ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ЛИТСЕЙИ КАСБИИ ДӮЗАНДАГИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбеи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса Наврӯзи байналмилалӣ ҷашн гирифта шуд. Бояд гуфт, ки ин ҷашн нишонаи фарҳанги пурғановати ниёгон буда, дар тӯли асрҳо ҳамчун рамзи эҳёи зиндагӣ ва офариниш дар қалби ҳар як фарди соҳибтамаддун ҷой гирифтааст.
Директори литсей Асозода Лола Соҳибназар зимни баромади худ иброз дошт, ки Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангии ниёгонамон, на танҳо рамзи эҳёи табиат, балки нишонаи дӯстиву ҳамбастагӣ, сулҳу ваҳдат ва эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки ҳунаромӯзӣ ва касбомӯзӣ бахши муҳими рушд ва шукуфоии миллат аст. Аз ин рӯ, Литсейи касбии дӯзандагӣ нақши муҳимро дар тарбияи мутахассисони ҷавон ва ҳифзи анъанаҳои миллии ҳунармандӣ иҷро менамояд. Ҳамзамон, Асозода Лола Соҳибназар зикр намуд, ки Наврӯз моро ба арҷ гузоштан ба анъанаҳои неки гузаштагон, гиромидошти табиат ва ҳифзи муҳити зист водор месозад. Дар хотима, ӯ ба ҳамаи ҳозирин саломативу сарбаландӣ, рӯзгори обод ва муваффақият дар кору таҳсил таманно намуда, ҳамагонро ба ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ даъват кард.
Сипас, муовини ректор оид ба тарбия Қаландарзода Гулрӯ баромад намуда, қайд намуд, ки имрӯз, дар Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе, ки дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият мекунад, таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ далели эҳтироми мо ба суннатҳои миллӣ ва рушди арзишҳои фарҳангӣ мебошад. Наврӯз на танҳо оғози сол ва эҳёи табиат аст, балки як дарси инсондӯстӣ ва худшиносии миллӣ низ ба ҳисоб меравад. Он ба мо ҳусни тафаккури тоза, заҳматписандӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгонро меомӯзад.
Дар охири чорабинӣ муҳассилини литсей дастовардҳои худро пешкаши тамошобинон намуданд.