ТОҶИКИСТОН БОЯД КИШВАРИ ТРАНЗИТӢ БОШАД…

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ)
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб шуда, дастури муайянкунандаи самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат ба шумор меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар оғози ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид бар он доштанд, ки “Дар баробари нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем”.
Вобаста ба ин, аз халқи шарафманди кишвар даъват ба амал оварданд, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллӣ, пеш аз ҳама, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намуда, сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.
Амалӣ гардидани мақсадҳои пешгузошта аз фаъолияти самаранок ва натиҷабахши ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ, алалхусус вусъат бахшидан ба муносибатҳо дар самти коммуникатсия, яъне таъмин намудани рафту омади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар ва хориҷи он вобастагӣ дорад. Дар робита ба ин, таъкид бар он сохтанд, ки “Ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва истифодаи имкониятҳои транзитии он ҳамчун яке аз ҳадафҳои асосии рушди кишвар пазируфта шудааст”.
Ҳукумати малакат баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро дар қатори дигар ҳадафҳои стратегӣ ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар муайян намуда, сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурудгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётиро мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд, ки мамлакатро давра ба давра барои расидан ба ҳадафи гузошташуда, яъне ба минтақаи транзитӣ табдил додан наздиктар менамояд.
Дар шароити ҷойгиршавии ҷуғрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 93% -и масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ба истифода ва рушди нақлиёти автомобилӣ нисбат ба дигар намудҳои нақлиёт афзалият дода шудааст.
Ҳукумати мамлакат дар пайи барпо намудани муносибатҳои ҳасана бо кишварҳои ҳамсарҳад ва шарикони рушд қарор дорад. Барои мисол, бо вуҷуди барои мамлакатҳои дигар кишвари хатарафзо маҳсуб ёфтани Ҷумҳурии исломии Афғонистон, кишвари мо бо ин давлат шаш пул дар дарёи Панҷ сохта ба истифода додааст, ки мақсади онро вусъат додани рафтуомад, тиҷорат ва баромадан ба бандарҳои баҳрӣ ва шоҳроҳҳои транзитии ҷаҳонӣ ташкил медиҳад.
Бунёди нақбҳои автомобилгарди «Шаршар», «Чормағзак», «Шаҳристон» ва «Истиқлол», сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгарди ҷодаи «Душанбе-Бӯстон-Чанак», «Душанбе-Нуробод-Ҷиргатол-Саритош», «Душанбе-Данғара», масирҳои автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Қулма, Қурғонтеппа-Дӯстӣ ва дигар роҳҳои мошингард, ҳамчунин таҷдиди фурудгоҳҳо ва роҳҳои оҳан аз имкониятҳои табдил додани мамлкат ба кишвари транзитӣ маҳсуб меёбанд.
Ногуфта намонад, ки таҷдиду бунёди роҳҳои аҳаммияти ҷумҳуриявидошта низ дар таъмини ҳадафи мазкур нақши ҳалкунанда дошта метавонад. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат қайд намуданд, ки “Соли 2024-ум дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 155 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ, 20 пули бузург ва 3 нақб ба маблағи умумии 4,6 миллиард сомонӣ сохта ба истифода дода шуд”.
Дар баробари ин, ба таҷдиду азнавсозӣ ва бунёди роҳҳои аҳаммияти маҳаллидошта низ таваҷҷуҳ зиёд аст, ки ин нукта низ дар Паёми имсолаи роҳбари давлат дарҷ гардид: “Солҳои охир таъмиру сохтмони роҳҳои маҳаллӣ низ вусъат пайдо карда, танҳо дар соли 2024-ум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва мардуми Тоҷикистон ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ зиёда аз 2 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардида, бунёду азнавсозии 23 пул ба анҷом расидааст”.
Аз суханронии Пешвои миллат бармеояд, ки дар зарфи панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид.
Бо боварии комил метавон иброз намуд, ки таъкидҳо ва вазифагузориҳои Президенти маҳбуби кишвар ба сохторҳои марбути соҳа “Ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ баҳри татбиқи сифатноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ, сари вақт ва бо риояи меъёрҳои муосир амалӣ намудани бунёду азнавсозии роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти роҳҳо, ташаккули долонҳои нақлиётии транзитӣ ва инфрасохтори онҳо” ба мубаддал гардидани ҷумҳурӣ ба кишвари транзитӣ дар минтақа мусоидат намуда, мавқеи Тоҷикистонро дар раддабандии оянда аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳо болотар хоҳад бурд.
САРДОРИ ШУЪБАИ МЕНЕҶМЕНТИ СИФАТИ ДБССТ ГАДОЕВ Ҳ.С.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *