Дар доираи созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Линии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар давраи аз 10 то 16 декабри соли 2024 омӯзгорони чинӣ аз рӯйи самтҳои “Иқтисоди фаъолияти гумрукӣ” (Идоракунии муосири логистика “Забони чинӣ + маҳорати касбӣ”) ва “Низоми автоматикунонӣ” (Истеҳсолоти механикӣ ва автоматикунонӣ “Забони чинӣ + маҳорати касбӣ”) ба донишҷӯёни донишгоҳ машғулиятҳо доир намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки созишномаи ҳамкорӣ байни муассисаҳо дар доираи сафари кории ректори донишгоҳ муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор рӯзҳои 20-28 ноябри соли 2024 ба имзо расида буд.
Ҷиҳати татбиқи амалии муқаррароти созишномаи болозикр омӯзгорони дорои дараҷаи баланди касбии Донишгоҳи Линии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Чансуо (王长锁), Чжан Чунтсян (张春强), Ню Сию (牛司余) ва Лю Чанлун (刘长龙) ба донишгоҳ ташриф оварда, аз рӯйи курсҳои болозикр машғулиятҳои худро доир намуданд.
Ректори донишгоҳ муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор дар маросими ифтитоҳи курсҳо ширкат варзида, ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани машғулиятҳои омӯзгорони чинӣ, ҳамзамон фарогирии бештари донишҷӯён ба ин машғулиятҳо роҳнамоӣ намуд.
Омӯзгорони хориҷӣ ба донишҷӯёни ихтисосҳои “”Забони чинӣ”, “Фаъолияти гумрукӣ”, “Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт”, “Бехатарии иттилоотӣ”, “Менеҷмент”, “Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ” ва равияҳои дигар машғулиятҳо доир намуданд.
Дар раванди фаъолият, вохӯрии омӯзгорони хориҷӣ бо мудирони кафедраҳо ва мутахассисони равияҳои болозикр ташкил карда шуда, ҷиҳати таҳияи барномаҳои таҳсилотии муштарак ва табодули таҷриба гуфтушунидҳо сурат гирифтанд.
Дар интиҳои баргузории курсҳо ба омӯзгорони чинӣ барои ҳамкориҳои судманд аз ҷониби ректори донишгоҳ шаҳодатнома оид ба фаъолияти академӣ супорида шуд.
Ҳамин тавр, ҳамкориҳо идома ёфта, дар доираи созишномаи ҳамкорӣ омӯзгорон ба муассисаҳои ҷонибҳо сафарҳои корӣ анҷом дода, аз таҷрибаи ҳамдигар бархӯрдор хоҳанд шуд.