ФАКУЛТЕТИ МУШТАРАКИ САЙЁҲИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ дар асоси мувофиқа ва ризоияти ниҳодҳои давлатӣ аз 11 марти соли 2021 факултети муштараки Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия (ДДСХР) ва Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат (ДССХ) таъсис дода шудааст.

Факултети мазкур фаъолияти худро дар асоси Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи тањсилоти олии касбї ва тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимї», Қонуни Федералии Россия «Дар бораи маориф дар Федератсияи Россия», «Низомномаи намунавї оид ба  муассисаи таълимии тањсилоти олии касбии Љумњурии Тољикистон», Низомномаи факултети муштараки Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва сервиси Федератсияи Россия ва Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии соњаи маориф ба роҳандозӣ менамояд.

Факултети муштараки сайёҳии байналмилалӣ барномаи таҳсилотии зинаи бакалавриатро бо забони русӣ дар асоси нақшаҳои таълимии мувофиқашуда бо Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия аз руйи 5 ихтисос амалӣ менамояд. Аз он ҷумла:

ЗИНАИ БАКАЛАВРИАТ
Рамз Номи ихтисос
43.03.02 -Сайёҳӣ (равия: технология ва ташкили хизматрасонӣ дар корхонаҳои индустрияи сайёҳӣ);
43.03.03 -Фаъолияти меҳмонхонавӣ (равия: бизнеси меҳмонхонавӣ);
43.03.01 – Хизматрасонӣ (равия: хизматрасонии амволи ғайриманқули истиқоматӣ ва тиҷоратӣ)
38.03.01-  – Иқтисодиёт (равия: иқтисодиёти корхона ва ташкилот)
38.03.02-  – Менеҷмент (равия: менеҷменти ташкилот)

Дар факултети муштараки сайёҳии байналмилалӣ шаҳрвандони давлатҳои гунонун, аз он ҷумла Федератсияи Россия ва кишварҳои СНГ метавонанд таҳсил намоянд.

Таълим дар факултети муштарак бо забони русӣ дар ду марҳила амалӣ мегардад:

      1) таҳсили ду соли аввал (курсҳои 1 ва 2) тибқи нақшаҳои таълимии муштарак бевосита дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Борбад,48/5) амалӣ карда мешавад;

         2) ду соли минбаъда (курсҳои 3 ва 4) дар ҳудуди Федератсияи Россия (вилояти Москва, ноҳияи Пушкин, шаҳраки Черкизово, кӯчаи Главная, 99) бо ҳимояи рисолаи хатм ва додани диплом (касби мувофиқ) ба анҷом мерасад.

Интиқоли донишҷӯ аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва сервиси Федератсияи Россия бо тартибу низомномаҳои Федератсияи Россия сурат мегирад.

Агар донишҷӯ имконияти давом додани таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва сервиси Федератсияи Россия надошта бошад, Тибқи шартномаи тарафайн метавонад, таҳсилро дар курсҳои 3 ва 4-уми Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон идома диҳад.

Дар факултет заминаи хуби моддӣ-таълимӣ муҳайё мебошад. Аз ҷумла, факултет дорои устодони дараҷа ва унвонҳои илмӣ, шароити хуби моддӣ-техникии раванди таълим мебошад.

Декани факултет –Адолати Қурбоналӣ – номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Тел: (+992)11 399 80 00;

E-mail: adolat.k@mail.ru