ШАРТНОМАИ НАВИ ҲАМКОРӢ

Миёни МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” ва МД “Телевизиони сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” шартномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид. 10 декабри соли 2024 дар доираи ташрифи директори МД “Телевизиони сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Амирзода Дилафрӯз ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, шартномаи нави ҳамкорӣ миёни МД “Телевизиони сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” ба имзо расонида шуд.
Аз ин пас, ҷонибҳо метавонанд дар доираи санади ҳамкориҳои баимзорасида баҳри густариши фаъолиятҳои хеш ва муаррифии дастоварду комёбиҳои соҳаҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ корро ҷоннок намоянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *