УФУҚҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲСИЛОТ

Табодули академии донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Донишгоҳи шарқии Қазоқистон ба номи Сарсен Аманжолов
Бо мақсади густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими равобити таълимию илмӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар доираи созишномаи ҳамкории байнимуассисавӣ ва барномаи табодули академӣ, донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли таҳсили 2024-2025 ба Донишгоҳи шарқии Қазоқистон ба номи Сарсен Аманжолов сафарбар гардиданд.
Табодули академӣ ҷиҳати рушди малакаҳои касбии донишҷӯён дар заминаи ошноӣ бо таҷрибаи пешрафтаи таълимӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ сурат мегирад. Донишҷӯёни интихобшуда дар барномаҳои академии Донишгоҳи шарқии Қазоқистон ширкат варзида, донишу маҳорати худро такмил медиҳанд.
Раёсати донишгоҳ изҳори боварӣ мекунад, ки табодули академии мазкур ба баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии донишҷӯён дар бозори байналмилалии меҳнат мусоидат намуда, имкониятҳои нави омӯзишӣ ва касбиро барои онҳо фароҳам меорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *