Муассисаи давлати “Маркази ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №199 дар сохтори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Марказ дорои Шаҳодатнома оиди бақайдгирӣ давлатӣ, ки аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.09.2024, ИА №0309209, рақами мушаххаси андозсупоранда аз санаи 12.09.2024, №030037855 ва Иҷозатномаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.12.2024, Т-ИФ №0005802 оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дода шудааст, фаъолият менамояд.
Ҷиҳати аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани кормандон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олиии касбии соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ аз рӯйи ихтисосҳои роҳбалад, роҳбалад-экскурсавод, турагент, кӯҳнавард, пешхизмат, ходими меҳмонхона, ошпази таомҳои миллӣ, ошпаз-қаннод, нонпаз-қаннод, фурӯшандаи маводи хӯрока, ҳунарҳои миллӣ, дӯзанда, ороишгар (рӯй, мӯй, нохун), хизматрасони нақлиёти мусофирбар ва маҳорати педагогӣ шароити хуби корӣ муҳайё карда шудааст.
Инчунин, дар Марказ курсҳои кӯтоҳмудати касбомӯзии якмоҳа, думоҳа ва семоҳа аз руйи касбҳои роҳбалад, роҳбалад-экскурсавод, турагент, туроператор, кӯҳнавард, пешхизмат, ходими меҳмонхона, ошпази таомҳои миллӣ, ошпаз қаннод, нонпаз-қаннод, ҳунарҳои миллӣ, дӯзанда, сартарош (ороишгари рӯй, мӯй, нохун), фурӯшандаи маводи хӯрока, забони русӣ, забони англисӣ, забони олмонӣ, забони хитоӣ, асосҳои омӯзиши компютерӣ, хазинадор ва барномаи 1С муҳосиб ба роҳ монда шудааст.