Бо фармоиши раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.12.2024 таҳти № 488/шд дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Шурои диссертатсионӣ ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (РhD))-доктор аз руйи ихтисосҳои 6D050700-Менеҷмент (6D050702-Иқтисодиёти соҳаи сайёҳӣ), 60052000-Бизнес-маъмуриятчигӣ (6D052002-Иқтисодиёти соҳибкорӣ) ва 6D051100-Маркетинг (6D051101-Маркетинг) ҳамчунин, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм ва доктори илм аз руйи ихтисосҳои 08.00.04-Иқтисодиёти соҳавӣ (08.00.04.06-Иқтисодиёти соҳаи сайёҳӣ), 08.00.06- Иқтисодиёт ва идоракунӣ тибқи самтҳои фаъолият (08.00.06.06-Иқтисодиёти соҳибкорӣ) ва 08.00.10-Менеҷмент, маркетинг ва нархгузорӣ (маркетинг) таъсис шуд.
Иқдоми мазкур барои коллективи меҳнатии ДБССТ ва умуман ҷумҳуриамон як дастоварди бузург буда, ба тавсеа ва пешрафти илмҳои иқтисодӣ, рушди тадқиқоти бунёдӣ дар бахши сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва идоракунии иқтисодӣ, инчунин тарбияи кадрҳои баландихтисос мусоидат хоҳад кард.
Таъсиси чунин Шуро на танҳо ба рушди илм ва маориф дар Тоҷикистон, балки ба нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ низ такони ҷиддӣ мебахшад. Мо итминон дорем, ки ин марказ ба макони тарбия ва рушди олимони ҷавон табдил ёфта, барои таҳкими пояҳои илм ва татбиқи амалии он дар иқтисодиёти миллӣ саҳми арзанда мегузорад. Бо эҳтиром, ҳамаи онҳое, ки дар таъсис ва пешбурди ин иқдом саҳм гирифтаанд, табрик намуда, дар кору фаъолияти онҳо комёбиҳои беназирро орзу дорем.