Ф А Ъ О Л И Я Т И   И Л М ӢТ А Д Қ И Қ О Т Ӣ 

Мавзӯи илмӣ-тадқиқотии кафедраи Фаъолияти бонкӣ дар доираи дурнамои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои солҳои 2021-2025 «Таъминоти ќарзии соњибкории истењсолї њамчун заминаи рушди иќтисодиёти миллии кишвар» ба ҳисоб меравад, ки ҳамаи устодони кафедра дар атрофи ин мавзӯъ корҳои илмӣ–тадқиқотии худро ба роҳ мондаанд.

       Айни замон устодони кафедра доир ба масъалаҳои таҳлили бозори хизматрасониҳои бонкӣ, баланд бардоштани самаранокии сармоягузориҳо, бозоргирии бонкӣ, муаммоҳои устувории низоми бонкӣ, механизмҳои батанзимдарории давлатӣ ва танзиму назорати бонкӣ корҳои илмӣ бурда истодаанд.

Кафедраи Фаъолияти бонкӣ баҳри иҷроиши “Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конфронсҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Донишгоҳи байналмилалии сайёњї ва соҳибкории Тоҷикистон” ҳамасола ҳатман як конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ ва семинару мизҳои мудаввар баргузор намуда, натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии устодонро дар шакли мавод аз чоп мебарорад.

Натиҷаҳои тадқиқоти илмии устодони кафедра дар бисёр конфронсҳои илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуда, дар шакли мақолаҳои илмӣ, илмӣ-оммавӣ ва монографияҳои илмӣ нашр мегарданд. Дар давоми солҳои охир аз тарафи устодони кафедра зиёда аз 2 китоби дарсӣ, 3 васоити таълим, 5 монографияи илмӣ ва даҳҳо мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расонида шудааст. Айни замон иќтидори илмї-педагогии кафедра ба талаботњои мактаби олї пурра љавобгўй буда, имрўзњо дар кафедра 1 нафар доктори илм, профессор, 3 нафар номзади илмњои иќтисодї, дотсент, 2 нафар устодони калон ва 4 нафар ассистентони љавон кору фаъолият доранд. Њар яке аз ин устодон фаъолияти илмї-тадќиќотии худро дар доираи мавзўи илмї-тадќиќотии кафедра ба роњ монда, самтњои гуногуни онро мавриди омўзишу тадќиќот ќарор додаанд. Аз љумла, н.и.и., дотсент Исмоилов А.А. корњои илмї-тадќиќотии худро дар мавзўи «Самтњои стратегии таъмини бехатарии иќтисодии Љумњурии Тољикистон дар замони муосир (назария, методология, амалия)» ба роњ мондааст, ки дар доираи он масъалањои таъмини бехатарии низоми бонкї ва сохтори молиявии мамлакат бевосита баррасї карда мешаванд.

Њамчунин, н.и.и., дотсент Шомаҳмадзода Ф.Ш. дар мавзӯи “Самтҳои баландбардории самаранокии воситаҳои бюджетӣ дар амалигардонии ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди ҶТ”, устоди калон Файзов Н.З. дар мавзўи “Татбиќи инноватсияњо дар рушди фаъолияти соњибкории истењсолї” корњои илмї-тадќиќотї пеш бурда истодааст. Дар ин самт фаъолияти ассистентони љавони кафедра низ назаррас буда, онњо аллакай барои пешбурди корњои илмї-тадќиќотї омода шудаанд. Аз љумла, ассистентон Исупов А. ва Шарипов Б.Р.– унвонљўёни Институти иќтисодиёт ва демографияи АИ ЉТ, ассистентон Нодирова С.А., Маматкулова Ш. ва Юсупова Р.Н. унвонҷӯёни ДБССТ мебошанд.   

 

Хабарҳо
Бештар