20 октябри соли 2024 дар МД “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи А. Фирдавсӣ” дар доираи баргузории Иди Меҳргон даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии фарҳанги меҳмондорӣ ва дастархонороӣ дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва ибтикори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои давлатӣ доир гардид.
Дар даври ҷумҳуриявии Озмун иштирокчиён аз вилоятҳои Хатлону Суғд, ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе тарзи оростани дастархон ва меҳмоннавозиро пешниҳод намуданд. Ҳар як шаҳру ноҳия бо риояи талаботи озмун навъҳои гуногуни хӯроку хӯриш ва маҳсулоти нонии минтақаҳои гуногуни Тоҷикистонро пешниҳод намуд.
Барои таъмини шаффофияти озмун ва муайян намудани ғолибон, Комиссияи озмунӣ аз ҳисоби роҳбарияти Вазорати кишоварзӣ, Кумитаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оила, рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, бехатарии озуқаворӣ, Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис ёфта буд.
Зимни ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии фарҳанги меҳмондорӣ ва дастархонороӣ ҷойи якум насиби шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон, ки бо Дипломи дараҷаи I ва 10 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм насиби ноҳияи Рашт ва шаҳри Турсунзода, ки бо Дипломи дараҷаи II ва 7500 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм насиби шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Варзоб, ки бо Дипломи дараҷаи III ва 5000 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Мукофоту тӯҳфаҳо ба ғолибони Озмун аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор супорида шуданд.
Қобили қайд аст, ки Озмуни болозикр моҳи сентябри имсол дар ду давр- ноҳиявӣ ва вилоятӣ баргузор шуда буд.
Миллати тамаддунофари тоҷик яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бойи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддӣ мақоми шоиста касб намудааст. Халқи тоҷик на танҳо дар бахши омодасозии анвои таомҳои миллӣ, балки дар дастархонороӣ низ маҳорати баланд дорад. Хони оростаи ҳунармандони тоҷик на фақат чорабиниҳои хонаводагӣ, балки ҷашнҳои пуршукуҳи идонаи миллиро низ зебу зиннати хоса мебахшад.
Озмуни дастархонороӣ ҷузъе аз анъанаи фарҳанги меҳмоннавозии тоҷикон ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки мардуми тоҷик бо сатҳи баланди меҳмондорӣ дар саросари ҷаҳон маъруф гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии фарҳанги меҳмондорӣ ва дастархонороӣ бо мақсади амалисозии банди 20-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Леваканд, Бохтар, Кушониён, Вахш ва Ёвони вилояти Хатлон 14-15 декабри соли 2023 супориш дода буданд, доир ва ҷамъбаст карда шуд.