ШАРИКИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ТАШРИФИ РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲИ ИЛМҲОИ ТАТБИҚИИ АНҲАЛТИ ОЛМОН БА ДОНИШГОҲ

29 октябри соли 2025 роҳбарияти Донишгоҳи илмҳои татбиқи Анҳалти Олмон дар ҳайати профессор Маркус Холтс, муовини президент оид ба илм ва рушди устувори донишгоҳ, профессор Корнелия Скотт, директори барномаи MBA ва Никитина Татьяна, директори Маркази байналмилалии таҳқиқоти бозорҳои молиявӣ, ҳамзамон профессори муассисаи болозикр ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд.
Меҳмононро ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муҳтарам Убайдулло Асрорзода ба ҳузур пазируфта, мулоқоти судманд анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳои стратегӣ, ташкили барномаҳо ва лоиҳаҳои муштарак, роҳандозии табодули академии донишҷӯён, даъвати профессорону омӯзгорони ҷонибҳо, тавсеаи ҳамкориҳо дар самти таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ дар самтҳои сайёҳии устувор, технологияҳои рақамӣ ва сабз, роҳандозии барномаҳои муштарак ва таҳсилоти дудиплома, баргузор намудани конфронсҳои илмии муштараки донишгоҳҳо ва амсоли инҳо мубодилаи афкор намуданд.
Дар доираи вохӯрии мазкур миёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи илмҳои татбиқи Анҳалти Олмон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Comments are closed.
Хабарҳо
Бештар