ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

   04 сентябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ, ректори донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор, ҳайати профессорону омӯзгорон ва магистрантону донишҷӯён иштирок намуданд.
   Нахуст, ректори донишгоҳ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаро ба донишгоҳ хушомадед намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии пешниҳодоту ибтикороти раёсати донишгоҳ изҳори миннатдории коллективи меҳнатиро баён намуд.
     Муҳтарам Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ зимни баромади хеш коллективи меҳнатии донишгоҳро ба ҷашни фархундаи Истиқлолияти давлатӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, сипас дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии кормандони соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотҳои давлатиро ба кормандони донишгоҳ супорид.
   Дар идома ректори донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор тамоми коллективи меҳнатии Донишгоҳ ва воҳидҳои сохтории он дар вилоятҳои Хатлону Суғдро бо 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд.
    Ректори донишгоҳ иброз намуданд, ки Истиқлол барои мо на танҳо як рӯйдоди таърихӣ, балки падидаи муқаддас аст, ки ба ҳар яки мо озодӣ ва ваҳдати миллӣ ато кард. Дар заминаи Истиқлол, Тоҷикистони азизи мо ҳамчун давлати мустақил бо сарварии роҳбари хирадманд ва дурандеш – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба дастовардҳои назаррас дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ноил гардид. Дар ин давра, мо шоҳиди таҳаввулоти бузурги иқтисодӣ, такмили сохтори давлатдорӣ, болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва тақвияти нақши байналмилалии кишвар гардидем. Ҳамаи ин дастовардҳо аз самараи заҳматҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати оқилонаи Роҳбарияти олии кишвар шаҳодат медиҳанд.
     Сипас, дар фазои тантанавӣ як қатор омӯзгорону кормандон бо ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин, шунавандагони курси “Қаннодӣ”-и назди Донишгоҳ, ки бо муваффақият курси мазкурро ба анҷом расониданд, бо “Сертификат” сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир бахши фарҳанги Донишгоҳ бо пешниҳоди суруду таронаҳои тараннумгари истиқлолу озодӣ аз ҷониби ҷонишҷӯён, табъи ҳозиринро болида гардонид.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *