Фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва байналмилалӣ

Кафедраи “Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит” бо кафедраҳои тахассусии макотиби олии кишварҳои узви ИДМ (Россия, Белоруссия, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон) ва Ҷопон тавассути раёсати робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ ҳамкории хубро ба роҳ мондааст.

Дар назди кафедра ду синфхонаи компютерии бо воситаҳои техникӣ ва барномавии муосири коркарди ахбори баҳисобгирӣ ҷиҳозонидашуда амал мекунанд. Бо ташаббуси кафедра ва дастгирии бевоситаи  ректори Донишгоҳ, профессор Асрорзода У.С. дар Донишгоҳ синфхонаи компютерии муосир барои омӯзиши барномаи касбии муҳосибии 1С: Бухгалтерия ташкил карда шудааст, ки зиёда аз 400 нафар мутахассисони касбу кори гуногун, донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳ аз курси ройгони омӯзишии 1С: Бухгалтерия гузашта, соҳиби СЕРТИФИКАТ шуданд.

  • Самти таҳқиқоти илмии кафедра (ном ва тавсифи кӯтоҳ)
  • Равияи илмии кафедра: Назария ва методологияи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дар корхонаҳои саноатию тиҷоратӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Интишорот ва корҳои илмии кормандон
  • Лоиҳа ва грантҳои амалишаванда
  • Рақамикунонии таҳсилот ва татбиқи барномаҳои муосир дар омодасозии кадрҳои соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар шароити таҳвили рақамикунонии иқтисодӣ

Масъалаҳои истифодаи нақшаи  ҳисобҳои баҳисобгирии муҳосибӣ дар корхонаҳои бахши соҳибкорӣ