ як қатор омӯзгорони Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд, Коллеҷи сайёҳӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд ва Донишкадаи байналмилалии Хуҷанд, барои меҳнати софдилона ва пурсамар дар раванди омодасозии мутахассисони баландихтисос бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Ифтихорнома” ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар охир бахши фарҳанги Донишкада бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ табъи ҳозиринро болида гардонид.
ш. Хуҷанд, ДБХ ДБССТ, 05.09.2024