Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

19 ноябри соли 2024 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса, дар доираи риояи расму русуми миллӣ бо иштироки доираи васеи меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид.
Ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бо ифтихори баланд кулли ҳозирин ва ҳайати бисёрнафараи донишгоҳ ва сохторҳои он дар вилоятҳои Хатлону Суғдро ба ҷашни пурифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният намуд.
Ректори Донишгоҳ қайд намуданд, ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти асосӣ ва нишони волои соҳибистиқлолии мост, ки дар худ таъриху фарҳанги миллатро таҷассум мекунад. Рӯзи Парчами давлатӣ на танҳо рӯзи ҷашн, балки рӯзи худогоҳии миллӣ ва қадршиносии арзишҳои истиқлол аст. Ин парчам дар саҳифаҳои таърихи миллат ҳамчун рамзи мубориза барои озодӣ ва соҳибихтиёрӣ сабт шудааст. Дирафши Коваён, ки дар гузашта ҳамчун рамзи адолат, ваҳдат ва қудрат шинохта шудааст, имрӯз бо шукӯҳи тоза дар шакли Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ парафшон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 2023 зикр намуда буданд, ки “Парчами давлатӣ ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ, таҷассумгари асосҳои таърихӣ, мероси ғановатманду арзишманди миллӣ, ифодагари мақсаду маром ва орзуву омоли мардуми куҳанбунёдамон, дар ҳақиқат мояи ифтихори ҳар фарди ватандӯсту ватандор мебошад”.
Парчами давлатӣ на танҳо нишони истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, балки рамзи фарҳангу тамаддун, орзую ормонҳои поки миллати тоҷик аст, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён бо шукӯҳи хоса муаррифӣ шудааст. Ин парчами муқаддас имрӯз бо саъю кӯшишҳои созандаи мардуми тоҷик дар партави сиёсати созандагӣ ва дастовардҳои беназири кишвари азизамон парафшон аст.
Имрӯз, вақте ки ин рамзи муқаддасро мебинем, мо бояд ифтихор намоем, ки шаҳрвандони кишвари соҳибистиқлолем ва вазифаи муҳимми ҳифз кардан ва боз ҳам баландтар афрохтани Парчами давлатии Тоҷикистони азизро бар дӯш дорем. Ин вазифа ҳар яки моро водор месозад, ки дар зиндагӣ бо садоқат ва меҳнат пеш равем, барои таҳкими сулҳу субот ва шукуфоии Тоҷикистон саҳм гузорем.
Имрӯз, мо бо ифтихор мебинем, ки Парчами давлатии Тоҷикистон на танҳо дар қаламрави Ватан, балки дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ парафшонӣ мекунад ва намояндаи қавӣ ва мустақилияти давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ аст. Дар ҳар мулоқоту машваратҳои сатҳи олӣ, конфронсу ҷаласаҳои байналмилалӣ, Парчами мо ҳамчун нишони сулҳ, эҳтиром ва дӯстию ҳамкорӣ бо дигар миллатҳо бо ифтихор парафшон мешавад.
Ифтихори мо на танҳо бо ҳузури Парчам дар созмонҳои байналмилалист, балки он лаҳзаҳое аст, ки дар мусобиқаҳои варзишии ҷаҳонӣ, варзишгарони тоҷик бо талошҳои худ бо ифтихор парчами Тоҷикистонро дар қуллаҳои баландтарин мебардоранд. Он лаҳзаҳои пуршараф, ки парчами мо дар маросими ҷоизасупорӣ бо садои суруди миллиамон баланд мешавад, ифодагари садоқати фарзандони вафодори миллат ва нерӯи бузурги миллии мост.
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун як маркази илму дониш, масъулияти бузург дорад, ки шогирдонашро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихии худ тарбия намояд. Омӯзгорон ва донишҷӯёни мо бояд ҳамчун парчамбардорони ҳақиқӣ на танҳо дар дохили кишвар, балки дар арсаи ҷаҳонӣ ватани азизамонро бо донишу малака ва фарҳангу эътибор муаррифӣ намоянд.
Сипас, профессор, шарқшиноси машҳури Олмон Удо Штайнбах, ки бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ҳадафи таҳкиму вусъати ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, баромад намуда таҳким бахшидани ҳамкориҳоро махсусан дар соҳаи илму маориф ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, мавсуф роҷеъ ба саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари ташаббускори масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ изҳори андеша намуд.
Дар интиҳо бахши фарҳанги Донишгоҳ, дар якҷоягӣ бо хонандагони Литсейи назди Донишгоҳ барномаи фарҳангии ҷолибро манзури ҳозирин гардониданд.
ДБССТ, 19.11.2024

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *