Дар арафаи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи «Суруш»-и шаҳри Душанбе Ҳамоиши ҳизбиёни ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид, ки дар доираи он ҷамъбасти озмуни ноҳиявии “Беҳтарин ташкилоти ҳизбӣ” сурат гирифт.
Боиси ифтихори бузург аст, ки Кумитаи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Соҳибкор”, ки дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият мекунад, дар ин озмун дар номинатсияи “Беҳтарин ташкилоти ҳизбӣ” соҳиби ҷои дуюм гардид.
Барои фаъолияти пурсамар, саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва ташкили чорабиниҳои сиёсиву маърифатӣ ба ректори донишгоҳ, муҳтарам Асрорзода Убайдулло Саттор – роҳбари Кумитаи ибтидоии ҳизбии “Соҳибкор” Дипломи дараҷаи дуюм ва ҷом супорида шуд.
Ин дастоварди назаррас натиҷаи заҳмати коллективи меҳнатии донишгоҳ буда, далели садоқатмандӣ ба арзишҳои миллӣ, сиёсати давлатдорӣ ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ба Ректори муҳтарами донишгоҳ ва кулли коллективи меҳнатӣ ин дастоварди ифтихорофар мубораку фархундабошад. Бигзор ин комёбии навбатӣ оғози дастовардҳои боз ҳам бузургтару шоёни таҳсин дар фаъолияти ҳизбӣ ва таълимии муассиса гардад!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734055, ш. Душанбе, х. Борбад, 48/5
+992(37) 234-88-02; +992(37) 234-88-24
dsx_ips@mail.ru
www.iutet.tj








