10 ноябри соли 2025 дастаи “Сайёҳ”-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Маҳфили зарифон бар дастаи “Наврӯз”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пирӯз гардид.
Чорабинии мазкур дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Вазорати маориф ва илм, муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”, Суруш-медиа ва дигар шарикони лоиҳа бо ҳадафи рушди зеҳнӣ, эҷодӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар баргузор мегардад.
Дар ҷараёни мусобиқа дастаи “Сайёҳ” бо ҳозирҷавобӣ, зиракии фикрӣ ва маҳорати баланди касбии худ аз дастаи “Наврӯз” фарқ намуда, мавқеи пешсафиро соҳиб гардид.
Ҳайати доварон ҳунар, зеҳн, шӯхиву зарофати аъзои дастаи “Сайёҳ”-ро баланд арзёбӣ намуда, арзандаи ҷойи аввал донистанд.
Ғолибияти дастаи “Сайёҳ” шаҳодати он аст, ки донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон на танҳо дар самти таҳсил ва фаъолияти илмӣ, балки дар чорабиниҳои фарҳангиву эҷодӣ низ фаъолона ширкат варзида, шаъну шарафи донишгоҳро дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ шоиста муаррифӣ мекунанд.
Муваффақияти дастаи “Сайёҳ”-и Донишгоҳ дар марҳилаи аввали сабқат, барои ҳайати бисёрнафараи коллективи меҳнатии ин боргоҳи илму маърифат мубораку фархунда бошад. Дар сабқатҳои минбаъда ба донишҷӯёни Донишгоҳ барор хоҳонем.














